Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроилро, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифои Фластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад, қотеъона маҳкум намуда, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон менамояд.
Шӯрои сиёсӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб менамояд, ки ҷиноёти режими таҷовузкори Исроилро маҳкум намуда, ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ, Душанбе, 12.07.2014
Categories
СИЁСАТ