TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-07/1405762478_1ba3d64fe77dc6cede0ef0d8efaf890e_l.jpg|leftTEndcolorstart:#000000Шарҳу тавзеҳи «Ақоиднома»
Баёни иҷмоли асмо ва сифоти Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Ба сифоти камол мавсуф1 аст,
Ба нуъути2 ҷалол3 маъруф4 аст.
Бошад асмои Ӯ чунон бисёр,
Ки бувад бартар аз қиёсу5 шумор.
Дар хабар6 гарчи ҳаст сад кам як,
Ҳаст нисбат ба Он ҷаноб андак.
В-арчи бошад ҳазору як машҳур,
Нест андар ҳазору як маҳсур7.
Ҳама пок аз шару барӣ аз шайн8,
Ҳама бо зоти Ӯ на ғайру на айн9.
Маънии абёт:
Ӯ таъоло ба сифоте, ки дорои маънии камол аст, сутуда шуда ва ба асмое, ки огаҳӣ аз бузургӣ ва азамати Вай медиҳад, шинохта шудааст. Номҳое, ки бар зоту сифоти Худованд далолат доранд, он қадар зиёданд, ки аз андоза берун ҳастанд. Агарчи дар ҳадиси шариф омадааст, ки барои Худованд наваду нуҳ исм аст, магар ин шумора нисбат ба зоти бузурги Худованд андак аст. Оре, инҳо исмҳое ҳастанд, ки дар Қуръони карим зикр шуда ва Пайғамбари ислом бад-онҳо огоҳӣ додааст. Ҳарчанд дар миёни мардум машҳур аст, ки барои Худованди олам ҳазору як ном аст, магар асмо ва сифоти Худованд ба ҳазору як ҳам маҳсур намешавад. Сифоти Худованд аз маънии шарру айб пок буда ва далолат ба камоли бузургии зоти Борӣ таъоло дорад ва сифоташ на ғайри зот ҳастанд ва на айни зот, зеро агар ғайри зот бошанд, бояд Худованд якто набошад, агар айни зот бошад, барои сифот мафҳуме нахоҳад буд. Ба ин ҳақиқат имон дорем, магар ақли мо тавоноии фаҳмидани онро надорад.
Дар баёни сифати ҳаёти Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Аз сифоташ яке ҳаёт омад,
Ки имоми10 ҳама сифот омад.
На ҳаёташ ба рӯҳу11 нафсу12 тан аст,
Балки Ӯ зинда ҳам ба хештан аст.
Ӯ ба Худ зинда асту поянда,
Зиндагони дигар ба Ӯ зинда.
Баёни сифоти илми Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Ҳаст баъд аз ҳаёт илму шуур13,
Илме аз сабқу14 ҷаҳлу15 фикрат16 дур.
Маънии абёт:
Яке аз сифоти Худованд ҷалла ҷалолуҳу зиндагӣ аст ва ин нахустин сифати зотӣ аз сифатҳои Ӯ таъоло аст. Зиндагии Худованд ба воситаи бадан ва ҷон нест, балки Ӯ таъоло ба зот зиндагонӣ дорад, зеро асмо ва сифоташ ғайри зоти Ӯ гуфта намешавад. Худованд ба зоти Худ ҳаёт дорад ва ҳамаи мавҷудот ҳастии худро аз Ӯ гирифтаанд. Ӯ офаридгори ҳама аст.
Баёни сифати илми Худованд ҷалла ҷалолуҳу
Баъд аз зиндагонӣ сифати илм аст. Худои таъоло дорои илмест, ки дар азал дошта, ҳеҷ гоҳ ба чизе ҷоҳил набудааст ва илму доноияш ба фикрату андеша ба даст наомадааст.
Мутааллиқ17 ба ҷумла куллиёт18,
Мутаҷовиз19 аз он ба ҷузъиёт20.
Заррае нест дар макину21 макон22,
Ки на илмаш бувад муҳити23 он.
