Ҷомӣ -донишманди илоҳиёт
Пайғамбарони маънӣ равшангарони фикранд,
Дар ҳар куҷо тапад дил, бошад ҷаҳони Ҷомӣ.
Аброр сабҳа созанд, аҳрор туҳфа оранд,
Хоки мазори Ҷомӣ, нақди равони Ҷомӣ.
Бархост боди шавқе аз ҷониби Самарқанд,
К-аз бӯи мушкбезаш шуд зинда ҷони Ҷомӣ.
Аз Ғазна то Бухоро в-аз Вахш то Ҳирот аст,
Ҳам ҷилвагоҳи Ҷомӣ, ҳам ошёни Ҷомӣ.
Таҷлили ин бузургон таъзими илму фазл аст,
Фархунда бод ин ҷашн бар пайравони Ҷомӣ.
Халилуллоҳ Халилӣ
Ба илмҳои илоҳиёт Абдураҳмони Ҷомӣ аз мавқеи тасаввуф ва ирфон наздик шуда, нуктаҳои онро аз рӯи фаҳмиши сӯфиёна ва ахлоқии худ тавҷеҳ медиҳад.
«Шавоҳид-ан-нубувват»
Номи пурраи ин китоб «Шавоҳид-ан-нубувват ли тақвият-ил-яқини аҳл-ил-футувват» буда, асоси он бар муқаддимаву ҳафт рукн ва хотима ниҳода шуда, дар он роҷеъ ба мафҳуму маънии «набӣ» ва «расул», ҳаёт, тарзи зиндагӣ ва адабу атвори Муҳаммад – пайғамбар ибни Абдуллоҳ, сияру аҳвол ва каромоту фазоили пайравони ӯ – аҳли оилааш, чаҳор халифаи аввал – Абубакру Умар ва Усмону Алӣ, дувоздаҳ имоми гурӯҳи исноашара, саҳобаҳо, тобеъин ва табаъатобеъин то табақаи сӯфия нақлу ривоятҳои зиёд оварда шудааст. Муаллиф мувофиқи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат доир ба маънии набӣ ва расул баҳс карда, нақлу ривоят ва гуфторҳои ин гурӯҳро оид ба зуҳури аломатҳои пайғамбарии Муҳаммад(с), ки гӯё пеш аз таваллуди ӯ, дар замони зиндагиаш ва баъди вафоташ ба вуқуъ пайваста будааст, далелҳо ва шавоҳиди пайғамбарии Муҳаммад ибни Абудллоҳ, уқубати мухолифони дини ислом ва мункирони пайғамбари мусулмононро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Абдураҳмони Ҷомӣ «Шавоҳид-ан-нубувват»-ро соли 1480 бо илтимоси Алишери Навоӣ ва шогирдони дигараш, ки барои онҳо пештар «Нафаҳот-ул-унс»-ро навишта буд, дар заминаи китобҳои дар ин хусус мутолиа кардааш, навиштааст. Дар ин хусус дар оғози он худи муаллиф хабар медиҳад:
Дар он вақт итмоми ин даст дод,
Ки «таммамтуҳу» буд таърихи сол.
Калимаи «таммамтуҳу» моддаи таърих буда, аз он 885 ба даст меояд, ки он санаи ҳиҷрӣ буда, ба соли 1480-1481 мелодӣ баробар аст.
