Categories ҶОМЕА

ББС: Оё ДИИШ шикастпазир аст?

Пешравиҳои сареъи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар Ироқ ҳамаро ғофилгир кард. Аммо муддатест, ки бо шуруъи амалиёти ҳавоии амрикоиҳо ва нирӯҳои заминии ироқӣ, “Давлати исломӣ” дар ҳолати дифоъӣ қарор гирифтааст. Амрикоиҳо аз эҷоди эътилофи ҷаҳонӣ барои мубориза бо таҳдиди “Давлати исломӣ” сухан мегӯянд ва рафта-рафта раванди ташкили ин эътилоф суръат пайдо мекунад.
“Давлати исломӣ” аз назари бархе кишварҳои ғарбӣ ва Ховари Миёна як таҳдиди ҷиддии низомӣ ва амниятист, ки ҳудуди 100 ҳазор километри мураббаъ, баробари кишвари Урдунро дар ду кишвари муҳимми Ховари Миёна зери контрол гирифта, аз 10 то 20 ҳазор нирӯи мусаллаҳ дорад. Бархе гузоришҳо дороии ин гурӯҳро ҳудуди 2 миллиард доллар, ҳатто аз ин беш дониста, сарватмандтарин гурӯҳи пайкорҷӯи исломгаро донистаанд.
Аз назари низомӣ, бахши аслии размандагони ин гурӯҳ дар ҷанги Ироқ ва Сурия обдида шуда, таҷҳизоти худро ба вижа дар натиҷаи ғаниматҳои гирифташуда аз ин ду кишвар гирифтаанд, яъне имконоти 3 лашкари муҷаҳҳазро. Аммо бузургтарин тавонмандии ин гурӯҳ на қудрати низомии маъмул, балки тасвири бераҳму хашинест, ки аз худ ба намоиш гузоштаанд. “Давлати исломӣ” таҳти роҳбарии Абубакри Бағдодист, ки 43-сола буда, чанд солеро Ироқ дар зиндони нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ гузаронидааст. Вақте амрикоиҳо шабакаи Абумусъаб Зарқовиро пас аз куштани раҳбараш аз байн бурданд, гурӯҳи Бағдодӣ, бо истифодаи муассир аз расонаву клипҳои видеоӣ, ҷанги равонии муваффақиятомезеро иҷро кард. Даҳҳо ҳазор сарбози ироқӣ бо шунидани номи ДИИШ фирор карда, таҷҳизоту имконоти молӣ ва низомии бисёреро насиби ин гуруҳ қарор доданд.
Ҳоло ин гуруҳ тавони пешравии худро аз даст дода, бештар дунболи ҳифзи манотиқи таҳти контролаш мебошад. Амиркоиҳо аз авоили моҳи ҷорӣ бо нирӯҳои ҳавоии худ дар шимоли Ироқ вориди амал шудаанд. Артиши Ироқ, нирӯҳои довталаби мардумӣ ва пешмаргҳои курд ҳам бо пушиши ҳавоии ИМА тавонистанд нуқоти мухталиф, аз ҷумла обанбори Мосулро аз чанги “Давлати исломӣ” хориҷ кунанд. Агарчи “Давлати исломӣ” бо сарбурии як хабарнигори амрикоӣ талош кард Барак Обамаро аз идомаи амалиёти неруҳои низомиаш мунсариф карда натавонист. Ин амалро нисбат ба асирҳои пешмарги курдӣ ҳам иҷро кард, вале курдҳо аз идомаи амалиёт мунсариф нашуданд.
Ин гуна бераҳмиҳо иттифоқан ба ҳам омадани афкори умумро дар ҷаҳон алайҳи “Давлати исломӣ” муассир мегардонад. Зеро наҳваи вуруди Амрико ва Ғарб ба ҷанг дар Ироқ дар соли 2003, афкори умумро нисбати ҷанги дигаре бисёр ҳассос кардааст. Ин ҳассосият як сол пеш дар моҷарои раъйи манфии парлумони Бритониё ба дахолати низомӣ дар Сурия ошкор гардид. Аз сӯи дигар, Ғарб нимнигоҳе дорад ба эҳтимолияти густариши хатар ба самти Исроил.
