Categories ҶОМЕА

Бозгашти Мурсӣ ба кохи риёсат

Дафтари риёсати Ҷумҳурии Миср эълон намуда, ки Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури ин кишвар дубора ба мақарри кории худ бозгашт. – Дар ин бора хабаргузории “Форс” гузориш додааст.

Ин дар ҳолест, ки дафтари раёсати ҷумҳурии Миср шоми дирӯз, 4 -тдекабр эълон намуда буд, ки оқои Мурсӣ ба хотири таҷаммуи тазоҳургарон дар атрофи кохи риёсати ин кишвар ва шиддат гирифтани даргирии байни нерӯҳои пулис ва тазоҳуркунандагон мақарри кори худро тарк намудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дирӯз 4 – декабр даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Қоҳира пойтахти Миср дар назди кохи риёсати ҷумҳурӣ дар эътироз ба судури фармонҳои ахири Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури ин кишвар даст ба тазоҳурот задаанд.

More From Author

You May Also Like