Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки се сол қабл ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, субҳи имрӯз аз зиндон озод шудааст.
Эшони Сироҷиддин дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.
Аз ин қабл писари Эшони Сироҷиддин, Киромиддин Абдураҳмонови 21-сола, ки ба иттиҳоми мушобеҳи падараш ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда ва ҳамроҳи ӯ дар зиндон ба сар мебурд, раҳо шуда буд.
Эшони Сироҷиддин 47 сол дорад ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. То соли 2009, замони боздошташ, дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи “Зарафшон”-и Душанбе ба ҳайси имом фаъолият мекардааст.