Худованди субҳон моро аз ғайбат бар ҳазар дошта, амали нафаронеро, ки бародарони худро ғайбат карда, боиси малоли хотири онон мегарданд нописанд шумурда, онҳоро ба касе ташбеҳ кардааст, ки гўшти тани бародари мурдаи худро мехўранд. Худованд дар сураи «Ҳуҷурот» ояти 12 мефармояд: «баъзе аз шумо ғайбати баъзе накунад. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаашро бихўрад. Аз он кароҳат доред, пас аз Худо битарсед, ки Худо тавбапазир ва меҳрубон аст».
Паёмбар(с) асҳобашро аз ғайбат барҳазар дошта, мефармояд: «оё медонед, ки ғайбат чист»? Гуфтанд : «Худо ва расулаш беҳтар медонад». Паёмбар (с) фармуданд: «баёни чизҳое дар мавриди бародарат, ки он гуфторро нописанд мешуморад». Инчунин фармуданд, ки агар ин чизҳои гуфтаи шумо дар вай бошад ғайбаташ кардаї, агар дар он набошад ўро буҳтон кардаӣва ин хеле зулми бузург аст. Ғайбат боиси шикастани робитаи дўстӣва муҳаббат миёни мардум гашта, тухми кина, бадхўӣва нафратро миёни онҳо мекорад ва баёнгари палиду нопок будани гўяндааш ва ҳасуду ситампешагии дарунии соҳибашро ошкор мекунад. Ҳазрати Али (р) аҳли ғайбатро дар бадӣба магасон ташбеҳ мекунад ва мефармояд: «Инсонҳои бадхоҳ ба дунболи бадиҳои мардуманд ва некиҳои онҳоро раҳо менамоянд ҳамонгуна, ки магасҳо ба дунболи маҳалҳои фасод ва гандида мегарданд».Касе ба ғайбати дигарон бипардозад аз ҷониби онон нописанд ва матруд буда, ҳеҷкасе ҳарфҳои ўро тасдиқ намекунад ва дар ҳеҷ коре ўро шарики худ намегардонанд.Ба қавли яке аз ҳакимон: «Вақте касеро дидї, ки ғайбати дигаронро мекунад тамоми кўшишатро бикун, ки на ту ўро бишиносӣва на ў туро».Ғайбат тамоми ибодатҳои инсонро табоҳ ва барбод медиҳад. Масалан, рўзадоре, ки ғайбати дигаронро мекунад подоши рўза ва дигар амалҳояшро аз даст медиҳад. Ривоятест, ки дар замони паёмбар (с) ду зан рўзадор буданд, аммо ғайбат мекарданд. Паёмбар(с) аз ин хабардор шуда, фармуд: «рўза гирифтанд ва парҳез карданд аз ончи ки Худо ҳалол кардааст, дар ҳоле ки ба сўйи ончи ки Худо ҳаром кардааст рафтаанд». Яъне аз таом ва шаробҳои ҳалол рўза гирифтаанду рў ба сўҳбат ва гуфтугў дар мавриди обурўйи мардум овардаанд, аз ин рў Худованд рўзаашонро намепазирад.Ғайбат сабаби азоби шадиде ва муҷозоти дардноке аз ҷониби Худованд аст.Расули Худо (с) фармуданд: «чун ба меъроҷ бурда шудам аз канори гурўҳе гузаштам, ки нохунҳои мисин доштанд, ки бадон рўйҳо ва синаҳояшонро мехарошиданд. Гуфтам: «эй Ҷабраил инҳо кистанд»? Фармуд: «Инҳо касонеанд, ки гўштҳои мардумро дар дунё мехўрданд, обурўйи мардумро мерехтанд ва ба ин корашон лаззат мебурданд. Дар мавридҳои хоссе ба мусулмонон иҷоза дода шудааст, то айбҳои дигаронро баён намоянд ва дар ин мавридҳо ин кор ғайбат маҳсуб нашуда, ин шахс ба хотири ин кораш муҷозот намешавад. Мавридҳои хос ба қарори зер ҳастанд:1-бурдани шикоят ба назди қозӣё ҳоким. Мазлум ҳақ дорад аз касе, ки зулм дидааст пеши қозӣва монанди он шикоят кунад ва ин ғайбат нест.2- Эҷоди тағйирот дар корҳои зишту нописанди касе ва баргардондани фарди гунаҳкор ба сўйи роҳи дуруст. Дар ин ҳолат шахс метавонад бигўяд: «фалон кас чунин ва чунон мекунад, то фарди мазкур сарзаниш шуда, аз коре, ки мекунад даст кашад. Албатта, ин кор дар мавридест, ки ин шахс насиҳату панди касеро гўш накунад ва пардапўшӣбарои вай ҳеҷ фоидаву таъсири мусбате надошта бошад. Шарти гуноҳ набудани ин кор дар он аст, ки он барои тағйир додани корҳои зишти ин нафар бошад, на барои обурўрезонии вай. 3-Шахси мусулмон иҷоза дорад, ки бародари мусулмонашро барои дур кардан аз баъзе шахсиятҳо ба хотири сифот ва ахлоқи нописанде, ки доранд ва боиси осебу зараре мегарданд хабардор карда, панд диҳад. 4-Эълони бебандуборӣва бидъат. Чунон чи касе гуноҳе мекунад, масалан, шароб менўшад, ё ҳаққи дигаронро мехўрад ва ситам мекунад баёни айбҳои ў мушкилие надорад. Шояд, ки баъд аз ин даст аз ин аъмол бардошта, ба сўйи Худо бигардад.5-Агар шахсе дорои лақаби хоссе бошад, ки мардум ўро ба ҷуз он ном намешиносанд, монанди он ки бигўянд: «алъон, каси нобино ,ё кўтоҳ….». Дар ин ҳолат ғараз фақат шинохтани шахс буда, баёни он мушкилие надорад. Вале дар сурате ки ғараз носазогўйӣва таҳқири ў бошад ҷоиз намебошад. Пас ҳаряки мо бояд кўшиш кунад, то дар ин замоне, ки аксарияти мардуми мо бар ин касалии музир(р) ва ҳалоккунанда мубтало ҳастанд бипарҳезад. Зеро агар худамон аз ин беморӣпок бошем, метавонем дигаронро низ ба ҳамин кор васият кунем. Фирдавси РАҶАБАЛӢ “Рисолат”