Categories Uncategorized

Ба зарардидагони сел дар Панҷакент кӯмаке нашудааст

Рӯзи чорум аст, ки мардуми аз сел зарардида дар се рустои ноҳияи Панҷакент интизори раиси шаҳр ва кӯмак ҳастанд.
Ба гузориши «Тоҷнюс», борони сел, ки 8 – уми май, аз соати 15 то соати 22 борид, дар деҳаҳои Ғӯйтан, Ғазза ва Зимтӯди ҷамоати деҳоти Ворӯи ноҳияи Панҷакент якчанд хонаи истиқоматӣ, ҳавлӣ, коҳдону заминҳои кишти обӣ, боғҳои мевадиҳада, кӯчаву паскӯчаҳо ва роҳҳои мошингардро хароб карда, чорвои зиёди хурду калони мардумро бо худ бурд.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар яке аз деҳаҳои номбурда 10 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 4 хонаро тамоман шуста бурдааст.
60 сар моли майда, 3 гов, 1 асп, 1 хар, пули одамгузару мошингузарро сел вайрон кардааст. Мардум дигар дар ҷойи селборон зиндагӣ карда наметавонанд. Сел 6 хонаи дигарро аз лойобу қум ва сангу сангпора пур карда, заминҳо нокорам шудаанд, омадааст дар манбаъ.
Сокинони зарардида гуфтаанд, рӯзи чорум аст, на раиси ҷамоат, на раиси ноҳия ва на масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳатто ба хабаргирии онҳо наомадаанд.
Гуфта мешавад, моҳи июни соли 2013 низ борони сахт ба деҳаҳои Ғӯсар, Мазори Шариф, Рукнобод, Тагоби Халқ ва Панҷрӯд, Артуч, Рӯдакию Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакентро қисман хароб карда буд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз раиси ҷамоат Худойберди Аслиддинов ва як чанд коргарони чамоат, Кенҷабой Кенҷаев ва Сайфиддин Зарифов баъди чор рӯзи ҳодиса хабаргирӣ рафтаанду ҳеч чизе нагуфтаанд ва ёрдам ҳам накардаанд.

More From Author

You May Also Like