«Шавоҳид-ан-нубувват»-ро Мавлоно ҷузви маънавии аввали «Нафаҳот-ал-унс» дониста, чунин мешуморад, ки ин ду китоб дар якҷоягӣ дар бораи бузургони оини ислом тасаввуроти кофӣ дода метавонанд. Асари мавриди тавсиф ба насри тарғиботии тоҷикӣ навишта шуда, дар он ҳадис ва ашъори арабии зиёд ва дар ду-се маврид ашъори тоҷикӣ ба кор бурда шудааст ва аз ин рӯ омӯхтани он барои муайян кардани сабку услуби насрнависии Ҷомӣ аз аҳамият холӣ нест. Ҳамчунин ин асар барои ба таври илмӣ омӯхтани таърихи ислом, ақоиди динӣ-тасаввуфӣ ва афкори фалсафии он маълумоти фаровон медиҳад. Барои мисол, як порчаи хурдро аз ин асар ба мулоҳизаи хонандагон пешкаш менамоем: «Расул салаллоҳи алайҳи васаллам шахсеро чанд шутурвор хурмо дод. Он шахс гуфт: «Ё Расулуллоҳ, метарсам, ки баъд аз ту маро он ато надиҳанд». Расул (с) фармуд, ки «Шояд бидиҳанд». Он шахс гуфт: «Кӣ бидиҳад?» Расул салаллоҳи алайҳи васаллам фармуд, ки: «Абубакр». Он шахс он суханро ба амиралмуъминин Алӣ разияллоҳу анҳу бозгуфт. Фармуд, ки бозгард ва бипурс, ки баъди Абӯбакр маро кӣ он ато хоҳад дод? Расул салаллоҳи алайҳи васаллам фармуд, ки: «Умар бин-ал-Хаттоб». Бори дигар амиралмуъминин Алӣ разиаллоҳу анҳу фармуд, ки бипурс, ки баъд аз Умар кӣ ато хоҳад дод? Расул салаллоҳи алайҳи васаллам фармуд, ки: «Усмон». Алӣ разияллоҳу анҳу чун онро шунид хомӯш шуд». Ва: «Имом Мустағфарӣ раҳматуллоҳ гуфтааст, ки ҷамоате дар сояи дарахтони ҳарам фуруд омада буданд, кӯмоче пухтанд ва нонхӯриш надоштанд. Яке аз эшон тир бар камон ниҳод ва оҳуеро шикор кард. Дег барнишонданд ва мепухтанд. Ногоҳ оташи азим аз зери дег берун омад ва он қавмро тамом бисӯхт, бе он ки ҷомаҳо ва матоъҳои эшон бисӯзад ва он дарахтонро, ки дар сояи он буданд осебе расад».
«Чиҳил ҳадис»
Ин асари Ҷомӣ бо номҳои «Арбаин», «Арбаина ҳадис», «Тарҷумаи арбаин», «Тарҷумаи чиҳил ҳадис» ва ғайра низ шинохта мешавад. Онро Ҷомӣ соли 1481 дар муддати якчанд рӯз навишта, 40 ҳадиси Пайғамбарро барои осон кардани фаҳм ва ҳифзи он ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Он аз як муқаддимаи кӯтоҳи мансур, асли арабии ҳадисҳо, чиҳил дубайтӣ дар тарҷумаи онҳо, як ҷумлаи арабӣ ва дубайтии тоҷикӣ хотима иборат аст. Шеваи кори Мавлоно чунин аст: Аввал ҳадисҳо ба арабӣ оварда шуда, баъд ҳар кадоме дар баҳри хафиф ба тоҷикӣ гардонда мешаванд.
Абдураҳмони Ҷомӣ ҳадисҳоеро баргузида тарҷума кардааст, ки бештар ҷанбаи ахлоқӣ дошта, оид ба дӯстӣ, рафоқат, нигоҳ доштани эҳтироми модар, нафъ расонидан ба мардум, вафо ба аҳд, ҷуду сахо, бахшиш ва бахшоиш, барҳам додани кинаву адоват, рашку ҳасад, фурӯ нишондани буғзу ғазаб, пургӯиву мардумозорӣ ва амсоли инҳо баҳс мекунад. Ба ин қитъа таваҷҷуҳ фармоед:
Некбахт он касе, ки менабарад,
Рашк бар некбахтии дигарон.
Сахтии рӯзгор нодида,
Панд гирад зи сахтии дигарон.
«Шарҳи ҳадис», рисолаи ниҳоят хурд буда, бо номи «Шарҳи ҳадиси Аберазин ал-Уқайлӣ» низ маълум аст. Он дар варақи урфӣ аз як саҳифа бештарро намегирад ва роҷеъ ба тавҷеҳи як ҳадисе, ки аз забони Аберазин ал-Уқайлӣ оварда мешавад, баҳс мекунад.
