Categories Ахбори рӯз

Ба Ш. Шоҳиён: ҲНИТ коре хилофи қонун накардааст

Дирӯз Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии кишвар зимни
нишасти хабарӣ бо нигаронӣ аз муроҷиати ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ ва
кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон гуфт, тамоми талаботҳои созишномаи сулҳ ҳалли
худро ёфта, шикояти ҲНИТ беасос мебошад.
Дар мавриди таҳдиду фишор, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии
шаҳрвандон, бахусус аъзои ҲНИТ Ш. Шоҳиён афзуд, гӯё шикояти ҳизб дар Суди Олӣ баррасӣ
гардидаву ба Прокуратураи генералӣ равон карда шуд, ки дар ин замина посухи ин
ниҳод ба ҲНИТ ирсол гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки аксари ҳуқуқшиносони кишвар баринанд,
ки муроҷиати ҲНИТ дар асоси қонун ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта,
чораи истисноӣ ва саривақтӣ барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо мебошад. Зеро тибқи ин
меъёрҳо ҳар шаҳрванд новобаста аз мансубияти забонӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ҳизбиву
гурӯҳӣ баъди риояи зина ба зинаи ҳар марҳилаи муроҷиат ба идораву ниҳодҳои зиддахли
давлатӣ ва мусбат ҳал нашудани он ҳуқуқи комили муроҷиат ба созмонҳои байналмилалие,
ки Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмонҳо ба созишномаҳо ва конвенсияҳои байналхалқӣ
имзо гузоштааст, муроҷиат кунад. Дар ҳамин замина метавон ба Сарқонуни кишвар моддаи 10- ум, ки санадҳои
ҳуқуқӣ ва байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии
низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ донистааст, ишора кард. Аз ин рӯ, муроҷиати ҲНИТ ба
созмонҳои байналмилалӣ бо истифода ва риояи ҳуқуқҳои конститутсионӣ анҷом
гирифтааст.

Аз
силсила пурсишҳое, ки миёни коршиносону намояндагони аҳзоби сиёсӣ анҷом дода
шуд, аксар бар ин андеша ҳастанд, ки ҲНИТ мувофиқи қонун амал намудааст, зеро дар
дохил мақомоти дахлдор ба шикоятҳояш расидагӣ накарданд ва ҳизб чорае ба ҷуз ин
муроҷиат надошт.

Ишораи
Ш. Шоҳиён дар бораи ирсоли посухи Прокуратураи генералӣ ба роҳбарияти ҲНИТ барои
хонанда ҳам тааҷҷубовар ба назар мерасад. ҲНИТ шикоят аз болои қонуншиканиҳои баъзе
масъулини Прокуратураи генералӣ, КДАМ ВА ВКД дорад, ки аъзову ҷонибдорони
ҳизбро мавриди фишору таҳдид қарор дода, аз онҳо зӯран аризаҳои хориҷшавӣ аз
ҳизбро мегиранд ва бешубҳа тамоми аризаҳо ва протоколҳои тақаллубӣ дар бойгонии
ҳамин ниҳодҳо ҳифз мешаванд ва барои ҳамин амалкарди ғайриқонунӣ,
зиддиконститутсионӣ ва ғайриахлоқӣ ҲНИТ ба Суди Олӣ бо далелҳо (189 саҳифа)
муроҷиат намуд. Бисёриҳо умед доштанд, ки Суди Олии кишвар ҳамчун шохаи мустақили
ҳокимият шикояти ҲНИТ ва далелҳои ҷамъовардаи ин ҳизбро, аз қабили аризаву баёнотҳои
аъзои ҳизб мушикофона мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва афродеро, ки муртакиби
ҷиноятҳо шудаанд, дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ мекашад, аммо Суди Олӣ ва
махсусан Ш. Шоҳиён ин корро накарданд. Суди Олӣ бо ирсоли посухе ба роҳбарияти ҲНИТ,
ки тибқи талаботи моддаи 145, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шикоятро
барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристод ва бо ҷавоби ҳамин ниҳод аз 8
июни соли 2015 таҳти №13-5-15, ки гӯё “бинобар мавҷуд набудани аломатҳои
таркиби ҷиноят қарорҳо дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул
гардид”, иктифо намуд. Дар ҳоле ки ин муносибати Суди Олӣ собит мекунад, ки
шикояти ҲНИТ ва далелу баёнотҳо ва аризаҳо натанҳо дар Суди Олӣ баррасӣ
нашуданд, балки шояд “нимнигоҳе” ҳам болояшон нашуда бошад.

Дар фарҷом онҳое, ки муроҷиати ҲНИТ-ро ба созмонҳои
байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ қабул надоранд, ба як савол ҷавоб
бигӯянд, ки дар замони муосир вақте прокуратура, суд, амният, ВКД ва дигар
мақомоте, ки бояд аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон дифоъ кунанд, бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекунанд
ва худи онҳо ҳуқуқҳои мардумро поймол мекунанд, бояд чӣ кор кард? Мунтазир
нишаст, ки қонуншиканиҳо идома пайдо кунад, ё…

More From Author

You May Also Like