www.shakuri.tj, саҳифаи интернетии Муҳаммадҷон Шакурӣ баъд аз даргузашташ кушода шуд.
Дар торнамо аз саҳифаи асосӣ, ҳаёт ва фаъолият, навиштаҳо, китобҳо, мусоҳиба, мақолаҳо ва сурудаҳо дар бораи Муҳаммадҷон Шакурӣ иборат буда, дар боло ду мисраи Гулрухсор Сафиева, шоираи тоҷик ҷой дод шудааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар синни 87 солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пушид.
Марҳум тӯли шаст соли фаъолияташро дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт гузаронида, соҳиби даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Академик муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола мебошад.
Бояд гуфт, ки аксар бузургон баъд аз магашон мавриди эҳтироми мардум қарор мегиранд. Чунон ки Мавлавӣ Ҷунунӣ гуфтааст:
Ҷунунӣ дар замона мехӯрад санги маломатро,
Ба мардум қадри ин шайдо пас аз мурдан шавад пайдо.
Умари Масъуд
(25.09.2012)