Адади рег дар биёбонҳо,
Адади баргҳо ба бӯстонҳо.
Ҳама наздики Ӯ бувад зоҳир,
Ҳама дар илми Ӯ бувад ҳозир.
Маънии абёт:
Илму дониши Худованд ҷалла ҷалолуҳу ба ҳама чизи куллӣ ва ҷузъӣ тааллуқ дорад ва ҳеҷ чиз ҳар қадар бузург ва кӯчак бошад, аз илму Ӯ таъоло пӯшида нест. Ҳар чиз ҳар қадар кӯчак бошад, дар ҳеҷ маконе вуҷуд надорад, магар ки илми Худованд бад-он иҳота дорад. шумораи регҳои биёбонҳо, ки рехтааст ва ё теъдоди баргҳое, ки бар дарахтон рӯида, кайфият ва шумораи ҳамаи онҳо дар назди Худованд(ҷ) зоҳир ва ошкор аст ва ҳеҷ кадоми онҳо аз илму доноии Ӯ таъоло пӯшида нест.
Дар баёни иродат24 ва машийяти25 Ҳақ(ҷ.ҷ.)
Аз паи он бувад иродату хост,
Хости Лоязол26 бекаму кост.
Феълҳое, ки аз ҳама ашё,
Нав ба нав дар ҷаҳон шавад пайдо.
Гар иродӣ27 бувад чу феъли башар,
В-ар табиъӣ28 бувад чу майли ҳаҷар.
Мунбаъис29 ҷумла аз машийяти Ӯст,
Мубтанӣ30 ба камоли ҳикмати Ӯст.
Нахалад бе иродаташ хоре,
Нагсалад31 бе машийяташ торе.
Маънии абёт:
Пас аз сифати илм ирода ва машийят аст. Ирода ва хости Ӯ таъоло азалӣ буда ва аз нуқсону завол пок аст. Тамоми корҳое, ки аз ҳама мавҷудот дар фарохнои ҷаҳон тоза ба тоза падид омада ва пайдо мешавад, чи корҳое, ки ба ирода монанди корҳои инсон ба вуҷуд меояд ва ё падидае, ки бидуни ирода монанди афтидани санг аз бом, ҳамаи онҳо бо ангезаи хост ва машийяти Худованд ба вуҷуд омадааст ва бар камоли ҳикмати Ӯ таъоло далолат дорад. Масалан, бидуни ирода ва хостаи Худованд хоре ба дасти касе намехалад ва тори заъифе аз ҳам гусехта намегардад.
Филмасал32 гар ҷаҳониён хоҳанд,
Ки сари мӯе аз ҷаҳон коҳанд33,
Гар набошад чунон иродати Ӯ,
Натавон костан сари як мӯ.
В-ар ҳама дар мақоми он оянд,
Ки бар он заррае биафзоянд34.
Надиҳад бе иродати Ӯ суд,
Натавонанд заррае афзуд.
Маънии абёт:
Ба таври мисол, агар мардуми ҷаҳон бихоҳанд, ки як сари мӯе аз ҷаҳон кам кунанд, агар иродаи Худованд ҳамон тавр набошад, як сари мӯе аз он кам карда наметавонанд. Ҳамчунон, агар ҳамаи аҳли дунё кӯшиш кунанд, то заррае бар миқдори коинот зиёд кунанд, боз ҳам бидуни хост ва иродаи Худованд бефоида аст ва ба андозаи заррае зиёд кунанд, наметавонанд.
Баёни сифоти қудрати Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Баъд аз он қудрате бувад комил
Мар муродотро35 ҳама шомил36.
Дар ҳама кору дар ҳама ҳолат,
Коргар бе тавассути37 олат38.
Асари он ба ҳар адам, ки расид,
Рахт39 бар хиттаи40 вуҷуд кашид.
