Марҳимуллоҳ, хатиби масҷиди деҳаи Чиламазори шаҳри Ваҳдат изҳори бехабарӣ аз тахриби манораҳои назди масҷид карда, гуфт “не, рости гап, ман нав фаҳмидам ин гапро. Ҳозир ба масъулон занг зада пурсам, ку чӣ гап аст”.
Ҳамчунин аз мо пурсид, ки кӣ ба мо шикоят кардааст дар ин масъала. Оқои Марҳимуллоҳ иброз дошт, ки аз сабаби дур будани роҳ дар як ҳафта як маротиб дар рӯзҳои ҷумъа ба масҷиди мазкур меравад. “Роҳам дур аст, наметавонам ҳамарӯза ба масҷид равам, аз ин рӯ рӯзҳои ҷумъа ба намоз меравам, вале ингуна хабар нест”.
Номбурда қайд кард, ки ҳама вақт он ҷо намоз хонда мешаваду ин гап асос надорад. Дар масъала овардани кранҳо хатиб баён дошт: “Ман як занг зада пурсам, ки агар кранҳоро нав наоварда бошанд, инхел гап набуд”. Ин гуфтаҳои хатиб дар ҳолест, ки чандин нафар аз сокинони деҳаи Чиламазори шаҳри Ваҳдат шикоят аз он карданд, ки ҳукумати шаҳр мехоҳад манораҳои масҷиди деҳаро тахриб кунад.
Бошандагони ин деҳа мегӯянд, намояндагони ҳукумат далели тахриб кардани манораҳоро дар аз ҳад баланд будану чашмрас будани онҳо гуфтаанд. Ҳатто иброз медоранд, ки манораҳо баланд буда, қаввати кранҳои овардаашон намерасад.
Бояд гуфт, ки масҷиди деҳа дар сари роҳи мошингарди Ваҳдат-Файзобод ҷойгир буда, дарозии манораҳои бари масҷидбуда 25-метрӣ мебошанд.
Далели шикояти сокинон дар он аст, ки онҳо мегӯянд мабодо бо баҳонаи паст кардани манора худи масҷидро тахриб ё баста накунанд. Ҳарчанд хостем бо ягон нафар аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ ҳамсуҳбат шавем, аммо натавонистем.
Бояд гуфт, ки сохтмони масҷиди деҳа ду сол қабл бо раҳбарии марҳум Меҳроби Мирзо, хатиби ин масҷид оғоз ёфтааст, ки барои ду ҳазор намозгузор пешбинӣ шуда, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.