Categories Ахбори рӯз

Афзалӣ: “муддати бақайдгирии номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллӣ тамдид шавад”

Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши ҲНИТ дар Қурғонтеппа хостори тамдиди муддати бақайдгирии номзадҳоро ба маҷлисҳои маҳаллӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ 111 нафар номзадҳое, ки барои вакилӣ ба маҷлиси ноҳиявӣ пешниҳод шудааст, ягон нафар ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, ӯ аз ситоди ҲНИТ хоҳиш кард, ки то ба КМИРТ дархости расмӣ кунанд ва талаб кунанд, ки бақайдгирии номзадҳои маҳаллӣ тамдид шавад.

Оғои Афзалӣ нигаронӣ аз он мекунад, ки бақайдгирии номзадҳои маҳаллӣ ба охир расида истодааст. “Мо дигар аз фишору таҳдидҳо намегӯем, зеро бисёр гуфтем. Наход аз 111 нафар номзаде, ки барои вакилӣ ба маҷлиси ноҳиявӣ пешниҳод шудааст, ҳуҷҷатҳои ҳамаи инҳо камбудӣ дошта бошад”.

Аз 26 номзад ба вакилии маҷлиси вилоятӣ то имрӯз танҳо 2 ё 3 нафар ба қайд гирифта шудааст. “Санаи 6-уми январи соли ҷорӣ ман бо Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ суҳбат доштам. Додозода гуфт, ҳатман имрӯз номзадҳои шумо ба қайд гирифта мешаванд, аммо то ҳол беҳбудие нест. Аз мо барои маҷлисҳои маҳаллӣ қариб 8-9 ҳуҷҷат дархост мекунанд. Вале дар қонун Дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба маҷлиси маҳаллӣ бошад, танҳо талаби қарори конфронс, нусхаи шиноснома ва аризаи шахсии ҳамон шаҳрванд омадаасту халос. Аммо бо вуҷуди пешниҳод кардани ҳамин 8-9 ҳуҷҷатҳо ягон нафарро аз мо ба қайд гирифта нашудааст”-мегӯяд ӯ.

Афзалӣ афзуд, раисиҷумҳур имсол чанд маротиб дар суҳбатҳои худ, бахусус дар паёми охири худ барои шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихобот таъкидҳо доштанд. Вале чаро мақомотҳо, бахусус ҳавзаҳо, ки бояд мустақил бошанд, аммо участкаҳои интихоботӣ инҳоро нодида меиранд.

More From Author

You May Also Like