Ахиран, дар назди масҷиди Оши Қиғизистон Маркази маълумоти динӣ кушода шудааст, ки гуфта мешавад, сар аз 1 апрели соли равон дарс дар ин марказ шуруъ мегардад. Дар ин марказ толибаҳои макотиби миёна ва инчунин занҳое, ки хоҳиши омӯзиши Исломро доранд, метавонанд Ислом омӯзанд.
Дар ин марказ асосҳои шариат, тарзи хондани намоз, ҳуқуқи зан дар Ислом ва ғайра омӯзонида мешаванд. Ҳадаф аз ташкили чунин як марказ пешгирии гароиши занон ба ҷараёнҳои тундгаро гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, масъалаи тундгароӣ дар чанд соли ахир дар Осиёи Марказӣ ва бахсус дар Тоҷикистон ҳам яке аз масоили ташвишовар унвон мешавад, вале дар Тоҷикистон барои пешгирии ҳаракат иқдомҳои чун ташкил кардани марокизи омӯзиши ташкил нагаштанд, балки маҳдудият дар самти омӯзишу таълим ва риояи аҳкоми динӣ пиёда шуданд.
Масалан, шуруъ аз солҳои 2000 – ум Ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба дин чанд маротиба тағйир дод ва он ба ҳар тарзе сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ, шуруъ аз солҳои 2007 нисбат ба дин маҳдудиятҳое роҳандозӣ гаштанд, ки маҳз тавассути қонун ҷараён мегирифтанд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2007, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар соли 2009 ва ахиран, «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» аз зумраи қавонине ҳастанд, ки таълимот, фаъолияти муассисаҳо ва дигар маросими динию мардумиро ба танзим медароранд.
Гузашта аз ин соли 2010 бинобар як амри раисҷумҳур ба кишвар баргардонидани толибилмоне, ки дар мадориси исломии кишвар таҳсил мегирифтанд, оғоз ёфт. Дар аввал гуфта мешуд, толибилмоне, ки баргардонида мешаванд, дар кишвар шароит таълим барои эшон муҳайё мегардад, ҳол он Тоҷикистон танҳо як Донишкадаи исломӣ дорад ва низ як гимназия дар тобеяти он.
Қонунҳои фавқ-уз-зикр таълими домулло ва занҳое донандаи Исломро дар манозилашон мамнуъ намуданд, дар ҳоле ки аз ин шеваи таълим бештари ҷавонписарону ҷавон духтарон истифода намуда, таълимоти ибтидоии исломи назди чунин мутахассисон мегирифтанд.
Аслан, дар макотиби расмии Тоҷикистон духтару писар ҳама як ҷо таҳсил мекунанд ва тибқи моддаи 17-и Сарқонуни кишвар, зану мард баробар ҳуқуқ ҳастанд. Вале дар роҳи ибодоти исломӣ ва риояи сатр аз ҷониби духтарон иқдомоте пиёда гаштанд, ки нисбат ба писарон халал ёфтани озодию ҳуқуқҳои фитрии духтарон бештар ба назар мерасад. Дар ҳамин айём, яъне ҳанӯз солҳои 2009 – 2010 амалиёти шадиде дар роҳи мамнӯъияти ҳиҷоб роҳандозӣ гашта, бо ҳиҷоб ба донишгоҳу донишкада ва соири муассисаҳои таълимӣ рафтан манъ шуд.
Ҳарчанд дар моддаи 5 –и Сарқонун гуфта мешавад, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» ва инчунин моддаи 17 ин қонунии олии кишвар муайян кардааст, ки «давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад», вале аввал рафтани занону духтарон бо риояи сатр ба идораҳои давлатӣ ва донишгоҳу макотиб мамнӯъ дониста шуда, ба масҷид рафтани эшон низ куллан манъ шуд. Дар ҳамин ҳол, Фирдавси Нуралиён, яке донишманди исломии тоҷик мегӯяд, барои зан беҳтар он аст, ки намозҳояшро дар хонааш бигзорад, аммо агар зан майл дошта бошад, ки дар масҷид намоз бигзорад ё аз дарсу суханрониҳои масҷид суд барад, нашояд ӯро аз рафтан ба хонаи Худо боздошт, чун Паёмбари Худо (с) гуфтааст, ки «канизони Худоро аз масҷидҳои Худо бозмадоред, бо ин ки хонаҳояшон барои онон беҳтар аст».
