Categories Ахбори рӯз

Азизуллоҳ Камолов ба додситонӣ рафт, вале…

Азизуллоҳ Камолов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Данғара имрӯз ба прокуратураи ноҳия Данғара ҳозир шуд, вале мушкилоти аслӣ, ки гӯё напардохтани иҷорапулӣ будааст, баррасӣ нагашт.
Сайидалӣ Тағоев, як масъули бахши ҳизб дар ноҳияи Данғара гуфт, Азизуллоҳ Камолов ба прокуратураи ноҳияи Данғара даъват шуд, аммо Шарифзода Бахтиёр, ёрдамчии прокурор ҳуҷҷатҳои лозимиро ҳамчун далел барои напардохтани пули иҷора пешниҳод карда натавонист.
Сайидалӣ Тағоев мегӯяд, «қароргоҳи бахши ҳизб дар бинои идораи кишоварзии ноҳия буд ва чанде пештар бино ба тобеияти ҳукумати ноҳия гузаронида шудааст, аз ин рӯ, талаб доранд, то ҳуҷҷатҳои пардохти иҷорапулиро пешниҳод намоем».
Ӯ мегӯяд, ҳашт сол боз бахши ҳизб идораро ба иҷора гирифтааст, чун борҳо барои ба расмият даровардани асноди иҷораи дафтар ба идораи кишоварзӣ муроҷиат кардаанд, масъулин гуфтаанд, ки “муваққатан ҳамин хел фаъолият кунед, баъд ҳамаашро дуруст мекунем», аммо имрӯз кор ба ин дараҷа расидааст.
Ба андешаи Сайидалӣ Тағоев, масъулин мехоҳанд идораро бо ягон баҳонае аз худ намоянд, вале баҳонаи дақиқ пайдо карда натавониста истодаанд.

More From Author

You May Also Like