Албатта, дар ҷабҳаи низомӣ ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам як нирӯи муассир аст ва чанде пеш дар Сурия пойгоҳи муҳиммеро тасарруф ва садҳо сарбози асирро эъдом кард, вале боз ҳам раванди кулли таҳаввулот ба нафъи “Давлати исломӣ” нест. Ҳоло амрикоиҳо ва дигар кишварҳо машғули баррасии гузинаҳо барои густариши доманаи амалиёти ҳавоии хориҷ аз Ироқ ва барҳам задани аҳдофи ин гурӯҳ дар хоки Сурия мебошанд. Онҳо мутаваҷҷеҳи ин нуқтаанд, ки реша давондани “Давлати исломӣ” дар хоки Сурия ва Ироқ хатари ниҳоят ҷидиро ба ҳамроҳ дорад, ки ин нуқот ба пойгоҳе барои тарбияти насли ҷадид аз нирӯҳои ифротии зиддиғарбӣ табдил мешаванд.
Хатари дигар таҳрики афроди тундравест, ки садҳо нафари онҳо аз кишварҳои ғарбӣ ва ғайриарабӣ ба сафҳои “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва ниҳодҳои амниятӣ нигарони аъмоли зиддиамниятии ин афроданд.
Гурӯҳи Бағдодӣ чанд нуқтаи заъфи стратегӣ ҳам дорад, аввалан вобастагии беш аз ҳад ба хушунат, агарчи ин амал тарсофарин аст, вале алайҳи “Давлати исломӣ” анҷом мешавад. Ҳамин ҳоло дар ҷаҳони ислом иқдомоти ин гурӯҳро таҳаммул надоранд ва бисёре аз уламои суннӣ аъмоли ин гурӯҳро зиддиисломӣ арзёбӣ мекунанд.
Ироқ таҳти роҳбарии Нурӣ Моликӣ ҳам дар камранг кардани «Давлати исломӣ» шикаст хурд ва сиёсатҳои ӯ аз назари Амрико ва бисёре аз таҳлилгарон далеле барои пайвастани нирӯҳои суннии секулор ва БАЪС-ӣ ба суфуфи “Давлати исломӣ” шуд. Ҳоло ин умедворӣ эҷод шудааст, ки бо барканор шудани Нурӣ Моликӣ Ироқ битавонад бори дигар аз нирӯҳои суннӣ алайҳи “Давлати исломӣ” баҳра бигирад ва онро дар ниҳоят шикаст бидиҳад.
Ҳоло “Давлати исломӣ” манотиқи тасарруфшударо идора ва пулу нирӯашро сарфи идораи хилофати худхонда мекунад. Агарчи дар ҳавзаи тактикӣ муваффақиятҳое доштааст, вале таҷрибаи давлатдори надорад ва теъдоди душманонаш хеле зиёд аз дустони эҳтимолист. Абубакри Бағдодӣ худро халифа хонда бошад ҳам, тақрибан аз сӯи ҳеҷ гурӯҳи мазҳабии муайян ва кишваре ҳимоят намешавад. Ҳатто созмонҳои мухталифе, ки зери чатри Алқоида дар нуқоти мухталифи ҷаҳони ислом ҳузур доранд, ин хилофати худхондаро ба расмият намешиносанд.
Ғарбиҳо ва кишварҳои минтақа дар бархурд бо «Давлати исломӣ» пеш мераванд ва амрикоиҳо аз ташкили як эътилофи байналмилалӣ сухан мегӯянд. Қарор аст, чанд рӯз баъд нишасти муҳимме дар Бритониё бо ҳузури вузарои хориҷаи НАТО баргузор гардад. Албатта, мушкили Ғарб ин аст, ки дар баробари даст задан ба амалиёт алайҳи “Давлати исломӣ”, кишварҳои суннии Халиҷи Форсро нигарон насозад.
Бо вуҷуд, Ирон ва Арабистони Саъудӣ, ки дар бисёре аз масоили минтақаӣ манофеъи ба ҳам зид доранд, дар муқобили “Давлати исломӣ” тақрибан дар як ҷабҳа қарор гирифтаанд, новобаста ба таркиби динӣ ва навъи ҳукуматҳои худ, дар муқобили бардошти “Давлати исломӣ” аз Ислом ва аҳдофи сиёсиву гиополитики он қарор мегиранд. Ин ҳамсӯиҳои ғайримаъмули Ирону Саъудӣ ва дигар кишварҳо, аз эҳсоси хатаре далолат мекунад, ки амалкарди «Давлати исломӣ” ва гуруҳҳое монанди он ба бор меоваранд.
Баргардонанда, Маҳмудҷони Файзраҳмон

More From Author

You May Also Like