Ҷаннатуллоҳи Комил
nahzat.tj
Тавре маълум аст, таъсиси ҳизбҳои исломӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ва ғайри он яке аз масъалаҳоест, ки ҳамеша мавриди баҳсу мунозара қарор гирифтааст. Дар робита ба ин масъала уламо ва муҳаққиқони соҳа фикру ақида ва назари худро баён кардаанд. Бо ин тартиб дар ҷоиз будани таъсиси ҳизб ҳамчун як унсури фаъол дар майдони сиёсат, ки ҳуқуқи мусалмононро дар ҷомеаи демократӣ ба таври қонунӣ пуштибонӣ карда метавонад, мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ҳамин аст, ки гурӯҳе аз донишмандону соҳибназарони исломӣ барои амалӣ гардонидани ормон ва аҳдофи исломӣ, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи мусалмонон дар зери давлатҳои демократӣ, таъсиси як ҳизби исломиро зарур ва ҳатмӣ донистаанд.
Пеш аз он ки дар бораи як ҳизби сиёсии исломӣ баҳс шавад, ба маврид аст, ки маъно ва мафҳуми калимаи “ҳизб” барои хонанда шарҳу тавзеҳ дода шавад.
Мафҳуми ҳизб дар луғат ва истилоҳ
Калимаи “Ҳизб” дар луғат ба маънои «гурӯҳ», «ҷонибдор» – и як фард аст, ки ба фоида ва комёбии ӯ кор мекунанд, омадааст. Ҳамчунин калимаи ҳизб ба маъноҳои муродифи боло зикр шудааст. Дар истиллоҳ, уламо калимаи “Ҳизб”- ро ба чанд маъно шарҳ додаанд. Аз ҷумла, маънои истилоҳии “Ҳизб” дар китоби “Қомус-ул- улуми-л -иҷтимоия” чунин омадааст: “Ҳизб иборат аз гурӯҳи муназзаме мебошад, ки дар фаъолиятҳои сиёсӣ дорои як фикри муайян ҳастанд”.
Дуктур Исмоил Алӣ Саъд дар маънои истилоҳии ҳизб чунин мегӯяд: “Ҳизб якҷояшавии шуморае аз афроде мебошад, ки онҳо барои таҳаққуқёбии ободии ҷомеа, ҳадаф ва мароми муайян доранд”. (Ниг: Ёсин ибни Алӣ; Муққав-вимот-ул-ҳизбӣ фи-л-ислом бо нақл аз андешаи доктор Исмоил Алӣ Саъд)
Аз маънои дар боло зикргаштаи лугавӣ ва истилоҳии ҳизб метавон хулоса, кард, ки аксар афроде, ки дар ҷомеаи имрӯз ҳизбро, хусусан фаъолияти ҳизби исломиро баҳои манфӣ медиҳанд, аз маънои луғавии он бардошти ғалат кардаанд. Ин гурӯҳи мухолиф мафҳуми ҳизбро чунин фаҳмидаанд, ки гӯё он як шохаи таблиғгари эътиқодоти навин дар пайкараи уммати исломӣ аст. Онҳо миёни ҳаракати фикрӣ-сиёсӣ ва ҳаракати эътиқодӣ омехта кардаанд. Ҳол онки дарки маънои пурраи Ҳизб дар мафҳуми истилоҳияш бештар рӯшан мегардад. Барои мисол, агар маънии луғавии калимаи ҳизб гурӯҳ бошад, ин аз маънои истилоҳияш, ки гурӯҳи оддиро ба гурӯҳи муайяни сиёсӣ қайд кардааст, фарқ дорад. Ҳамчунин ҳизб дар луғат ба маънои “ҷонибдор” – и як шахс баён шудааст. Аммо дар маънои истилоҳияш дарҷ гардидааст, ки онҳо на ба як фард, балки зери як қатор принсипҳои мушаххас амал намуда ба сӯи ҳадафи муайян равона ҳастанд. Ҳамин тариқ ҳар ҳизби сиёсии дунё, аз ҷумла ҳизбҳои исломӣ, барои худ аҳдоф ва мақсадҳоеро доро мебошанд, ки тибқи он фаъолияти сиёсии худро амалӣ мекунанд.
