Зоиронии пиёдаи тоҷик, ки пас аз зиёрати хонаи Худо озими ватан шудаанд, дирӯз, 11-уми ноябр вориди шаҳри Машҳади Эрон гардиданд.
Дар ин бора бахши форсии радиои садои Хуросон гузориш дода, меафзояд, ки дар шаҳри Машҳад ҳоҷиёни тоҷикро кормандони бахши Бурунмарзии Садо ва Симои маркази Хуросони Разавӣ истиқбол намудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоҷи Абдулазиз Раҷабов ва ҳоҷи Абдураҳим Ҳабибов зимни дидори худ бо кормандони бахши Бурунмарзии Садо ва Симои маркази Хуросони Разавӣ минтадории худро баҳри радиои Садои Хуросон иброз намуда, бо ишора ба мушкилоте, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба хотири дарёфти визаи Арабистони Саудӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, чунин гуфтаанд: “Аввалин расонае ки ин мавзуъро матраҳ ва назари давлатҳои Тоҷикистону Иморотро ба мушкилоти мо ҷалб кард, радиои Садои Хуросон буд ва мо аз ин бобат аз талошҳои пайгиронаи ин радио бисёр сипосгузрем”.
Маврид ба ёдоварист, ки дар охири моҳи майи соли ҷорӣ 8 тан аз сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба қасди зиёрати Хонаи Худо пиёда озими сафари ҳаҷ шуда буданд. Ду нафари онҳо бинобар беморӣ ва пеш омадани кори муҳим қатъи сафар намуданд ва 4 нафари дигари онҳо аз пиёда рафтан худдорӣ намуда, аз Эрон тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ рафтанд. Танҳо ин ду нафаре, ки ҳоло вориди Машҳад гардидаанд, ба қасди худ содиқ мондаанд.