Маънии абёт:
Баъд аз сифати ирода Худованди таъолоро қудрати комил аст, то ба ҳар чӣ иродаи Ӯ тааллуқ гирад, аз адам ба вуҷуд меоварад ва ҳар тавре ки хоста бошад, дар ҷаҳон тасарруф мекунад. Худованди тавоно дар ҳамаи шуюни Худ бидуни ин, ки ба олату асбоб ниёз дошта бошад, ҳар кореро ба анҷом мерасонад, балки асари қудраташ ба ҳар чизе ки тааллуқ гирад, ҳамон чиз фавран аз катми адам ба арсаи вуҷуд қадам мегузорад.
Дар баёни самъ40 ва басари41 Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Ҳар як аз васфи самъу васфи басар,
Ҳаст ҷуз илм маънии дигар.
Нест аз гӯши сар шунидани Ӯ,
Нест мавқуфи42 дида дидани Ӯ.
Бишнавад хоҳ дур, ё наздик,
Бинад ар равшан аст, ё торик.
Ҳоли ҳар мумкине ба катми43 адам,
Бинаду донад Ӯ на бешу на кам.
В-аз суолу талаб ҳар он чӣ равад,
Бар забонаш ягон-ягон шунавад.
Маънии абёт:
Дидан ва шунидан барои Худованд ду сифат ҳастанд, ғайр аз сифати илм, ки ҳар кадом барои худ маънии хосе доранд. Шунидани Худованд вобаста ба гӯш нест ва ҳамчунин дидани Худованд ба олати чашм тааллуқ ва ниёз надорад, балки тамоми авсофи Ӯ таъоло бидуни олат ва билокайф аст, яъне мо аз дарёфти ҳақиқати сифоташ нотавон ҳастем. Ҳар овозеро аз дур ё наздик мешунавад ва тамоми чизҳоро дар рушноӣ ва ё торикӣ мебинад. Ҳолати ҳар мумкинро дар нопайдоӣ ва адам бидуни каму зиёд дарк мекунад. Ҳар гоҳ ин мумкин ба арсаи вуҷуд қадам бигузорад, ҳар матлабу савол, ки ба забони гӯянда ҷорӣ гардад, як-якро мешунавад ва аз ҳолаташ огоҳии комил дорад.
Дар баёни сифати каломи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло
Охирин васф, ки он калом бувад,
На ба ҳалқу забону ком бувад.
Бар каломаш сукут собиқ не,
Туҳмати хомӯшиш лоҳиқ44 не.
Ҳақ таъоло чу беиборату45 ҳарф,
Бо адам гуфт нуктаҳои шигарф46.
Адам омад зи завқи он суханон,
Ба фазои вуҷуд рақскунон.
Маънии абёт:
Охирин сифат аз сифоти зотии Худованд сифати калом аст. Сухани Худованд ба воситаи ҳалқ, забон ё ком нест, балки Худои таъоло аз ҳар гуна айб пок аст. Чун Худованд бидуни иборат ва ҳарф адамро ба нуктаҳои хубу зебо хитоб кард, адам аз шавқи он суханҳо ба ҳоли рақс ва хушӣ ба майдони вуҷуд падид омад.
Дар баёни сифати халқ ва таквин47 ва фарқ миёни иродат ва ризои Ӯ таъоло
Ҳодисоти ҷаҳон чи шарру чи хайр,
Ҳама тақдири Ӯ бувад лоғайр.
Фаъли мо хоҳ зишту хоҳ некӯ,
Як ба як ҳаст офаридаи Ӯ.
Неку бад гарчи муқтазои48 қазост,
Ин хилофи ризову он ба ризост.
Ҳарчи хоҳад кунад зи манъу ато,
Нест касро маҷоли чуну чаро.
Адлу фазл аст сӯи Ӯ мансуб49,
Зулм бошад зи феъли Ӯ маслуб50.