Зарурати таъсиси ҳизби исломӣ
Ташкил ва таъсиси аҳзоби сиёсӣ яке аз падидаҳоест, ки имрӯз дар ҷомеа мақоми вижа дорад, ки тавассути он гуруҳҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсад ба таъсиси он кӯшиш мекунанд. Аз ҷумла мусалмонҳо низ баъд аз фурӯпошии хилофати исломӣ (1924) барои баргардонидани ормонҳои исломӣ ва арзишҳои мусалмонии худ барои ташкили ҳизбҳои сиёсии исломӣ камари ҳиммат бастанд. Дар ҳақиқат фурӯпошии хилофати исломӣ сабаби асосӣ дар ташаккулёбии фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишварҳои мусалмоннишин гардида буд. Сабаби дигари ташкили ҳизбҳои сиёсии исломиро муҳаққиқони дин дар он медонанд, ки имрӯз бо ташкили ҳизбҳои сиёсии сирф дунявӣ, амалишавии ормонҳо ва муқаддасоти динӣ дар ҷомеа имконнопазир аст. Аз раванди сиёсати пешгирифтаи давлатдории дунёи имрӯз маълум гаштааст, ки дар аксар кишварҳои дунё, махсусан мусалмоннишин ҳуқуқ ва озодии мусалмонон аз сабабе, ки зери қудрати аҳзоби сиёсии дунявӣ ва ҳукуматҳои ба ном демократӣ қарор гирифтаанд, кам ба эътибор гирифта шуда, дар баробари ин монеаҳо ва нақзи ҳуқуқу озодии эътиқодиашон мавриди маҳдудшавӣ қарор гирифта аст. Ингуна маҳдудиятҳо ва нақзи ҳуқуқи мусалмонҳоро метавон дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида кард. Барои мисол қабули Қонун дар бораи масъулияти падару модар, ки то 18 – сола ҷавононро аз рафтан ба масҷид мамнӯъ медонад ва манъи донишҷудухтароне, ки бо сатр ба дарс ҳозир мешаванд, ҳамчунин маҳдуд кардани доираи панду андарзгӯйи бархе аз воъизони исломӣ, бастани масҷидҳо, тарошидани риши ҷавонон аз ҷумлаи нақзи ҳуқуқҳоест, ки нисбати мусалмонон раво дида шудааст. Пас барои аз ҳуқуқ ва озодии мусалмонон, ҳамчунин аз арзишҳои исломӣ ҳимоят кардан, бояд гурӯҳе ташкил шавад, ки дар сатҳи ҳукумати имрӯза фаъолияти сиёсии динии худро дошта бошад ва дар парлумон намояндагони худро шомил гардонад, то аз ба тасвибрасонӣ ва баррасии чунин қонунҳои зидди озодии мусалмонҳо пешгирӣ намоянд. Фаъолияти сиёсии исломӣ дар ҷомеаи мо дар симои ҲНИТ таҷассум ёфта аст. Дар акси ҳол наметавон аз арзишҳо ва ормонҳои Ислом ва мусалмонон ҳимоят кард. Тағйироти қонунӣ ворид намудан дар ин бахш, мутобиқи тақозои ҷаҳони имрӯз танҳо тавассути таъсиси ҳизби исломӣ ва фаъолиятҳои расмии сиёсӣ имконпазир аст.
Фатвои уламо дар бораи таъсиси ҳизби исломӣ
Новобаста аз он ки таъсиси ҳизбҳои исломӣ дар ҷомеаи муосир ҳалли худро то ҷое паёдо кардааст, аммо дар баробари ин афродеро метавон пайдо кард, ки бо дарки нодуруст аз таъсиси як ҳизби исломӣ назарпардозӣ карда, онро кори номатлуб медонанд. Ин дар ҳолест, ки дар робита ба ин мавзӯъ уламо ва донишмандони исломӣ фатвоҳоеро нисбати таъсис ва бунёди як ҳизби исломӣ дар низомҳои имрӯза ҳатмӣ дониста, онро амри зарурӣ мешуморанд. Аз ҷумла яке аз олимони муосири Ислом, Ёсин ибни Алӣ мегӯяд: “Уламо дар бораи воҷиб будани амали муназзами гурӯҳе аз мусалмонон дар муқобили гурӯҳҳои муназзами ғайридинӣ ихтилофе надоранд. Зеро имрӯз мо мебинем, ки мусалмонҳо дар аксар кишварҳо зери шиканҷаву фишорҳои давлатҳои секулиаризм ва дунявӣ қарор доранд ва аз озодиҳои исломии худ бархурдор набуда, ҳуқуқҳояшон поймол мешаванд. Аз ин сабаб, барои мусалмонҳо лозим аст, ки зери як гурӯҳи муназзами сиёсӣ (Ҳизб) ҷамъ омада, аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд.
