Ҷавонзане белжикие , ки 8 сол муқаддам Ислом овардааст, хонаи худро ба маркази омӯзиши Ислом табдил дода, дар ин муддат бо даъвату ҳидоёти ӯ 1000 нафар ислом овардаанд, навиштааст «Islamnеws».
Вероник Кулси 25 -сола аз шаҳри Воммелгеми Белжик ба ҷавониаш нигоҳ накарда, алакай бисёре аз ҳамшаҳриёҳои худро бо ҷанбаҳои дини мубини Ислом ошноӣ сохтааст, ки шумораи онро 1000 нафар мегӯянд.
Сазовор шудан ба чунин комёбӣ созмон додани маркази омӯзишии аҳкоми шаръӣ ва даъват бар қабули Ислом мебошад. Хонум Вероник дар хонаи худ дар ҳар моҳи шарифи Рамазон ифтор бо тиловати Қуръон ва сӯҳбатҳои ҷолибу гуворо ташкил менамояд ва аз ҷумла дар сӯҳбат бо хабарнигори «World Bullеtin» гуфтааст: Хурофот аз адами донишҳои лозима надоштан аз Исломи ноб сар мезананд. Мо, мусулмонҳо вазифадорем, ки ба атрофиён ҳарчи бештар оини худро муаррифӣ намоем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар Белгиё анқариби 450 000 нафар мусулмонон ба сар мебарад.
Categories
ҶОМЕА