Categories Ахбори рӯз

“Беқонуниятӣ – беқонуниятӣ мезояд”

Ба иттиллои бархе
манобеъи хабарӣ омори содир шудани ҷиноят дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Агар
баъзеҳо бекорӣ ва бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоиро омили рушди ҷинояткорӣ дар
кишвар донанд, вале баъзеи дигар беамалӣ ва аз вазифаи асосӣ дур мондани ҳомиёни
ҳифзи ҳуқуқро сабаби аслӣ дар рушди ҷинояткорӣ меҳисобанд. Ин гуфтаро Аҳлиддин
Нуров, коршиноси масоили ҳуқуқӣ таъйид намуда, мегӯяд: – Вақте баъзе кормандони
милиса ва ҳифзи ҳуқуқ худ даст ба ҷиноят мезананд, ё баъзе афроди мансабдор ба
ҷавобгарӣ кашида нашуда, бо пардохти “ҷарима”-и сабук аз ҷавобгарӣ озод
мешаванд, табиист, ки ҷинояткорӣ рӯ ба афзоиш меорад. Ба таъкиди А. Нуров, “беқонуниятӣ-беқонунияти
мезояд”.

Ин дар ҳолест, ки ба
иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ танҳо дар нимаи аввали моҳи май
зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар
манотиқи мухталифи кишвар аз даҳ бештар ҷинояти хусусияти гуногундоштаро ошкор намуданд.
Аз ҷумла, ин ниҳод дар сомонаи худ оид ба дуздии мошин, гаравгонгирии
писарбачаи 5-сола ва ғоратгариву роҳзанӣ иттило дода, аз боздошти ҷинояткорон
ва гумонбаршудагон хабар медиҳад.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо
иттило доданд, ки Мирзоаҳмад Камолов, сокини шаҳри Кӯлоб барои расонидани
ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ аз тариқи “се зарбаи корд ба шикам”-и Сӯҳроб
Исмонқулов, нозири БДА боздошт шудааст. Бо истинод ба мақомоти ВКД, расонаҳо
иттило доданд, ки ин сокини Кӯлоб аввал ба фармони нозири роҳ итоат накарда,
танҳо баъди аз қафояш шудани Исмонқулов мошинро нигоҳ доштааст. “Ҳамон
вақт ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ бо се зарби корд нозири роҳро маҷрӯҳ
кардааст,”-гуфтааст як манба ба хабарнигори радиои “Озодӣ” аз Раёсати
умури дохилии шаҳри Кӯлоб. Аммо баракси ин гуфтаҳо, шоҳидони ҳол баринанд, ки нозирони
БДА барои риш ва эҳсосоти динӣ бо боздоштшуда вориди баҳс шуда, ба риш ва худи ӯ
тамасхур ва дашном додаанд, ки боздоштшуда худро нигоҳ дошта натавониста, даст
ба “отверка” бурда, ба сӯи нозирони БДА ҳамла кардааст.

Зимнан бояд ёдовар шуд, ки қонуншиканиҳои ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва поймол шудани
ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи онҳо хелеҳоро нигарон кардааст. Моҳи
гузашта роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз даҳҳо чунин қонуншиканиҳо
ва поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои аъзои ин ҳизб унвонии Вазири корҳои дохилии
Тоҷикистон шикоят бурда, хоҳони расидагӣ ва пешгирӣ аз ин қонуншиканиҳо шуда
буд.

More From Author

You May Also Like