Categories ТАҲЛИЛ

Сафари Алимардонов ва интиқоди Э. Раҳмон

Ҳукумат дар Қирғизистон ва нафари масъуле, ки ҳайати ин кишварро дар мулоқот бо ҳайати тоҷикистонӣ раҳбарӣ мекард, тағйир ёфтанд, вале пешравии чашмгире дар масоили баҳсии марзӣ миён давлатҳои тоҷику қирғиз ба вуқуъ напайвастааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳайати Тоҷикистон дирӯз, 2-юми июл бо роҳбарии ҷаноби М. Алимардонов, муъовини нахуствазир барои як сафари серӯзаи навбатӣ озими Бишкек шудааст. Қасд аз ин сафар доир намудани ҷаласаи ҳайатҳо ба хотири ёфтани роҳҳалҳо дар масоили баҳсии марзист.
Тавре ВАО-и Қирғизистон хабар медиҳанд, ҷаласаи ҳайатҳо таҳти раҳбарии М. Алимардонов ва ҳамтои қирғизи ӯ А. Маматалиев аллакай дирӯз ба кори худ оғоз кардааст. Аммо то оғози ин ҷаласа ҷаноби Алимардонов бо Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Кирғизистон мулоқот доир намуда, ки эҳтимол зимни матраҳи шудани мавқеи раҳбарияти Тоҷикистон дар мавриди масоили баҳсии ду кишвар зарурати ташриф овардани ҷаноби Қ. Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Қирғизистон пеш омадааст. Вале аз чӣ бошад, ки ВАО-и қирғиз аз рӯзи сафари ҷаноби Расулзода ба Бишкек кадом таърихеро ишора накардаанд. Ин ҳама дар ҳолест, ки ҳайатҳои музокиротии тоҷику қирғиз ҳафтае қабл дар нишасти худ дар мавриди масоили матраҳшуда ба мувофиқа нарасидаанд, бахусус доир ба сохтмони ду пул барои истифодаи нақлиёт. Гузашта аз ин сафари ҷаноби Алимардон ба Бишкек дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҷаласаи ахири ҳукумат мавриди интиқоди раҳбари давлат қарор гирифт. Аммо ин интиқод ба раванди музокироти ҳайатҳои тоҷику қирғиз бастагӣ надошт, балки ба фаъолияти ширкатҳое рабт дошт, ки сарварони онҳоро наздикони Алимардонов мегӯянд.
Тавре ВАО баъзе аз ҷузъиёти баҳсҳои ин ҷаласаро ошкор карданд, бо дастури Э. Раҳмон КДАМ бояд тафтиши фаъолияти ин ширкатҳоро оғоз намояд. Бинобар иттилое, ки хабаргузории «Тоҷнюс» дарёфт кардааст, болоравии нархи маводи ғизо дар моҳи Рамазон аз конроли ниҳодҳои зирабти ҳукумат берун рафта, ки ин боиси нигаронии шадиди ҷаноби Э. Раҳмон ва ҳушдор додани сарпарасти соҳаи кишоварзӣ дар ҳукумат ҷаноби М. Алимардонов гардидааст. Агар ҳарфҳое ба ин маънӣ ки ҳамаи ин кори дасти Алимардонов аст ва раиси КДАМ пайвастагии нақши ширкатҳои наздик ба Алимардоновро дар ба вуҷуд омадани ин «мушкилоти сунъӣ» таҳқиқ менамояд, гуфта мешавад, пас, таҳаввулоти кадриеро дар ҳукумати кишвар интизор шудан мумкин аст. Чун дар пасманзари таҳқиқи КДАМ натиҷаи мусбиеро интизор шудан номумкин аст, он ҳам ба нафъи Алимардон, ки дар ин авохир атрофи номи ӯ дар ВАО сару садоҳои зиёде матраҳ мебошанд. Пас метавон ба ин натиҷа расид, ки аз сафари навбатии ҳайати Тоҷикистон бо сарварии ҷаноби Алимадон ба Бишкек натиҷаи матлубро интизор нашуд, ҳам аз нигоҳи мухолифатҳои ҷойдошта дар масоили баҳсии марзӣ ва ҳам аз нигоҳи равонӣ, ки сарвари ҳайати Тоҷикистон баъд аз ҷаласаи ҳукумат эҳтимол мувоҷеҳи он гардидааст.

More From Author

You May Also Like