Телевизиони “Баҳористон” мантиқан ҳамчун телевизиони ахлоқие барои бачагон таъсис созмон ёфта, вале тавре ҳамарӯза ба назар мерасад, аз тариқи ин телевизион филму барномаҳое пахш мегарданд, ки хилофи ахлоқанд.
Тавре қаблан гуфта будем, рӯзи 5 – уми июн бо ширкати Раҳимзода Рамазон, вазири умури дохилаи кишвар ҷаласаи фаврӣ баргузор гардида, дар ин ҷаласа вазир аз зиёд шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дар ҷомеа изҳори нигаронӣ намуда буд. Ҳамзамон ӯ аз сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдор қатъиян талаб карда буд, ки мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқиро пурзӯр намоянд.
Ғайр аз ин вазири корҳои дохилӣ супориш дода, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани афроде, ки ба фоҳишагӣ, даллагӣ, бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо даст мезананд, рейдҳои махсус гузаронида шавад.
Чаро? Зеро замона дигар гаштаву ахлоқи кӯдакону наврасон ҳам дигар. Пас, телевизиони “Баҳористон”, ки барои ба ислоҳ даровардани ахлоқи атфоли тоҷик таъсис шудааст, бо филмҳои шаҳватбарангези худ чӣ гуна ахлоқи кӯдаконро ба ислоҳ медарорад?
Ҳамчунин торнамои ВУД иттилоъ медиҳад, ки санаи 6 июни ҳамин сол ҷавоне бо номи Ҳабибуллоев П., сокини ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар ба амали алоқаи ҷинсӣ дар дохили боғи фарҳангии ба номи М. Турсунзода бо ноболиғе, ки ҳанӯз ба синни 16 -солагӣ нарасидааст, дастгир карда шудааст. Ва чунин амалҳо на як бору дубор балки чандин маротиба ба назар расидааст, пас ҷомеаи тоҷикро кӣ бояд идора кунад?
Ё чанд рӯз пештар як воқеаи ҷиддие дар пойтахти кишвар масъулинро нигарон сохт, ки он ҳам задухӯрди талабагони мактабӣ байни ҳам аст, ки дар натиҷа як нафари онҳо аз зарбаи корд ба ҳалокат расид.
Телевизион, ки худ як воситаи расонидани хабару маълумот дар радифи китоб, рӯзнома, родио ва интернет аст, бо пешкаш намудани филмҳои дорои моҳияти бегона барои миллати мо имкон дорад, ки барои ислоҳи ахлоқи ноболиғон мусоидат кунад?
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза аз даст задани кӯдакон ба ҷиноёт масъулини изҳори нигаронӣ мекунад. Ва боз ноболиғони тоҷик дар ҷомеае ба сар мебаранд, ки даромадани онҳо ба масҷид манъ аст.
Дар робита ба ин мушкили ҷомеа Саид Акбарзод, як равшанфикри тоҷик мегӯяд, шакке нест, ки шабакаҳои телевезионию радиоӣ ҳадафҳоеро дунбол мекунанд. “Ҳарҷҳои бузурге, ки ин гуна шабакаҳо доранд, бе ҳадаф набуда, дар худ фаъолияти тиҷориро доранд. Дар кишвари хориҷ шабакаҳо, агар филмҳои хусусияти шаҳвонидоштаро пахш намоянд, бо аломатгузорӣ ва ё дар соатҳои хос пахш мекунанд, то кӯлакон ин гуна филмҳоро тамошо карда натавонанд. Ба ҳар ҳол, дар кишвари мо намоишҳои шаҳвонӣ дида намешаванд, вале сериалҳои хусусияти шаҳвонидошта худ таъсиргузор ба ахлоқи кӯдакон мегардад”, меафзояд ӯ.
Ба андешаи Шавкати Муҳаммадӣ, масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт, асосан телевизионҳои кишвар, чи телевезиони “Баҳористон” бошад, чи дигар телевизион тамоман барномаи қобили қабули ҷомеаи Тоҷикистон надоранд. “Имрӯзҳо телевизионҳои кишвар асосан барномаҳои худро на ба талаботи ҷомеа, балки бештар ба сиёсати мақомот мувофиқ мекунанд. Маълум аст, ки макомоти имрӯзаи кишвар бо тамоми ҳастияш талош дорад, то дар ҷомеаи кишвар фазои мазҳабӣ тира шавад, мисли ба пешвоёни мазҳабӣ туҳмат задану обрӯи онҳоро резонидан, таҳқири диндоронро иҷоза додан ва ғайра. Ва дар телевезионҳо ҳам пахши наворҳои фаҳш яке аз шохаҳои ҳамин сиёсати “хирадмандона” аст”, мегӯяд ӯ.
Шаҳрванди дигар, бо номи Шарофиддини Наврӯз мегӯяд, барои ҳар шахс худдорӣ кардан аз тамошои барномаҳое, ки ба таълимоти шариати Ислом мувофиқ нестанд, воҷиб аст. Ба қавли ӯ, “агар тамошобин барномаҳои дорои мазмуни шаҳвонӣ, таблиғоти зиддидинӣ ва бадахлоқиро тамошо кунад, гунаҳгор мешавад, ғайр аз ин ҳамаи гуноҳони тамошобинони чунин барномаҳо ба кормандони ТВ ҳам навишта мешавад, дар ҳоле ки аз гуноҳони тамошобинон кам намегардад”.
Ба гуфтаи Шарофиддини Наврӯз, агар назорати қатъии роҳбарияти шабакаҳои ТВ аз нигоҳи ахлоқӣ набошад, бо воситаи ТВ бинандагон бо тамошои сурудҳои шаҳвонӣ, нимурён будани аврат ва тақлид ба фосиқон тарғиб карда шаванд ва инчунин филмҳое ба намоиш гузошта шаванд, ки пешвоёни динро дар онҳо ҳамчун таҷовузгар, золим, бадкина ва дорои дигар хислатҳои ғайриахлоқӣ тасвир намоянд, рӯҳияи бинандаро тағйир медиҳанд ва дар онҳо ҳисси бадбиниро нисбат ба «қаҳрамонони манфӣ»-и филм бедор мекунанд.
Аз ин хотир номбурда маслиҳат медиҳад, ки кӯдакони худро дар тамошои барномаҳои телевезионӣ, бахусус телевезиони “Баҳористон”, ки барои кӯдакон роҳандозӣ шуда буд, назора намуда, дунболи аз роҳҳои бад гардонидани кӯдакони худ бошанд.
Categories
ТАҲЛИЛ