Парвина Иброҳимӣ, масъули бонувони ҲНИТ дар ҷашни 40-солагии ин ҳизб, шеъре бо номи “Баҳори Наҳзат” қироъат намуд, ки пешкаши Шумо менамоем.
Ин баҳор, эй дустон, чиллум баҳори Наҳзат аст,
Имтиҳону санҷиши ҳар дӯстдори Наҳзат аст.
Рост гуфт аъзои ҳизб дар маҳфили озодагон,
Ин баҳори чил камолоту барори Наҳзат аст.
****
Дӯст медорад, диёр ҳар мухлису аъзои ҳизб,
Тоҷикистони азиз, зебодиёри Наҳзат аст.
Мо дуои хайр дорем руҳи устод Нуриро,
Чун ки он марди Худо бунёдгузори Наҳзат аст.
****
Дар раҳи даъват шуд Қорӣ Муҳаммадҷон шаҳид,
Номи неке зон муҷоҳид, ёдгори Наҳзат аст.
Неъматулло неъмате дар даъвати дини мубин,
Аз сиёсат бохабар, ҳам роздори Наҳзат аст.
****
Дар шуҷоат беназир буд, Холиди Абдусалом,
Саҳми худ бигзошту собиқадори Наҳзат аст.
Ҳаст Қаландар чун бародар баҳри ҳар як наҳзатӣ,
Монд ҷавонмард, то кунун хидматгузори Наҳзат аст.
****
Ҳақпарастон таъсиси ҳизби илоҳӣ кардаанд,
Баъди чил сол номи некшон ифтихори Наҳзат аст.
Ҳар киро дар зиндагӣ тарси Худо бошад шиор,
Мешавад аъзои ҳизбу ҷонибдори Наҳзат аст.
****
Кишвар обод кардану хидмат ба миллат воҷиб аст,
Ин ҳадафҳои накӯ ҳам аз шиори Наҳзат аст.
Чун чароғи маърифат хомӯш нахоҳад гашт ҳизб,
Гар чи ҳоким рӯз ба рӯз андар фишори Наҳзат аст.
****
Курдиле гар санг зад бар ҳизби мо айбаш нагир,
Мерасад рӯзе, ки ӯ худ шармсори Наҳзат аст.
Бок нест гар шоире ё ғозие рафтанд канор,
Олиме чун Ҳоҷӣ Акбар дар канори Наҳзат аст.
****
Менамояд ҳизбро устод Кабирӣ сарварӣ,
Хайрхоҳи дину миллат, ҷоннисори Наҳзат аст.
Даъват андар даъват аст, ин ҳизби Наҳзат то ки ҳаст,
Даъвати миллат шиори ошкори Наҳзат аст.
****
Бар суфуфи мо бипайванд беғараз эй ҳамватан,
Ҷамъи мову ваҳдати мо иқтидори Наҳзат аст.
Офтоб аст ҳизби Наҳзат медурахшад ҳар замон,
Ҳизбиёнро гармии дил аз шарори Наҳзат аст.
****
Эй Худо нусрат бидеҳ бар фард – фарди наҳзатӣ,
Ин дуъои бешумори мухлисони Наҳзат аст.