Дар баробари таъкиди Паёмбар (с) зимнан бояд гуфт, дар ҳоли адами макотиби ибтидоии динӣ масоҷид ягона ҷое дар Тоҷикистон буданд, ки ба воситаи он занон метавонистанд чизеро аз Ислом фаҳмида бошанд. Тазоди дигар ин аст, ки барои таҳсили илми дунявии духтарон бурсия ҷудо менамоянд, аммо онро аз масҷид дур кардаанд, дар ҳоле ки макотиби динӣ ба ҳадди макотиби дунявӣ дар кишвар доман нагустардаанд, ки исломомӯзии занонро ба кулли таъмин карда тавонанд. Чунин вазъ суолеро ба вуҷуд меорад, ки дар ҳоли 98 фисад мусалмон будани ҷомеаи Тоҷикистон ва нақши муҳим доштани Ислом дар оилаи мо зани тоҷик ба омӯзиши Ислом ниёз надорад?
Дар ҷавоб ба суоли боло «зани имрӯзаи тоҷик ҳам ба таълими динию ҳам ба илми дунявӣ ниёзманд аст», мегӯяд Майрамбонуи Фарғонӣ, рӯзноманигор ва адиби тоҷик. Ба қавли ӯ, «инсоният ҳамеша ба тарбияти рӯҳ ниёз дорад. Солҳои ҳокимияти шӯравӣ низ бобову бибиҳоямон дар сари дастархон таълимамон медоданд. Ҳама сухани эшон реша аз таълимоти динӣ мегирифт. Мо маҳз бо ҳамин роҳ бадро аз нек, сиёҳро аз сафед, ҳаромро аз ҳалол фарқ кардаем».
Дар мавриди омӯзиши фарзанд, ба андешаи Майрамбонуи Фарғонӣ, «ҳеҷ падару модар ҳақ надорад, ки фарзанд, хусусан духтаронро аз таҳсил дар мактаби таҳсилоти умумӣ боздорад. Бонуи хонадон, модари кӯдакон аз ҳар ҷиҳат бояд таълимдидаву худшинос бошад. Модари Худошиносу худшиносу илмдӯст дар ҳама маврид имкон меёбад, ки фарзандонро дар рӯҳияи озодандешию илмдӯстӣ тарбият намояд».
Ҳазамон дар тақвияти гуфтаҳои Марямбонуи Фарғонӣ Фирдавси Нуралиён мегӯяд, «дар тӯли таърих то кунун бузургмардонро занон ба воя расонидаанд ва мерасонанд, зеро тарбияи динии занон шолудаи кохи динӣ ва фарҳангию ахлоқии ҳар миллат асту бунёдгузори он. Зане, ки худ тарбияи динӣ нагирифта бошад ва бо зевари ахлоқӣ, ки сарчашмаи он дин аст, худро наороста бошад, ба фарзандаш, яъне ба мустақбали динӣ ва ахлоқии ҷомеъа чизи арзишманде дода наметавонад».
Дар ҳоле ки ҳамсуҳбатонам ба исломомӯзии зан нақши бузургеро қоиланд, наметавонад муруре ба шароити иҷтимоӣ ва анъаноти миллӣ накард. Ин ҳам он будааст, ки камин андар кам аз духтарони тоҷик баъди ихтитоми мактаби таҳсилоти умумӣ Ислом меомӯзанд ва имконе барои омӯхтан меёбанд. Зеро баъди хатми мактаб духтароне, ки имкони зеҳнӣ, фикрӣ ва молӣ доранд, баъди хатми мактаби миёна шомили донишгоҳ мешаванд, вале агар касе ин имконро намеёбад, ду роҳ ӯро интизор аст: ё ба шавҳар мебарояд ё дар интизори хостгор мешинад, ки ҳарсе ҳолат, албатта, даст намедиҳад, то духтар ба омӯзиши дин пардозад. Агар яке донишҷӯ мешавад, дигаре муваззаф аст, анъаноти миллӣ, хидмати падару модари шавҳар намояд. Ва савумӣ, агарчи дар интизори омадани хостгор аст, аммо шомили нерӯи корист, ки дар ҳоли дар ҳиҷрат будани мардон маҷбур аст, даст ба кор шавад. Қаблан ҳам ин тоифа имкони омӯзиши Исломро надошт, зеро то синни 18 нарасида буд ва ҳамакнун фориғ-ут-таҳсил ҳам шудааст, дари домулло ва зани донандаи исломие, ки ӯро бояд таълим диҳад, бар асоси қонуни ҷадид бастаасту бар минбари масҷидаш муҳри қонун зада. Дар чунин ҳол, таҳкурсии оилае, ки бар асоси меъёрҳои шариат бунёд мешаваду дар чаҳорчӯбӣ исломӣ бояд амал намояд, чӣ гуна гузошта мешавад?
Categories
ТАҲЛИЛ