Ҷалолатмаоб Сарвазир!
Бо арзи салому паёми дӯстонаву бародарона роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пирӯзии Шумо ва Ҳизби адолат ва рушдро дар интихоботи маҳаллии Туркия, ки чанд рӯзи пеш баргузор гардид, самимона табрику таҳният мегӯяд.
Ҷой таҳсин ва қадрдонӣ аст, ки Ҳизби адолат ва рушд бо вуҷуди тавтеаҳои зиёди барномарезишуда барои коҳиши нуфузи ин ҳизб дар байни мардуми турк, тавонист бо барномаҳои муассир ҷиҳати бунёди як ҷомеаи пешрафтаву озод ва демократӣ дар Туркия таваҷҷӯҳи аксари мардумро ба худ ҷалб намуда, дар ин интихобот пирӯзӣ ба даст биёрад. Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин пирӯзии Шуморо ҷавоби муносиби мардуми шарифи Туркия ба доираҳое медонанд, ки пешравиҳои Туркия ва ҳизби Шумо ба нафъи онҳо нест.
Ба касе пӯшида ҳам нест, ки ин ҳизб дар тӯли беш аз 10 соле, ки зимоми умури ҳукуматдориро дар даст дорад, корҳои зиёди арзишмандеро барои миллату кишвари Туркия ба анҷом расонидааст. Берун рафтани Туркия аз гирдоби бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ далели возеҳу рӯшан барои ин гуфтаҳост. Ва ин пирӯзӣ бори дигар эътимоди мардуми Туркияро ба Шумо ва ҳизбе, ки сарварии онро ба дӯш доред, собит мекунад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳизби адолат ва рушд низ барои ҳамагон исбот намуд, ки як нерӯи миллии Ватандӯст ҳам метавонад дар асоси арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ кишвари худро ба дастовардҳои хубе бирасонад.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти ин интихобот дар чорабиниҳои минбаъдаи сиёсӣ ба Шумо ва Ҳизби адолат ва рушд муваффақият ва комёбиҳои нав ба навро орзӯ намуда, ба миллати дӯсти турк пешрафту шукуфоиро таманно дорад.
Ҳамзамон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон хостори идомаи ҳамкориҳои созанда бо Ҳизби адолат ва рушд барои амалӣ гаштани манфиатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст Тоҷикистон ва Туркия мебошад.
Бо камоли эҳтиром,
бародари Шумо Муҳиддин Кабирӣ,
раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
ВА вакили Маҷлиси намояндагон