Иқтисод ва қурби пулро бо роҳи фишор нигаҳ доштан номумкин аст

Буҳроне, ки дар Русия оғоз шудааст, зарбаи сахттар ба Тоҷикистон хоҳад зад ва эҳтимол як доллар баробар ба ҳафт сомонӣ дар аввали баҳор ва даҳ сомонӣ дар тирамоҳ бирасад. Ин ҳадди камтарин қурбест, ки ба сомонӣ расонида мешавад. Зеро иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия ва сомонӣ ба рубл сахт пайванд мебошанд. Агарчи иқтисоди Русия қудрати муқовимат ба ин буҳронро дорад, вале дар мо тахминан иқтисод ҳам вуҷуд надорад. Гардиши иқтисоди Тоҷикистон асосан ба пули муҳоҷират вобастааст, ки аз рӯи маълумоти бонкҳо ҳар сол ҳудуди 4 миллиард доллар ворид мешавад. Феълан танҳо аз ҳисоби қурби рубл ин маблағ аллакай 30% кам шуд. Агар ихроҷи феълии 100 ҳазор муҳоҷирро аз Русия зам намоем, шояд вуруди маблағ ду баробар кам шуда бошад. Аввалин таъсири он аллакай эҳсос шудааст, вале ин дар аввали баҳор бештар эҳсос хоҳад шуд. Замоне ки захираҳои як миллион муҳоҷир ба камтарин ҳад расиданд, онҳо ба сарфакунӣ оғоз мекунанд. Аввалин таъсири ин сарфакунӣ ба бозори ғайри хӯрока хоҳад расид, ки ҳудуди 30%-и ин гуна тоҷирон шояд то тирамоҳ муфлис шаванд. Бозори мошин аллакай ба буҳрон ворид шудааст. Бозори хӯрока ҳам дар тобистон ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд, махсусан молҳои ниёзи аввалия (орд ва равғану биринҷ).

Бо муфлисшавии қисме аз тоҷирон, воридот ҳам кам мешавад ва дар натиҷа пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз, ки даромади аслии буҷаи кишварро ташкил медиҳанд, ба ҳамин андоза, ҳатто бештар аз он коста хоҳад шуд. Барои пур кардани холигии пайдошуда дар буҷа фишори ҳукумат болои қисми боқимондаи тиҷорат бештар мешавад, ки ба муфлисшавӣ ва фирори боз як қисми он мебарад.

Тирамоҳ нархи хона поён хоҳад рафт ва сохтмони манзил, ки алъон авҷ гирифтааст, ба камтарин ҳад хоҳад расид, ки натиҷааш бекор мондани боз ҳазорҳо нафари дигар мегардад.

Дар натиҷаи беқурбшавии сомонӣ имкони зиндагии кормандони буҷавӣ ҳам ду баробар кам мешавад, ки ин ба рушди фасод ва зиёдшавии сафи муҳоҷирон (агар Русия вориди ҷанг нашавад ё дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирон набандад) мебарад. Тирамоҳ мактабҳо ба сабаби ҳиҷрати қисме аз муаллимон ба норасоии кадр рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Буҳронҳои соҳавӣ зарбаи

дигаре ба буҷа

Камшавии захираҳои пулӣ ва сарфакории аз ҳад зиёд, муфлисшавии 30% туҷҷори молҳои ғайри хӯрокворӣ ва баъдан хӯрокворӣ, беқурбшавии пул, буҳрони шадиди бозори мошин, бозистодани сохтмонҳои хурду бузург ва ғайра ба камшавии талаботи маводи сӯхт оварда мерасонад, ки дар натиҷа воридоти он ҳам кам мешавад ва ин зарбаи дигарест ба буҷа.

Ба воридоти маводи сӯхт таъсири дигар ба ихтисори хатсайрҳои ҳавоӣ байни Русияву Тоҷикистон хоҳад гашт, ки дар натиҷаи гум кардани қобилияти харидории чипта аз тарафи муҳоҷирони корӣ пеш меояд. Ин ихтисоршавӣ ба камшавии даромади фурудгоҳҳову даҳҳо хадамоти дигари ин соҳа, ки миллионҳо сомонӣ андоз месупоранд, боис мешавад ва ин ҳам бар зарари буҷа тамом хоҳад шуд.

