Categories ҶОМЕА

Ба қадри обрӯи рӯзноманигор бирасед!

Иттифоқи журналистон: шаҳодатномаҳои узвиятро сӯъистифода накунед!

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни як баёния аз зиёд шудани ҳолатҳои сӯйистифода аз шаҳодатномаи узвияти ИЖТ нигаронӣ кардаааст. Ба гуфти роҳбари ИЖТ, вақтҳои охир шиддат гирифтани ҳолати мазкур боиси ташвиш ва изтироб шудааст.

Дар ин баёния аз ҳолатҳои сӯйистифода аз обрӯи касбӣ ва шаҳодатномаи узвият дар кишвар ишора рафта, омадааст: «Шаҳодатномаи узвият санадест, ки мансубияти рӯзноманигорро ба ин Иттифоқи эҷодӣ тасдиқ карда, дар доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои дар оинномаи ташкилот зикр шуда, ба ӯ салоҳияти касбӣ медиҳад. Ҳама гуна амалҳои вобаста ба рисолати рӯзноманигорӣ, аз ҷумла, омода кардани матолибу гузаронидани тадқиқоти журналистӣ бо супориши идораи васоити ахбори омма ва пешниҳоди шаҳодатномаи ҳамин ВАО сурат мегирад.»

Зимнан раёсати ИЖТ аз ҳама аъзои ташкилот дархост намуда аст, ки «талаботу муқаррароти оинномаи Иттифоқро қотеъона риоя намуда, шаҳодатномаи узвиятро бидуни зарурати касбӣ истифода накунанд.» Дар баёния омадааст: «Нафароне, ки шаҳодатномаи узвиятро василаи ноилшавӣ ба нияту ғаразҳои шахсӣ пиндошта, бо амалҳои ношоистаашон номи пуршарафи узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро доғдор менамоянд, аз ҳуқуқ ба ҳимояи ташкилот маҳрум гардида, тибқи оинномаи ИЖТ барои содир намудани амалҳои мухолиф ба мақсаду вазифаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз узвият хориҷ карда мешаванд.»

Дар ин баёния омадааст, ки «баробари ин, ҳама аъзои ИЖТ-ро зарур аст, ки бо мақсади дақиқ намудани шуғли асосӣ ва мутобиқати касбӣ то 1-июли соли ҷорӣ дар бораи ҷойи кори асосии худ ба Раёсати ИЖТ маълумотнома пешниҳод карда, ҳаққи аъзогиро пурра пардохт намоянд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи мазкур, Раёсат дар хусуси аз сафи ташкилот хориҷ намудани онҳо масъалагузорӣ хоҳад кард. Ин барои аввалин бор аст, ки ИЖТ дар робита ба фаъолияти аъзо ё онҳое ки шаҳодатномаи ин ташкилотро доранд, изҳори нигарони мекунад.

Аз як тараф, ба гуфти Акбари Саттор, феълан аъзои ИЖТ ҳудуди 1900 нафар аст, ки баъд аз сари нав қайдгирии узвият, эҳтимол теъдоди онҳо коҳиш ёбад. Аз тарафи дигар, коршиносон ба ин назаранд, ки ин масъала як навъ ҳушдорест ба дурнамои фаъолияти Акбари Саттор ва инчунин кадом омили фишор ҳам болои ИЖТ падид омадааст, ки боиси роҳандозии чунин иқдом шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чанд ду рӯз пеш Додситони кулл аз масъулони ҳафтаномаи «Азия-Плюс» хоста буд, ки IP – нишони афродеро ба додситонӣ супорад, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муассисаҳо ё ташкилотҳои хусусӣ, тибқи Оинома ва Сарқонуни кишвар дар назди мақомот барои фаъолиятҳои дохилии хеш ҷавобгӯ нест. Аммо, то куҷо додситони кулл ин салоҳиятро дар асоси қонун ба роҳ мондааст, мавзӯи баҳси дигар аст.

Оё ин корҳо ба шурӯъи марҳилаи нави маҳдуд кардани ВАО-и мустақил ба шаклҳои мухталиф дар кишвар далолат мекунад?

More From Author

You May Also Like