Дар нусхаи 1331 куллиёти Ҷомӣ ному нисбаи муҳаддис ба тарзи Аберазин ал-Уқайлӣ сабт гардида, маҳз ҳамин тарзи навишти он саҳеҳ аст, зеро сухан дар бораи Аберазин Лақит ибни ал-Мунтафиқ ибни Омир ибни Ақил ал-Омирӣ ал-Уқайлӣ меравад, ки аз асҳоби Пайғамбари ислом будааст.
Соли таълифи рисолаи мавриди гуфтугӯ номаълум буда, он бо рубоии зерин оғоз меёбад:
Эй пок зи ҳайизу мубарро зи макон,
Холӣ зи ту не даруну беруни ҷаҳон.
Аз кунҳи Ту, к-аш на ном бошад, на нишон,
Дар ситри амост дидаи ақлу гумон.
Худи ҳадис ин аст: «Мин Абиразин ал Ақил разияллоҳу ъанҳ аннаҳу қол: Қолат ё Расулаллоҳ! Инна раббано қабла ан яхлуқа халқаҳу? Қол: Кона фи ъамоу мо таҳтаҳу ҳаво, ва мо фавқаҳу ҳаво ва халақа Аршаҳу ъалал мои»
Дар шаҳри ин ҳадис Ҷомӣ аз назари аҳли ирфон оид ба ҳақиқати мутлақ, ваҳдати ҳақиқии вуҷуд ва касрати нисбии он, шаш дараҷаи хилқат, ки баъди он инсон комил мегардад, сухан меравад. «Шарҳи ҳадиси Аберазин ал-Уқайлӣ бо ин рубоӣ поён мепазирад:
Хуш он ки расидагон ба асрори қидам,
Чун дар назар оваранд ин тоза рақам.
Ҳар ҳарфи хато, ки ҷаста бошад зи қалам,
Шӯянд ба оби афву борони карам.
Рисолаи мазкур барои донистани назари фалсафии Ҷомӣ, қудрати ӯ дар донистани нозукиҳои забони арабӣ, илми ҳадис, таърихи тасаввуф ва фаҳмиши ӯ оид ба ваҳдати вуҷуд, ё ин ки ваҳдат дар касрат аҳамияти калон дорад.
«Тафсир». Давлатшоҳи Самарқандӣ хабар медиҳад, ки Ҷомӣ дар охири умр ба навиштани тафсир машғул буд. Аммо ҳаминро дар назар доштан лозим аст, ки Давлатшоҳ тазкираи худро соли 1487 ба охир расонда буд ва баъди ин Ҷомӣ боз 5 сол умр дид ва албатта, тафсир навиштани Ҷомӣ бояд пеш аз соли 1487 сурат гирифта бошад. Дар асоси гуфтаи муҳаққиқон ба чунин хулоса омадан мумкин, ки Ҷомӣ сураи «Фотиҳа» ва сураи «Бақара»-ро то ояти 40-ум, ки маънояш «ва аз Ман битарсед» аст, тафсир намудааст. Мавлоно Ҷомӣ дар яке аз номаҳояш, ки ба садри Султон Яъқуби Туркман шоир Қозӣ Исои Соваҷӣ (вафот с.1491) фиристодааст, ба ӯ маълум мекунад, ки дергоҳ буд, ки дар хотири фотир мегузашт, ки «Тафсири сураи «Ихлос» ва тақрири сурати ихтисос қаламӣ карда, самти арз ёбад, аммо ба воситаи таваҳҳуми густохӣ дар ҳайизи таваққуф ва тарохӣ мемонд… таҳрики ин силсила ва таслики ин марҳала ба инояти… он ҷониб ба зуҳур омад». Ин мактуб собит менамояд, ки Ҷомӣ сураи аввали Қуръон «Фотиҳа»-ро дар ҳақиқат ҳам тафсир карда, онро ба дӯсташ Қозӣ Исо ба Табрез фиристода будааст.
