Categories Uncategorized

ҲНИТ чилсола шуд ё на? Вижа

Муҳибуллоҳи Қурбон, рӯзноманигор


Бале, барои зиёда аз чил ҳазор аъзо, пайравонаш ва бисёри дигар чилсола шуд. Зеро аз панҷ нафаре, ки маҳфили нахустини гурӯҳи сиёсиро апрлеи 1973 гузаронида буданд, се нафар иштирокчиёни он ҷаласаи аввал, ки дар шаҳри Қурғонтеппа гузашта буд, метавонанд, гузаронидани он ҷаласаро тасдиқ кунанд.

Аммо доираҳои муайян ин ҷашнро қабул надоранд ва барои рад кардани дархости ҳизб ба толорҳои муносиб ва бузургтар барои гузаронидани ҷашн ҳамин баҳонаро пеш меоварданд, ки ҳизб чилсола нашудааст ва шумо бисту чандсолагиатонро ҷашн гиред, он гоҳ имкон дорад, муносибат дигар шавад.

Намояндаҳои Ҳукумат дар ҷашнҳои 30 ва 38- солагии ҲНИТ иштирок доштанд ва умед дорем, дар ин ҷашн ҳам барои табрик ва иштирок меоянд.

Лекин чӣ сабаб шуда, ки онҳо имрӯз ин солгардро қабул надоранд? Шояд вазъият дигар шудааст, рушантараш, ҲНИТ нерӯмандтар, маъруфтар ва ботаҳаммултар гардидааст, ки ин ба баъзеҳо намефорад.

Дар ҳақиқат, Ҳизби наҳзат чилсола шудааст?

Агар ин суолро ба Вазорати адлия диҳед, мегӯянд, ки  на, шояд нав бисту дусола шуда бошад, чунки онҳо танҳо он санадро меоранд, ки ҲНИТ расман сабти ном шудааст.

Суоле пайдо мешавад, ки оё дар фазои яккаҳизбии Шӯравии солҳои ҳафтодум, айни замони тантанаи ғояҳои сохти сотсиалистӣ, айни дағдағаи “ҳизби абад-ул-абад” имконияти дошт, ки гурӯҳи панҷнафара барои номнавис кардан ҳамчун гурӯҳи ҷавонони наҳзат ба Вазорати адлия раванд?

Албатта, на ва боз на! На танҳо номнавис, балки фаъолияти он ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ ба ғайр аз коммунистҳо қатъиян манъ буд.

Як ҳизб буд бо доҳии “аз зиндаҳо ҳам зиндатар” Владимир Ленин ва дар бораи дигар гурӯҳ шунидан ҳам намехостанд ва аксар тасаввур ҳам карда наметавонистанд, ки гурӯҳи дигарандеш вуҷуд дорад!

Аксар медонанд, ки Сайид Абдуллоҳи Нуриро на барои қироати Қуръон (ҳарчанд ин кор ҳам он замон ҷурм буду метарсам, ки имрӯз ҳам мавриди фишор қарор гирифта), балки барои таҳдид ба сохти Шӯравӣ ҳабс карда буданд, яъне, эътироф карда буданд, ки ин гурӯҳ гурӯҳи сиёсист.

Хуб, дар торих анъанаи ҷашнгирии солгарди ҳизб чӣ гуна аст? Оё торихи ҳизб аз сабти ном сар мешавад ва ё аз фаъолити воқеии он?

Рӯ меорем ба торихи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки оё солгарди худро аз қайди расмӣ дар Вазорати адлияи Русияи подшоҳӣ сар карда буд?

Анҷумани аввали Ҳизби коммунист на бо номи коммунист, балки бо унвони РСДРП, яъне, Ҳизби сотсиал ва демократи коргарии Русия рӯзҳои якум то савуми марти соли 1898 дар Минск (на дар Санкт Петербург) бо иштироки 9 вакил ҳамчун маҳфили зодрӯзи ҳамсари Пётр Петрович Румянтсев, яке аз фаъолони Ҳизби сотсиал ва демократи он замон,  гузаронида шуда буд.

Такрор мекунам, ҳамчун мафҳили мавлуди як зан!!!

Табиист, ки он ҷашни рӯзи таваллуд набуд, балки маҳфили ғайрирасмии гуруҳи ҷавонон буд (масалан, Румянтсев ҳамон рӯзҳо 28 – сола будааст).  Ин ҳизбро на танҳо сабтином накарданд, балки аз 9 нафар вакил 5 нафарашонро ба ҳабс гирифта буданд.

Анҷуманҳои навбатии Ҳизби коммунист бо номҳои РСДРП, РКП ва ВКП (б) дар Брюсел, Лондон, Стоголм ва Прага дар муҳоҷират гузаштаанд.

Бинобарин, пеш аз он ки солгарди як ҳизбро барои номнавис нашуда буд гуфта рад кардан, аввал таърихи собиқ Ҳизби худашонро варақ мезаданд, беҳтар буд, зеро имрӯз дар долонҳои ҳукумат бисёр собиқ аъзои ин ҳизб ва ҳатто хатмкунандагони Мактабҳои олии партиявии Шӯравӣ ҳизбияти худро иваз карда, халқиву демократӣ шудаанду дар мансабҳои баланд фаъолият доранд.

More From Author

You May Also Like