Categories Uncategorized

Фармондеҳи пешини артиши Туркия ба ҳабси абад маҳкум шуд

06-08-2013, 13:38

Дирӯз, 5-уми 2013, дастгоҳи додгоҳи Туркия аҳкоми 275 нафар аз муттаҳамон “шабакаи барканории ҳукумат”- ро содир кард. Муҳимтарин муттаҳами ин парванда, генерал Илкар Бошбу, фармондеҳи собиқи артиш аст, ки ба иттиҳоми барномарезии кудато дар Туркия ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Додгоҳе дар ғарби Истанбул аз субҳи рӯзи душанбе (5-уми августи 2013) оғоз ба кор карда ва ба навбат аҳкоми 275 муттаҳами парвандаи қавмгароҳои ифротии Туркияро содир кард.

Расонаҳои Туркия эълон карданд, ки дар атрофи додгоҳ тадбирҳои шадиди амниятӣ барқарор буд ва милисаи Туркия бо шилики гази ашковар саъй мекарданд, ки тазоҳургаронро пароканда кунанд. Тазоҳуркунандагон бо вуҷуди мамнуъияти таҷаммуъ дар наздикии додгоҳ дар ин макон ҳузур доштанд.

Роҳҳои расидан ба зиндони Селеврӣ низ аз тарафи милисаи Туркия масдуд шуда буд. Қарор аст, манъи тараддуд то асри рӯзи шанбе идома ёбад. Як чархболи низомӣ низ бар фарози зиндон дар ҳаракат буд ва ҳаракатҳои эътирозиро зери назорат дошт.

Ҳабси абад барои генерал Элкер Бошбу, фармондеҳи собиқи артиш

Фармондеҳони олирутбаи артиши Туркия низ дар байни муттаҳамон дида мешаванд. Иттиҳоми онҳо тарроҳии кудатое алайҳи давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон , нахуствазири Туркия аст.

Бо тақозои додситон, хатари судури ҳабси абад барои 96 нафар аз муттаҳамон, аз ҷумла генерал Бошбу ва 9 генерали дигари артиши Туркия ба хотири омодасозии кудатои низомӣ дар Туркия вуҷуд дошт.

Аз соли 2007 то кунун, ки додгоҳ гуруҳи “Арғанкун” дар ҷараён аст, 400 нафар дастгир шуданд ва кайфар хост алайҳи 275 нафари онҳо таҳия шуд.

Иттиҳоми узвият дар гуруҳи ростгарои ифротии “Арганкун”

Додгоҳ муттаҳамон ба кудато ва барандозии давлати Туркия 5 сол пеш бо кашфи силоҳҳое дар Туркия оғоз ба кор кард. Гуфта мешавад, ки муттаҳамон як гуруҳи қавмгарои ифротӣ бо номи “Арганкун” таъсис кард ва барномарезӣ барои ҳамалоти террористӣ, бомбгузорӣ ва сипас кудато алайҳи давлати Туркияро дар барномаи кори худ доштаанд.

Бар мабнои назари додситони умумии Туркия, аъзои гуруҳи “Арганкун” дар садади эҷоди импротурии Туркияи бузург буданд. Аъзои он гуруҳ ҳамчунин муттаҳаманд, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз шеваҳои мофиёӣ ва қочоқи маводди мухаддир низ истифода кардаанд.

Номи “Арганкун” аз афсонае дар иртибот бо қавмияти турк баргирифта шудааст. Дар ин афсона омадааст, ки туркҳои “гок” пас аз он ки сарзаминашонро дар маърака бо Хитой аз даст доданд, дар ҷустуҷӯи иқоматгоҳи дигаре баромаданд. Онон б-арои бақо ва ташкили давлати тозае бо кумаки гурги хокистарӣ ба дарраи ба номи “Арганкун” роҳнамоӣ мешаванд ва давраи ҷадидро барои Туркия оғоз мекунанд, ки то имрӯз идома ёфтааст.

Муттаҳамон ҳамвора узвият дар гуруҳи махфии “Арганкун” ва иқдом барои барканории ҳукуматро рад кардаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат барои тасвияи ҳисоб бо мухолифин, чунин иттиҳомоте ба онҳо зада ва ҳизби исломгарои “Адолат ва тавсеа”-и Раҷаб Тайиб Ардуғон, нахуствазири Туркия ба ин васила мухолифини худ дар миёни секуларҳо ва артишро ҳазф мекунад.

Артиши Туркия ҳамвора бузургтарин ҳомии Қонуни асосии секулари Туркия будааст.

Дар гузашта, артиши Туркия, ки дар тули 50 соли ахир 4 ҳукуматро барканор кардааст, бозҷуии давомдор аз соли 2008 саршударо мавриди интиқод гирифт ва дар ҳеч тавтеае даст надорад.

Манбаъ: Хабаргузории Олмон + “Алҷазира”

More From Author

You May Also Like