Шоми 26-уми апрел Комиссияи мустаъқили интихоботии Афғонистон натиҷагириҳои аввалияи интихоботи президентиро эълон кард, вале дар он кадом номзаде баранда нашуд. Агар натиҷагириҳо расман тайид шаванд, доктор Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври дувум бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Комиссияи мазкур омори натиҷагириҳои аввалияро дар ҳузури нозирони интихоботӣ ва намояндагони ВАО эълон карда гуфтааст: Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай пешсаф буда, мутаносибан 44,9% ва 31,5% раъй касб карда, шаш номзади дигар камтарин раъйро ба даст овардаанд, аз ҷумла:
– Залмай Расул -11,5%,
– Абдурраб Расули Сайёф -7,1%,
– Қутбиддини Ҳилол – 2,8%,
– Муҳаммадшафиқи Гулоқо Шерзай-1,6%,
– Довуди Султонзӯй – 0,5%
– Ҳидоят Амин Арсало – 0,2%.
Бо вуҷуд, тавре комиссияи интихоботӣ гуфтааст, фисадҳои эълоншуда ниҳоӣ нестанд ва баъд аз расидагии комил ба шикоятҳо аз сӯи комиссияи хос натиҷаи ниҳоӣ эълон мегардад, баррасии ин масъала 18 рӯзи дигар идома меёбад.
Тавре аз гузоришҳо маълум мегардад, зимни натиҷагириҳои аввалияи интихобот варақаҳои зиёде аз қуттиҳои раъй ботил эълон шудаанд. Эълони ниҳоии натиҷагирӣ аз интихоботи президентӣ рӯзи 14 май баргузор хоҳад гашт ва танҳо дар сурати тағйири ҷиддӣ пайдо накардани натиҷагирии ниҳоӣ даври дувуми интихобот баъд аз ду ҳафтаи дигар, эҳтимол 28 ё 29 май баргузор мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо боварии комил гуфтааст: Дар асари нобуд сохтани тамоми оқибатҳои тақалубу тахалуфҳо имкони ғолиби мутлақ гаштани ӯ имкон дорад.
Комиссияи мустаъқили интихоботӣ эълон дошта, ки дар интихобот 6.892816 интихобкунада ширкат кардаанд, ки 64%-и он мард ва 36%-ашро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамчунин аз ширкати занон дар интихобот изҳори қаноъатмандӣ мешавад.
234674 раъй бо ҳар далил аз ҳисоб берун карда шудааст.
Аммо таҷрибаи дигареро низ дар интихоботи қаблии президентӣ дар Афғонистон шоҳид будем, ки яке аз номзадҳо, он ҳам Абдуллоҳ Абдулоҳ аз ширкат дар даври дувум канор рафта гуфта буд: Маҳз масъулини аршади комиссияи интихоботӣ дар тақалубҳо даст доранд.
Ҳомид Карзай, ки дар рақобат бо ӯ, ҳамчун президенти амалкунанда ширкат мекард, дархости Абдуллоҳро пазиро нашуд.
Ҳоло шароиту дигару вазъият ҳам фарқкунанда аст, пас бубинем, ки оқибати баҳсҳои интихоботӣ ва рақобатҳои баъдӣ дар даври дувум то ба куҷо мерасанд ва пирӯзӣ насиби кӣ хоҳад шуд?!
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