Дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон аз 28 – уми май то 1 – уми июни соли равон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардида, ки дар он Мавзуна Чориева, муштзанбонуи тоҷик ва Меҳроҷиддин Каримов, муштзани тоҷик ширкат намуда, ғолибият ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқа варзишгарони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд.
Дар ин сабқат Мавзуна Чориева дар вазни то 60 килограм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кардааст ва Меҳроҷиддин Каримов бошад, дар вазни беш аз 91 килограм ба ҳарифонаш дастболо гардидааст.
Барои чунин як пирӯзӣ варзишгарони тоҷик ба гирифтани медали тилло мушарраф гаштаанд.