Зарбаи дигари ба иқтисоду тиҷорат воридшаванда, пастшавии нархи меваи хушк бо сабаби беқурбшавии рубл ва заъфи тавони харидории харидорони аслии он аст. Арзонии меваи хушк ин ворид нашудани боз садҳо миллион доллар, заъфи тавоноии харидории даҳҳо ҳазор нафар, бозистодани азхудкунии заминҳои наву суст шудани коркарди заминҳои корам дар шимоли кишвар ва барои чанд соли дигар ба қафо афтодани рушди коркарди меваи хушк дар ҷануб мебошад.

Низоми бонкӣ

қудрати муқовимат ба буҳронро надорад

Иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа ҳукуматро водор месозад, ки сохтмонҳои бузург аз қабили Роғунро боздорад ё ҷудосозии маблағро ба ҳадди минималӣ расонад. Норасоии маблағ дар буҷа ҳатман ба таъхирандозии пардохти маоши пеш аз ҳама муаллимон оварда мерасонад ва ин раванд ҳиҷрати онҳоро метезонад.

Сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббии навро ҳам метавон барои чанд сол фаромӯш кард. Ин ҳама камшавии ҷои кор аст.

Камшавии вуруди пул бонкҳоро ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ месозад, ду баробар камшавии интиқоли пул ба ҳамин адад камшавии гардиши он ва пасандози мардум дар бонкҳост. Дар навбати худ ин ба заъфи тавоноии қарздиҳии бонкҳо ва баланд шудани фоизи қарз оварда мерасонад, ки зарбаи дигаре ба тиҷорат мегардад. Низоми бонкии Тоҷикистон қудрати муқовимат ба буҳронро надорад ва ин буҳрон низоми шаклгирифтаистодаи бонкии моро метавонад ба ҳам занад. Муфлисшавӣ ё заъфи молии бонкҳо ба коҳиши дубораи боварии мардум нисбат ба онҳо оварда мерасонад, ки ин шикасти ҷуброннопазири низоми бонкӣ ва умуман иқтисоди кишвар хоҳад буд. Фишори давлат болои тиҷорат барои пур кардани холигии пайдошуда дар буҷа ба фирор ё ҳадди ақал ба соя рафтани он оварда мерасонад, ки зарбаи дигар ба низоми бонкӣ мешавад. Инчунин муфлисшавии туҷҷор ва коҳиши нархи хона, манзилу камшавии харидор ҳазорҳо нафарро аз қобилияти пардохти андоз берун мекунад ва дар натиҷа бонкҳо қарзи додаашонро баргардонида наметавонанд. Муфлисшавии зиёди туҷҷор ва фурӯши гаравҳои гузоштаи онҳо аз тарафи бонкҳо зарбаест ҳам ба нархи хонаву манзил ва ҳам ба бовари мардум нисбати бонкҳо.

Колапс ё сакта

Буҳрони иқтисодӣ, тазъифи низоми бонкӣ, бидуни ҳеҷ даромад мондани садҳо ҳазор оила (депортшудагон аз Русия) ва то 30% коҳиш ёфтани даромади буҷа барои яке аз қашшоқтарин кишварҳо чизе ҷуз коллапс ё сакта нест.

Ҳукуматро лозим аст, ки оҷилан (ҳарчанд ин баъид ба назар мерасад) аз паи илоҷи воқеъа шавад. Зеро таъхир дар ин кор ба низоми давлатдорӣ ва мавҷудияти кишвар таҳдид мекунад. Иқтисод ва қурби пулро бо роҳи фишор нигаҳ доштан номумкин аст, баръакс ин тарзи коргузорӣ уфти онро метезонад. Танҳо озодии комил ва шаффофият иқтисодро наҷот медиҳад.

Албатта, ҳукумат мекӯшад то интихобот қурби сомониро бо ҳар роҳ то ҳадде нигоҳ дорад, аммо ин кор баъид ба назар мерасад, ҳатто то рӯзи интихобот ҳам. Баъд аз интихобот мо шоҳиди «афтодани озод»-и сомонӣ хоҳем гашт. Пас чӣ бояд кард? 

