Раисҷумҳури Чин сафари 10-рӯзаи худро ба 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия оғоз кард. Туркманистон беш аз 51% ниёзи гази Чинро таъмин мекунад. Ирон бо вуҷуди доштани марзи тулонӣ бо Туркманистон нақше дар бозори газии минтақа надорад.
Шӣ Ҷинг Пинг, раисҷумҳури Чин рӯзи сешанбе 4-уми сентябр барои сафари 2-рӯза вориди Ишқобод шуд. Вай хостори иҷрои ҳар чи сареътар тарҳи хати лулаи гази Осиёи Марказӣ ба Чин шуд. Қурбонқулӣ Бердимаҳмадов, раисҷумҳури Туркманистон Чинро шарики стратегии Туркманистон хонд.
Ширкати нафтии “Бритиш петролиюм” эълон кардааст, ки беш аз 51% гази Чин тавассути Туркманистон таъмин мешавад.
60 км долони инсонӣ барои истиқбол аз роҳбари Чин
Омон Муродбегов, таҳлилгари туркманистонӣ мегӯяд, ки бо рӯи кор омадани Бердимаҳмадов дар декабри 2006 муносибати Туркманистон бо Чин тавсеъа ёфтааст, аммо ӯ аз ин нигарон аст, ки “Чин кишвари демократӣ нест ва дар масъалаи тавсеъаи демократия дар ҷомеъа бо мо кумаке нахоҳад кард.”
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки мақомот мардум, ба вижа донишомузони мактабҳо ва муаллимонро маҷбур кардаанд барои истиқбол аз роҳбари Чин аз шаҳри Марв то Юлотон ҳудуди 60 км корридори инсонӣ эҷод кунанд.
Афзоиши нуфузи Чин ва коҳиши нақши Русия
Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 3 ҳазор км марзи муштарак дорад. Ин кишвар маҷбур аст, 95% аз ниёзмандиҳои нафти хоми худро аз хориҷ таъмин кунад. Дар солҳои гузашта ниёзи ин кишвар ба газ ба шиддат афзоиш ёфт ва кишварҳои ОМ ба яке аз манобеъи аслии таъмини энергии ин кишвар табдил шуданд.
Эстифон Мойстер, коршиноси олмонӣ дар умури газ, ки бо вазъияти энергии ОМ ва Чин ҳам ошност, мегӯяд, ки чиниҳо манобеъи молӣ ва фановарии эҷоди хати луларо доранд. Нуфузи бештари Чин дар Туркманистон боис шудааст, ки нақши Русия дар ин кишвар ҳам коҳиш ёбад. Мойстер таъкид мекунад, ки Русия даромади транзити гази Туркманистонро аз даст дода, дигар қодир нест аз ин кишвар гази арзон бихарад.
Аз сӯи дигар рӯзномаи “Ведомости”-и Русия ҳамзамон бо имзо шудани қарордоди газии Чина ва Туркманистон гузориш дод: “Дар пайи ихтилофоти мақомоти Русия ва Чин бар сари масоили молӣ, ширкати давлатии “Газпром” амалиёти сохтани хати лулаи Чинро то соли оянда ба таъхир андохт. Тасмими таъхири иҷрои ин тарҳ дар шароиет гирифта мешавад, ки Туркманистон бо афзоиши фуруши газ ба Чин мувофиқат кардааст.”
Чин ширкатҳои ирониро берун ронд
Чин бо пешниҳоди 3 миллиард доллар сармоягузорӣ тавонист монополияи тавсеъаи газ “Юлотони ҷанубӣ”, яке аз бузургтарин майдонҳои газии Туркманистонро, ки дар дасти ирониҳо буд, дар давраи Аҳмадинажод ба даст овард. Пеш аз ин қарор буд, ширкати иронии “Питропорс” амалиёти тавсеъаи блоки аввалин майдони газиро бар уҳда гирад.
Ғуломризо Манучеҳрӣ, мудири омили “Петропорс” дар он замон рафтори Туркманистонро “бар хилофи урф ва ахлоқ” васф намуда, гуфт: “Туркманистон ваъдахилофӣ” кардааст. Талоши Вазорати умури хориҷа ва нафти Ирон низ барои ҳузури ширкатҳои иронӣ, аз ҷумла “Петропорс” дар Туркманистон дар он замон бо шикаст рӯбарӯ шуд ва ширкатҳои чинӣ ҷойгузини ширкатҳои иронӣ шуданд.
Эстифон Мойстер, коршиноси олмонӣ дар ин робита мегӯяд, ки вазъияти Ирон ба далели таҳримҳо печида шуда, тавони сармоягузорӣ дар майдонҳои газии Туркманистон ва ё фурсати транзити гази ин кишварро аз даст додааст.
Табодулоти тиҷоратии Чин бо ОМ 50 баробар афзуд
Чин тавонист дар арсаи иқтисодӣ, ба вижа дар санъати нафту газ рақибҳои иронӣ, аврупоӣ ва ҳатто русии худро пушти сар бигзорад. Бино ба гузориши манобеъи чинӣ, ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Чин бо 5 кишвари ОМ ба 50 баробар расидааст. Пас аз фурупошии Шуравӣ, Чин дар бисёре аз ин кишварҳо корхонаҳои санъатӣ ва тавлидиро харидорӣ кард.
Ширкати миллии нафти Чин муштаракан бо ширкати нафтии “Муной гази Қазоқистон” ширкати нафтии “Монгисто Мунё газ”-ро харидорӣ карданд. Ин харид шомили ду майдони нафту газ ва ҳама дороиҳои ин ширкати қазоқистонӣ аст. Ин ширкати фурухташуда иҷозаи иктишофи 15 майдони нафту газ дар Қазоқистон ва майдонҳои нафтӣ дар минтақаи дарёи Хазарро дорад. Аз он гузашта, ин ширкат 36 майдони нафтӣ ва газӣ дар ихтиёр дорад.
Манбаъ: Хабаргузории Олмон