Categories ДИДГОҲ

Бзежинский: Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бар зарари худаш анҷом мегиранд

Бзежинский: Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бар зарари худаш анҷом мегиранд

Ба гуфтаи Збигнев Бжезинский, мушовири амниятии давлати Ҷимӣ Картер, президенти собиқи ИМА, ҳимояти Амрико аз Украина барои пешбурди тағирот дар Русияи путинӣ калидӣ будааст. Аммо оё Ғарб ба дунболи он ҳаст, то Русияро таҷзия кунад ва бо чанд Русия таъомул намояд?
Ҳатто бо идомаи барқарории оташбас дар шарқи Украина, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо куфтани табли таҳримҳо алайҳи Русияро идома медиҳанд. Рӯзи 12-уми сентябр дар Брюсселу Вашингтон иқдомоти наве гирифтанд алайҳи бахшҳои низомӣ ва моливу энержии Русия ва монеъи дастрасии бахши энержии ин кишвар ба техноложии пешрафта шуданд. Ин иқдом фишорро алайҳи Маскав дар сатҳи бесобиқа афзоиш медиҳад. Барои мисол, қарор нест мамнуъияти техноложӣ таъсири фаврие руи тавлиди нафт дошта бошад, аммо ҳадаф коҳиши тавоноӣ ва зарфияти Маскав барои ҳифзу афзоиши тавлиди худ дар 5 -10 соли ояндааст.
Дар воқеъ Кремл лоиқи таҳримҳои нав аст ва шояд бештар ҳам, аммо ин ҷазоҳо як стратегӣ маҳсуб намешаванд. Ин таҳримҳо ёдовари аз гузашта буда, авоқиби нохостаи сиёсатҳои ғарбӣ дар қиболи Шӯравӣ, дар даҳаи 1980-ро дар зеҳнҳо зинда месозад.
Яке аз достонҳо дар бораи поёни ҷанги сард ва суқути Шӯравӣ ба дархости Уильям Кейсӣ, мудири CIA (Созмони ҷосусии Амрико) дар давлати Роналд Рейган, дар авоили даҳаи 1980 марбут мешавад, ки аз Арабистон хоста буд, то тавлидоти нафти худро ба манзури коҳиши нарх афзоиш диҳанд. Нафт содироти аслии Шӯравӣ буд, аз ин ру, ин амал метавонист ба варшикастагии Шӯравӣ мунҷар шавад. Арабистон ин корро кард ва нархи нафт поин рафт, бақияи моҷаро бошад дар таърих сабт ёфтааст.
Фориғ аз номумкин ва содда будани он, идеяи масъул будани Ғарб, хусусан ИМА барои суқути Шӯравӣ ва мушкилоти Русия, ҳамчунон дар хотираи ҷамъи нухбагон ва мардуми Русия боқӣ мондааст. Ин зеҳният, ки ИМА ба сурати фаъолона ба дунболи тағйири режим дар Шӯравӣ буд, асоси ривояти миллигароёни ин кишварро шакл дода, зуҳури Путинро дар ин кишвар ҳамвор сохт.
Имрӯз ҳам бисёре дар Русия ҳамчунон муътақиданд, ки ҳадафи ниҳоии Вашингтон тағйири режим аст. Онҳо ҳимояти Ғарб барои инқилоб дар Украинаро марҳилае миёнӣ барои иқдомоти мушобеҳ алайҳи давлати Путин дар Русия мебинанд. Бзержинский, касе, ки дар Русия ба унвони мутафаккири амрикоӣ дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ бисёр мавриди эҳтиром аст, гуфтааст: Ҳимоят аз Украина барои пешбурди тағирот дар Русияи путинӣ калидӣ буд”.
Пас Русия ҳадафи баъдии барандозии Ғарб мебошад. Бо ҳамин зеҳният аст, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, на сирфан фишанге барои тағйири сиёсати хориҷии ин кишвар, балки ба унвони василае барои тазъифи Русия, сарнагунии давлати Путин, таҳрики ҷунбишҳои умумӣ ва дар ниҳоят эҷоди як ҳукумати дастнишонда таъбир мешавад. Ду моҳ пеш Путин ба Шӯрои амнияти худ гуфт, ки душманони хориҷӣ дар талошанд, то аз тариқи “пешбурди демократия” Русияро тазъиф кунанд.
Ҷудо аз ин ки масъала танҳо як таваҳҳум аст ё на, аммо агар ин зеҳният не, сиёсатҳои Ғарб бо ҳадафи тағйири режим, дар байни мардуми Русия ба як бовар табдил шавад, осори манфии он аз режими Путин бештар боқӣ хоҳад монд. Агар ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо куфтани табли таҳримҳои бештар месозанд, масъули тавсеъаи бӯҳрони фаротар аз марзҳои Украина худи онҳо ҳастанд.
Масъалаи суқути давлати Путин ҷиддист. Зеро соли 1985 замоне ҳамдастии эҳтимолии Кейсӣ бо Арабистон мунҷар ба коҳиши нархи нафт шуд, ҳеҷ кас пешбинӣ намекард, ки 6 сол баъд Шӯравӣ фуру мепошад. 6 сол нисбат ба замонбандии феълии таҳримҳо алайҳи бахши энержии Русия, ки 5 -10 сол аст, замони зиёде нест.
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст ва дар он даҳҳо ақалияти қавмӣ бо тақсимбандиҳои ҳукуматии гуногун зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз ин гуруҳҳо дар даҳаи 1990, ҳамзамон бо суқути Шӯравӣ ва адами суботи сиёсиву иқтисодӣ дар Русия, дам аз истиқлол заданд. Чечен поро фаротар гузошт ва эъломи истиқлол кард, ки мунҷар ба як ҷанги хунин дар Қафқоз шуд.
Бояд пазируфт, ки суқут ва чанд пора шудани Русия бисёр дур аз воқеият аст, аммо идеяи он ки Путин барои ҳамеша дар Кремл бимонад, ин тарз нест. Ҷонишини вай чигуна хоҳад буд? Агар хусуматҳои ҷорӣ боқӣ бимонад ва таҳримҳо низ беш аз гузашта ба ин кишвар фишор биоранд, баъид нест, ки раҳбари баъдии Русия ба маротиб фарде бештар аз Путин зидди Ғарб ва сарсахттар низ бошад. Ин оқибатест, ки ҳеҷ кас хоҳони он нест.
Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like