Categories Uncategorized

Рӯзноманигорон ходимони хоҷагони бегонаанд?

nahzat.tj

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шахсияти Мамадбоқир Мамадбоқиров ва “роҳандозии барномаи тарҳрезишудаи хориҷиҳо” расонаҳои дохиливу хориҷиро ба “қаҳрамони озодихоҳ” тарошидан айбдор мекунад, гуфтааст Прокуратураи генералии дар як матуби худ.

Инчунин дар ин мактуб омадааст: “…соҳибқаламони дохиливу берунӣ комилан барномаи тарҳрезишудаи бегонагонро роҳандозӣ менамоянд ва ё худ амру супориши хоҷаеро иҷро мекунанд, ки нисбати давлату миллати мо носипосу душмананд…”.

Дар ин мактуб дар бораи Мамадбоқир Мамадбоқиров гуфтааст, ки: “Мамадбоқир Мамадбокиров аз айёми кудакӣ дар маҳал ва мактабаш бо авбошӣ ва бадгусоли ном бароварда буд. Баъд аз адои хизмат дар соли 1986 ҳангоми таҳсил дар шаҳри Душанбе ҷинояти авбошӣ содир карда, бо ҳукми суди ноҳияи Октябри ш. Душанбе бо моддаи 220 қисми 2 (авбоши)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶШС Тоҷикистон) ба муҳлати 3 сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст. То солҳои 1992 дар мақомоти таъминоти барқ ба сифати коргар кор кардааст».

Ин чунин гуфта шудааст, ки пас аз нооромиҳои соли 1991 аз шароити мусоид истифода намуда, худро ба канори фардҳои ба ӯ монанд, ки дар ниқоби «демократия» ва «озодӣ» мақсадҳои нопоки худро пайгир буданд, ҳавола дод… Аз Давлати исломии Афғонистон яроқ харидорӣ намуда, мусаллаҳ гашта, ба «Боқир- қумандон» мубаддал гашт.

Боқир ва ҳамяроқонаш дар ягон муқовимати сиёсӣ ҳарбӣ аз тарафи размандони ИНОТ иштирок накардааст ва танҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ, водии Ғунд ва ноҳияи Мурғоб ба ғорати молу амволи ғайр ва озори мардум машғул гаштааст.

Соли 2007-ум дар асоси Протоколи созиш Мамадбоқиров М. ба рутбаи полковник сарфароз гардонида шуда, ба ҳайси сардори комендатураи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб таъйин карда мешавад.

Дар робита ба ин масъала, журналистони Тоҷикистон ба ин айбномаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд.

More From Author

You May Also Like