Имкони пешгирии буҳрон, албатта, аз даст рафтааст, аммо ба назари мо метавон таъсири онро то ҳадде кам кард. Пеш аз ҳама ҳукумат бояд мардумро бовар кунонад, (агарчи ин хеле мушкил аст), ки мехоҳад ва метавонад кишварро аз коллапс ё сакта наҷот диҳад. Зеро воҳимаи буҳрон ин ҳолатро шиддат мебахшад.

Зарурати ҷалби

мутахассисони гурҷӣ

Агар даҳшати ногузирии буҳрон мардумро фаро гирад, он танҳо амиқтар мешавад. Барои ин як ислоҳоти бузург ва тағйироти кадрии воқеъӣ ва саросарӣ зарур аст. Танҳо азхудгузаштагӣ ва овардани кадрҳои воқеъан тавонову мардумӣ метавонад мардумро бовар кунонад, ки ҳукумат аз паи ислоҳот аст.

Баъдан ҷалби мутахассисони хориҷӣ, масалан гурҷӣ зарур аст. Гурҷистон тавонист бо роҳандозии ислоҳот дар кӯтоҳтарин муддат аз як кишвари қафомондаи пасошӯравӣ ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ табдил шавад. Таҷрибаи ин кишвар ҳам нав аст ва тамоми онҳое, ки он ислоҳотро ба роҳ андохта, кишварро наҷот доданд, сари коранд.

Сипас, Тоҷикистон бояд оҷилан барномаи раҳоии иқтисодиву сиёсиро аз зери таъсири Русия омода ва роҳандозӣ намояд. Алъон, ки Русия дар буҳрони амиқ фурӯ рафта истодааст, беҳтарин фурсат барои ин кор вуҷуд дорад. Албатта, раҳо кардани дӯстон ҳангоми гирифторӣ кори хубе нест, аммо назари шахсии банда ин аст, ки Русия он қадар дӯст ҳам нест ва пайваста аз заъфи мо истифода кардаасту мекунад. Барои ин кор ҳам метавон аз таҷрибаи гурҷиҳо истифода кард. Агарчи раҳоии куллӣ аз Русия, ҳатто дар як даҳсола ҳам имкон надорад, вале бояд ҳатман аз паи он бошем. Агар ҳамин барнома масалан 5-10 сол пеш роҳандозӣ мешуду ҳадди ақал барои ними муҳоҷирон кишвари дигаре барои кор пайдо мегашт, имрӯз то ин ҳад ба рублу ба иқтисоди Русия пойбанд намешудем ва буҳрони Русия буҳрони мо қарор намегирифт.

Роҳандозии ислоҳот ба замми ҷалби бовари шаҳрвандон, беҳтарину осонтарин роҳи ҷалби сармоя аст, бахусус сармояе, ки аз Русия дар ҳоли фирор аст.

Роҳи дигари бовар кунонидани мардум ба ислоҳот ва ҷалби сармоя, баргузоркунии интихоботи воқеъан шаффоф ва рӯи кор омадани парлумони мардумист.

Барои дар кӯтоҳмуддат костани шиддати буҳрон ва беқурбшавии пули миллӣ чанд миллиард доллар зарур аст. Албатта, ҳеҷ кишваре чунин қарз намедиҳад. Роҳи ягонаи дарёфти чунин маблағ, ҳарчанд афсонавӣ ба назар расад ҳам, маҷбуран баргардонидани пулҳои дуздидашуда аз тарафи вазиру кабир аст.

Ислоҳоти иқтисодӣ чи гуна ва бо кадом роҳ бояд гузарад, албатта дар салоҳияти иқтисоддонҳост, ки бовар дорам дар кишвар кам нестанд. Агар кам ҳам бошанд, ҷалби онҳо аз хориҷ кадом кори мушкиле низ нест.

Шахсан ба ин боварам, ки пеш гирифтани роҳи ислоҳот ҳатмист. Аммо вақте кишвар дар вазъияте қарор дорад, ки аз рӯи қоидаи муайянкардаи Ленин «қишри поёнӣ дигар чунин зиндагӣ кардан намехоҳад ва нухбагон дигар идора карда наметавонанд», нодида гирифтани буҳрон ва аз паи ислоҳот нашудан нуқтаи таммат гузоштан ба ҳукумати худ аст.

Абдуманнон

Шералиев , аз н. Ашт

More From Author

You May Also Like