Маънии абёт:
Падидаҳои ҷаҳон ҳама аз хайру шар ба ҳукму тақдири Худост ва ғайри Худовандро дар он дахолат нест. Кирдори мо хоҳ зишт бошад, хоҳ зебо тамоми онҳо офаридаи Худои бузург аст. Корҳои неку бади мо, агарчи ба иродаву тақдири Худо ба вуҷуд меоянд, магар корҳои хуб ва муфид мувофиқи тақдиру ризои Худованд ва корҳои баду нописанд ба тақдиру иродаи Худованд бар хилофи ризои Ӯ ба вуҷуд меоянд. Ҳар коре Худованд бихоҳад, анҷом медиҳад ва ба ҳар кас ҳар чӣ бихоҳад, мебахшад ва ба ҳар кас ҳар чӣ нахоҳад, намедиҳад ва ҳеҷ касро салоҳияти бозхости Ӯ таъоло нест. Доду бахшиш аз тарафи Худованд аст. Феълу кирдори Ӯ таъоло аз ситаму бедод пок аст.
(Идома дорад)
Фароҳамсоз С.Шарифов
Шарҳи луғот:
1. Мавсуф – сутудашуда, сифатшуда.
2. Нутуъ – ҷамъи наът, сифатҳо.
3. Ҷалол – бузургӣ ва азамат.
4. Маъруф – шинохташуда.
5. Қиёс – андоза кардани чизеро ба чизи дигар.
6. Хабар – мурод дар ин ҷо ҳадиси Пайғамбар (с).
7. Маҳсур – дар банд шуда, маҳдуд шуда.
8. Шайн – айб.
9. На ғайру на айн – сифоти Худованд не ғайри зоти Ӯ ҳастанд.
10. Имом – пешво, саромад.
11. Рӯҳ – ҷон.
12. Нафс – худи чиз, рӯҳ ва ҷон.
13. Шуур – дарёфт, фаҳм, зиракӣ ва фаросат.
14. Сабқ – пеш, муқаддам.
15. Ҷаҳл – нодонӣ, зидди илм ва доноӣ.
16. Фикрат – андеша, аз маълум ба номаълум раҳ бурдан.
17. Мутааллиқ – тааллуқгиранда, вобаста.
18. Куллиёт – ҷамъи куллӣ, чизҳои умумӣ.
19. Мутаҷовиз – таҷовузкунанда, даргузаранда аз ҳад.
20. Ҷузъиёт – ҷамъи ҷузъӣ, чизҳои вижа ва хос.
21. Макин – ҷойгиранда, чизе, ки дар ҷое буда бошад.
22. Макон – ҷой, маҳалле, ки чизе дар он бошад.
23. Муҳит – дарбар гиранда, шомил шаванда.
24. Иродат – қасд намудан.
25. Машийят – хостан, хоҳиш кардан.
26. Лоязол – ҳамеша ва пойдор
27. Иродӣ – коре, ки ба хоҳиши фоил анҷом шавад.
28. Табиъӣ – коре, ки бидуни хоҳиш карда шавад.
29. Мунбаъис – кори барангехташуда.
30. Мубтанӣ – бино кардашуда, барпошуда.
31. Нагсалад – канда нашавад.
32. Филмасал – дар масал.
33. Коҳанд – кам кунад.
34. Биафзоянд – зиёд кунад.
35. Муродот – ҷамъи мурод, хосташудаҳо.
36. Шомил – фарогирандаи чизе.
37. Тавассут – миёна, ба васила, ба сабаб.
38. Олат – чизе, ки бо он кореро анҷом диҳанд.
39. Рахт – сомон, лавозими зиндагӣ.
40. Самъ – олати шунидан.
41. Басар – олати дидан.
42. Мавқуф – боздошташуда, вобаста ба чизе
43. Катм – пӯшидагӣ.
44. Лоҳиқ – он ки аз пас омада восил шавад.
45. Иборат – баёни мақсуд.
46. Шигарф – некӯ, зебо, хубу камёб.
47. Таквин – ҳаст кардан ва офаридани Худованд мавҷудотро.
48. Муқтазо – тақозо кардашуда.
49. Мансуб – чизе барпокардашуда.
50. Маслуб – гирифташуда, салбшуда./colorend