Беҷуръатӣ

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода


Баъзеҳо мехоҳанд бо истифода аз созмон додани нишасту муколамаҳое таърихи начандон дури миллат ва кишварро бисозанд, ҳадди ақал маводеро ҷамъоварӣ намоянд, ки насли баъдӣ дар асоси ин аснод ва диду назарҳо китоберо таҳия созанд, ки он ба истилоҳ таърихи ҷангу сулҳи тоҷикон номгузорӣ шавад. Албатта, барои расидан ба ин ҳадаф, бахусус ошкор кардани ҷанбаҳои воқеъии ин давраи таҳаввулотии миллат бояд шоҳидон ва ширкатдорони айнӣ, инчунин касоне, ки сари ҷузъиёти расидан ба сулҳ шарик буданд, бояд азхудгузарӣ зоҳир намуда, тамоми ҷанбаҳои масъаларо ба таври ошкор ва мунсифона иқрор намоянд, вале суоли матраҳ ин аст, ки оё чунин фурсат ва имконияте ҳаст, ки онҳо бо як ҷасорати хос пардаи асрор бидаранд ва ҷанбаҳои норӯшани ин раванди таърихиро ошкор бигуянд?

Ахиран, дар яке аз ҳамин гуна нишастҳо Талбак Назаров, олими шинохта, собиқ мақомдори аршад дар низоми феълии давлатдорӣ, шоҳид ва иштирокчии муколамаҳои сиёсӣ ва ба имзо расонандаи чандин санадҳои муҳими дохилӣ ва байналмилалии кишвар ҳузур пайдо кард. Ҳозирин умед доштанд, ки ӯ баъд аз берун рафтан аз қудрати сиёсӣ ҷузъиёти ин равандҳои боисгардида ба ҷанг ва расидан ба сулҳро ҳамчун олим ба риштаи таҳлил кашидааст ва зимни суҳбат мавқеъу назари хешро доири мавридҳои алоҳида, ҳадди ақал фазои муколамаи сиёсии ду ҷониби сулҳ ошкор месозад, аммо афсӯс, ин марди шариф ҳатто ҷузъитарин омилро, ки кишварро ба ҷанг кашид ва баъдан, онро ба сулҳ овард, нагуфт ё аз гуфтанаш сарпечӣ кард. Танҳо гуфт, ақли солим ғалаба кард.

Оё ақли солим ҳамин аст, ки аввал меравем ба ҷангу баъд сулҳ мекунем? Ягона сабаберо ӯ дар шиъорпароканиҳои донишҷӯёни вақти Душанбе дид, ки гӯё ҳамин масъала, яъне маҳз «нест бод арманиҳо» гуфтани донишҷӯён ва ба вуқуъ пайвастани митинги февралии соли 1990 кишварро ба ҷанг бурдааст, ки инро дар доираҳои таҳлилӣ ҷиддӣ намегиранд, агарчи ин гуна иқдомҳо баҳонаҳое буданд. Пас, вақте чунин чеҳраҳои таърихӣ имрӯз аз шарик ё огоҳ будани хеш дар ин ва ё он раванди таърихӣ ошкоро чизеро иқрор намешаванд ва ҳамаро ҳаволаи насли баъдӣ мегузоранд, пайдо кардани сарманшаи мушкилоти Тоҷикистон ғайриимкон аст. Чунин диду назарро аз забони чеҳраҳои сиёсии дигар ҳам шунидаем, ки «имрӯз ҳама чизро гуфта намешавад».

Бале, садри нишасти онрӯза ба як шакле имкони ошкор нагуфтанҳо дар мавриди баъзе ҷузъиёти муҳими ин раванд ва ба нашр нарасидани онҳоро иқрор ҳам кард, «вақте як ҳукумати муътадил ба вуҷуд омад», ин корро кардан мумкин аст. Агар ин тавр ҳаст, бигузор, ҳамин гуна «ҳукумати муътадил» рӯйи кор биёяд ва баъдан ҷанбаҳои муҳими раванди ҷангу сулҳи хешро мунсифона иқрор шавему сабақи таърихӣ бигирем. Бубинед, ҷузъитарин масъаларо иқрор намешаванд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон дастури ҷалб сохтани қумандонҳои Фронти халқиеро аз Ҳисору Шаҳринав ба раванди музокирот дод? Дигар масъалаи муҳим ин аст, ки бояд онро расман ошкор намоем, оё музокароти сулҳ зери иродаи Русия мегузашт ё хайр?

Ба ҳар ҳол, ҷузъиёти нави дигаре дар ин нишаст аз ҷониби ҷаноби Талбак Назаров ошкор шуд, он ҳам таъсири сесияи 18-и Шӯрои Олӣ ва рӯ овардан ба сулҳ аз ҷониби ҳукумат будааст, яъне аз ин ҳарфҳо чунин бардошт мешавад, ки то ин давра ҳар чизе мегуфтанд, онро ҷомаи амал пӯшонида натавонистаанд. Агар чунин бошад, таблиғоти сулҳхоҳонаи ҷаноби Раҳмон дар солҳои 92-93, ҳангомасозиҳои сесияи 16, ба Кобул рафтани ӯ дар соли 1993, ки гӯё даричаи сулҳро мекофтааст ва дигару дигарҳо замина доранд?

Бо умеди пирӯзии ҳақиқат!

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like