Дар фатовои “Шабакаи исломӣ”, боби “Ширкат ва даъват ба интихобот” зери роҳбарии яке аз фуқаҳои муосири Мавритания, Абдуллоҳи фақеҳ чунин омада аст: “ Мансубият ба ҷамоат ё ба ҳизби исломӣ монеае надорад, балки ин амал кори матлуб аст. Аммо таассуби ноҷо аз он раво нест.” (Ниг: Ҳамон манбаъ; ҷилди 5; рақами 35235)
Ӯ дар фатвои дигаре зери рақами 27768 гуфта аст, ки агар ҳизби исломӣ барои барпо намудани дин, нашри даъват бо ҳикмат, фарҳангӣ намудани уммат, рушд додани ҷонибҳои гуногуни онҳо ва тарбияи мусалмонон талош намояд, пас ин аз боби нусрати дин ва ҳамкорӣ бар асоси некӣ ва тақвои фарзшуда ҳисобида мешавад.
Алӣ Шаҳуд дар китобаш “Алхулосату фӣ фиқҳил-ақаллиёт” навиштааст: “Ҳар шахсе, ки ба ҳизби исломӣ мансуб набошад, ҳуқуқи динии худро ба таври комил соҳиб шуда наметавонад ва соҳиб гаштан ба ҳуқуқи динӣ дар шариат фарзу зарурӣ аст.” (Ҳамон манбаъ; 2/491)
Раиси Иттиҳоди байналмилалии донишмандони Ислом, аллома Юсуф Қарзовӣ дар робита ба таъсиси ҳизби исломӣ бо истинод аз ояти 2- и сураи (Моида) ва қоидаи машҳури фиқҳӣ: “Мо ло ятимму алвоҷибу илло биҳи, фаҳува воҷибун”, чунин гуфтааст: “Ман бар ин боварам, ки бар асоси далоили шариъат ва қоидаҳои куллии он ташкил ва созмондиҳии ҷамоатҳои хидматгузори дин як воҷиб ва зарурат аст”. (Ю. Қарзовӣ, Дидгоҳҳои фиқҳии муосир, ҷ 3 саҳ 514 – 515)
Хулоса
Аз гуфтаҳои боло ва фатвои донишмандони Ислом метавон хулоса баровард, ки таъсиси ҳизби исломӣ, хусусан дар ҷомеаи муосир, ягона роҳи қонунӣ ва расмӣ барои таҳаққуқёбии аҳкоми шаръӣ ва ҳифз намудани муқаддасоти исломӣ ба ҳисоб меравад. Аммо донишмандоне, ки таъсиси ҳизби исломиро манъ мекунанд, мақсади онҳо ташкил накардани ҳизбҳое мебошад, ки дар ақида, усул ва дини Ислом сабаби ихтилоф мегардад. Ва сабаби дигар аз назари онҳо барои манъи таъсиси ҳизб ҷомеае аст, ки куллан пайрав аз усул ва ақидаи исломӣ буда, низоми ҳукуматдории он ба тамоми талаботи исломӣ ҷавобгӯ аст. Вале дар акси ҳол ин донишмандон низ барои таъсиси ҳаракат ва ҳизби исломӣ дар кишварҳое, ки хусусияти режими дунявияти маҳз доранд, дар таъсиси он мухолиф нестанд.
Хулоса, баъд аз таҳқиқ атрофи масъалаи “Таъсиси аҳзоби сиёсӣ дар Ислом” маълум мешавад, ки ихтилофи донишмандон дар масъалаи мавриди баҳс, ҳақиқӣ набуда, балки он ихтилофи лафзӣ ё суратӣ аст.