Маҳмудҷон Файзраҳмонов
“Ман қаблан ҳам корикотур месохтам, аммо камтар, вале соли гузашта, изҳороти хандадори Бек Зуҳуров, раиси Идораи иртиботот, маро водор кард, ки бештар корикотурҳои сиёсӣ кашам.”- гуфт Парвиз Расулов, собиқ узви Фронти халқӣ дар суҳбати кутоҳе ба “Би-би-сӣ” дар ҷавоби суоли “Чаро ӯ маҳз жанри корикатурро интихоб кардааст?”
Парвиз Расулов, собиқ корманди милисаи Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ узви “Фронти халқӣ”, ки дар ба сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон ва командааш саҳми муҳим дошт, буда, аз ду сол ба ин сӯ мухолифи сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ӯ дар ин бора гуфтааст, ки ду сол қабл наметавонист худро ба унвони як мухолифи давлат тасаввур кунад, аммо…
Корекатурҳои оқои Расулов бештар ба мавзуъҳои сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, маҳдудиятҳои озодӣ, шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, додани замин ба Хитой, ҳизбҳои сиёсӣ ва кисагӣ, интихоботҳои ношаффоф, тири ягонаи Бег Зуҳуров ва ғайра аз дарди мардум ва ҳамчун нишони эътироз аз сиёсатҳои ҳукумат, дахл дорад.
Инчунин, ӯ як силсила корекатурҳое дар мавзуъи интихоботи раисҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назар аст моҳи ноябри оянда баргузор гардад, таҳия кардааст.
Ӯ бештар ин корекатурҳоро дар саҳифаи фейсбукии хеш нашр мекунад.
Гуфта мешавад, ки вазирҳо дар умум аз пайи сохтани қасрҳову хонаҳои хеш ҳастанд ва дар фикри мардум нестанд, аммо ба ақидаи оқои Расулов ҳастанд вазирҳое, ки рафтор ва суханонашон шояд илҳомофарин бошанд.
Браво, Бег Зуҳуров!
Манбаъ: Наҳзат