«Рисолаи маносики ҳаҷ ва умра»
Дар ин рисола, ки асосан барои фирқаи сӯфия навишта шудааст, фароизу дарбоистҳои аркони ҳаҷ ва умра, одоби зиёрати марқади Пайғамбар дар Мадина ва тарзи боздиди турбатҳои бузургони дин мувофиқи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат баён мегардад. Рисола таҷикӣ бошад ҳам, дуоҳои он ва баъзе порчаҳои дигар арабӣ буда, муаллиф онро дар Бағдод ҳангоми сафараш ба Маккаву Мадина бомдодони рӯзи панҷшанбеи 22-юми шаъбони санаи январи соли 1473 ба охир расонидааст. Дар ин хусус дар поёни бисёр нусхаҳои он чунин ибораҳо дида мешавад: «Фараға мин таълифиҳо заҳватун явми-л-хамиси-сония вал-ишрина мин шаъбон-ил-мунтазам фӣ шуҳури санатун сабъа ва сабъина ва самонамиата би мадинат-ис-саломан би Бағдодин ва фӣ-ҳил таваҷҷуҳа ило байтуллоҳ-ил-ҳаром ва ано ал-фақир Абдураҳмон бин Аҳмад ал-Ҷомӣ…»
Гумон меравад, ки дар нусхаи асл ин иборат мавҷуд будааст ва дар баъзе нусхаҳои дигар он айнан кӯчонда шудааст. Бинобар ин, мавҷудияти ин ибора ҳанӯз автограф (нусхаи асл) будани чунин нусхаҳоро исбот намекунад.
Барои намуна иқтибосе аз рисолаи мазкур меорем, ки аз фоида холӣ нест: «Аломати қабули ҳаҷ даҳ чиз аст: аввал зуҳд дар дунё ва дуюм, иқбол бар охират ба таҳсили асбоби меод ва сеюм, заҳмат аз халқ дур доштан ва чорум, таҳаммули заҳматҳои халқ ба адами мукофоти бадиҳо қавлан ва феълан кардан, панҷум, дар ҳама аҳвол бо ёрон ва ҳамроҳон ба хулқи хуш зистан ва шашум, луқма аз халқ, он чӣ муяссар шавад, дареғ надоштан ва ҳафтум, тарк кардани ҳар маъсияте, ки пеш аз ҳаҷ аз вай дар вуҷуд меомада ва ҳаштум, суҳбати ёрони батолат ва ҷаҳолатро ба суҳбати аҳли салоҳ ва адолат бадал кардан ва нуҳум, маҷолиси саҳву ғафлатро ба маҷолиси зикру яқза муавваз гардонидан ва даҳум, ба гузаронидани ҳаҷ уҷбе дар худ нодидан ва бар касе, ки ҳаҷ накарда бошад, такаббур нанамудан ва аломати тарки уҷб он бошад, ки сухани ҳаҷ дар маҷолис бисёр нагӯяд ва ба он ифтихор наҷӯяд».
Чунон ки мебинем, ба ин масъала ҳам Ҷомӣ аз нуқтаи назари ахлоқи ҳамида наздик мешавад.
«Рисолаи кабири маносики ҳаҷ»
Дар ин хусус шогирди Мавлоно Абдуғафури Лорӣ чунин хабар медиҳад: «Ҳазрати эшон дар маносики ҳаҷ ду рисола навиштаанд, яке сағир, ки машҳур аст ва яке кабир, ки бар чаҳор мазҳаб навиштаанд дар роҳи Макка ва он дар арафот гум шуда, аз ин ҷиҳат машҳур нест, аз барои он ки мусаввадаи асл набуда». Яъне ин китоб ҳанӯз дар соли 1472 гум шуда будааст.
Ба ҳамин тариқ Абдураҳмони Ҷомӣ чун олими варзида дар чандин риштаҳои илму дониш саҳми арҷманде гузоштааст.
Таҳияи С.Шарифов