Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.
Тасаллияти худро аз даргузашти Устод Наҷмиддин Арбакон барои миллат ва кишвари Туркия, ба аҳли хонадон, наздикон, пайравони ин марди Шариф ва фарзанди нотакрори миллати турк изҳор медорем. Реҳлати ӯ талафоти бузурге на танҳо барои наздикон ва миллати турк, балки олами ислом ва озодандешони ҷаҳон мебошад. Устод Арбакон тули умри бобаракати худ намунаи як шахси мубориз, огоҳ ва ҷасур буд, ки ҳаёти хешро вақфи хидмати дини мубини ислом ва миллату кишвари хеш намуда буд. Аз аввал ба андешаҳои ифротии динӣ ва дунявӣ мухолафат намуда, тамоми умр баҳри муаррифии як исломи муътадил ва созгор барои Туркияи муосир талош намуд ва барои ин андешаҳои ғайриқолабии хеш борҳо зиндонӣ ва таҳти фишору мамнуъият қарор гирифт. Вале, бо иродаи росих ва ақидаи устувор муборизаи худро барои дин ва миллаташ идома дод ва насли наверо дар кишвараш тарбият намуд, ки дар партави андешаҳои муътадили ӯ тарбият ёфта буданд. Насли имрӯзаи масъулини туркия тарбиятёфтагони мактаби сиёсӣ ва фикрии ин абармарди андеша ва сиёсат мебошанд, ки дар идораи кишварашон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштаанд. Андешаҳои ноби ӯ дар бисёре аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ҷаҳон таъсири амиқ расонидаанд ва шахсияти ӯ маҳбубу мақбули миллатҳои мусалмон гаштааст. Олами исломӣ фарзанди асилу шахсияти варзидаи худро аз даст дод, вале андешаҳои қуръониву муътадил ва муборизаҳои хастанашавандаи ӯ баҳри сарбаландии ислом ва мусаомонон дар зеҳни оламиён зинда хоҳад монд.
Бори дигар реҳлати ин шахси бузургро тасаллият гуфта, аз Худованд барои ӯ ҷаннати Фирдавс ва барои бозмондагону пайравонаш сабри ҷамилро таманно дорем.
Шӯрои Сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон