Мусоҳиб: Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ
14.03.2012, 18:20
Имсол шурӯъ аз моҳи январ маъракаву талошҳои интихоботӣ дар аксар кишварҳо дида мешуданд. Ба навъе имсолро соли интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ низ номидаанд. Дар Миср бори нахуст парлумони мардумӣ ба майдони сиёсат омад. Абдуллоҳ Солеҳ, президенти худкомаи Яман низ ба истеъфо рафту мардуми он раисҷумҳури навро интихоб кард ва инчунин дар Тунис раисҷумҳури худкома зери фишори мардум фирор кард. Дар Амрико ҳам номзадҳо дар талоши гирифтани бештари овозҳоянд, то дар интихоботи тирамоҳӣ ширкат кунанд.
Дар Туркманистон низ моҳи гузашта интихобот сурат гирифт ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори дуввум ин мақомро соҳиб шуд. Дар ин мавзуъ суҳбате доштем бо Ҷалолиддини Маҳмуд, масъули шӯъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ ва узви Шӯрои сиёсӣ, Раёсати олии ҲНИТ ва КМИР, ки ҳамчун нозир дар ин интихобот ширкат дошт.
–Ҷаноби Ҷалолиддини Маҳмуд, чанде пеш дар интихоботи раисҷумҳури Туркманистон ширкат доштед. Аз назари Шумо, дар он ҷо интихобот чӣ тавр гузашт ва дар қиёс ба интихоботҳои пешин ягон тағйироте мушоҳида мешуд?
– Хуб, ман дар интихоботҳои пешинаи Туркманистон набудам, аммо тавре мардуми он ҷо ва бархе нозирон мегуфтанд, интихоботҳои қаблӣ танҳо бо ном будаанд.
То ҷое мушоҳида кардам, ин дафъа дар назар интихобот воқеъӣ менамуд. Аммо оне ки номзадҳо чӣ фишоре доштанду чӣ тавр номзад шуда буданд, намедонем. Мо танҳо кушодани қуттиҳо, рафти овоздиҳӣ ва шумурдани бюллетенҳоро дар участкаҳо мушоҳида кардем. Ман дар кушодан ва бастану шумурдани варақаҳои интихоботӣ дар яке аз қитъаҳо ширкат доштам, ки назар ба мушоҳидаҳоям, хело хуб гузашт. Агар интихоботҳои мо ҳадди ақал чунин бигузаранд, бовар дорам, мардум розӣ мешаванд.
****
– Чаро ҳама вақт аз натиҷаи интихоботҳое, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ мегузаранд, нозирони байналмилалӣ ҳамеша натоиҷи онро дугуна баён медоранд; як ҷониб мусбӣ ва ҷониби дигаре онро манфӣ арзёбӣ менамоянд?
– Интихоботи Тоҷикистонро се гурӯҳ: ҳайати Созмони ҳамкориҳои Шанхай, САҲА ва ИДМ ба ғайр аз нозирони мустақил назорат мекарданд. Дар ҳар кишваре ки интихобот ба манфиати Русия ё Созмони ҳамкориҳои Шанхай анҷом меёбад, аз ҷониби тамоми нозирони ИДМ баҳои хуб мегирад. Ҳамзамон ҳар интихоботе, ки ба нафъи Амрико ва Ғарб нест, аз тариқи САҲА баҳои нохуб мегирад. Барои ҳамин солҳои ахир интихобот ба бозичаи дасти қудратҳо мубаддал шуда, ин маъракаи мардумӣ «бозигоҳ»-и онҳо шудааст.
****
– Путин дигарбора дар интихоботи ахири президентӣ дар Русия дастболо шуд. Оё президент будани ӯ ба манфиати Тоҷикистон аст ва ё дурнамои муносиботи ду кишвар чӣ хоҳад буд?
– Муносибати Русия бо Тоҷикистон хуб аст, гарчанде дар солҳои ахир баъзе сардиҳо дида мешуд. Дар миёни ҳама масъалаҳо масъалаи асосии мо муҳоҷирони кориямон мебошанд. Путин низ дар барномаи пешазинтихоботияш баъзе сахтгириҳоро нисбати муҳоҷирин пешниҳод карда буд, ки шояд ба хотири ҷалби баъзе гурӯҳҳои милатгарои рус бошад, вале агар ин кор сурат бигирад, боз мушкилии наве барои муҳоҷирини мо пайдо хоҳад шуд.
Аммо дар маҷмӯъ, нисбат ба дигар номзадҳо барои мо Путин мувофиқтар аст, вай Тоҷикистонро хуб мешиносад ва фикр мекунам, имрӯзҳо яке аз чеҳраҳои равшани сиёсати ҷаҳонӣ аст, ки ба сари қудрат омадани ӯ ба нафъи минтақа ва бахусус Тоҷикистон хоҳад буд.
****
– Шумо солҳо узви КМИР- и Тоҷикистон мебошед. Тавре мебинем, ҳама вақт дар бораи қонуншиканиҳо дар рафти интихоботҳои кишвар дар расонаву нишастҳо ҳарф мезананд, вале кам мебинем, ки аъзои КМИР дар ин бора чизе гуфта бошанд. Иллат чист?
– Мутаассифона, мардум аз салоҳияти Комиссияи марказии интихобот чандон огаҳ нестанд. КМИР- и Тоҷикистон салоҳияташ назорати интихобот дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аст, ки дар он номзадҳо аз тариқи ҳизбҳо ба Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мешаванд. Фаъолият ва назорати участкаҳои интихоботӣ дар ихтиёри ҳавзаҳои интихоботии ноҳия аст ва КМИР салоҳияти дахолат карданро надорад. Ҳатто худи ҳавзаҳоро ҳам ноҳияҳо таъсис медиҳанд. КМИР танҳо ҳавзаро тасдиқ ва ё рад мекунад. Овозҳоро ҳамон ҷо шумурда, протокол мекунанд, ки КМИР на раъй дораду на ҳаққи дахолату фишор. Танҳо натиҷаи интихоботро эълон мекунад. Аз ин сабаб наметавонем чизе дар бораи тақаллубу қонуншиканӣ гӯем, ки дар салоҳияти мо нест. Бояд бигӯям, ки ҳама бесарусомонӣ танҳо дар участкаи интихоботӣ сурат мегирад.
****
– Чаро дар участкаҳои интихоботӣ намояндагони ҳизбҳо ва ё номзадҳои худпешбар ба ҳайси аъзои участкаҳо роҳ намеёбанд?
– Ин масъаларо ҳам КМИР наметавонад ҳал кунад. Қонун аъзо будани намояндагони аҳзоб ва ашхоси худпешбарикардаро дар участкаҳо на иҷозат додаасту на рад кардааст. Метавонанд, ки аъзои участка бигиранд, зеро қонун зид нест, вале фазое вуҷуд дорад, ки намояндагони аҳзоб, бахусус ҲНИТ-ро намегиранд. Масалан, қонун иҷоза додааст, ки ҳизбҳо бояд нозир дошта бошанд ва инро ҳеч кас наметавонад рад кунад. Лекин барои аъзои участка будан ҳизбҳои сиёсиро лозим аст, дар қонуни алтернативии интихобот талаб намоянд, ки сареҳу равшан иштироки намояндагони аҳзобро дар участкаҳои интихоботӣ иҷозат бидиҳанд.
****
– Суоли дигаре дорам берун аз мавзӯъи мавриди баҳси мо. Соли гузашта Абдуллоҳи Раҳнамо нисбати ҲНИТ гуфта буд, ки «андешаи бузург дар дасти нирӯи заъиф» аст. Матбуоти даврӣ борҳо дар ин бора навишту қисмате аз сиёсатмадорон низ аз он хуб истифода карданд. Метавонед каме муфассалтар бигӯед, ки ин андеша то куҷо воқеият дорад?
– Албатта, аз роҳҳои гуногуне дастгоҳҳо амал мекунанд, зеро дар пеш интихоботи президентии кишвар аст, ки бештар аз як сол мондааст. Барои интихобот гурӯҳҳои ҳушёру зирак як сол не, ду – се сол пеш омодагӣ мебинанд. Ҳатто Ҳизби наҳзат баъди натиҷаи интихоботи парлумонии ахири кишвар эълом дошт, ки «мо барои интихоботи навбатӣ аз имрӯз корро шурӯъ кардаем». Шак нест, ки дигар нерӯҳо низ барои интихобот тайёрӣ дида истода бошанд ва ин ки моро ба ин муттаҳам мекунанд, ки дини Ислом худ як андешаи бузург асту дар дасти гурӯҳи заиф монополия шудааст, розӣ нестам.
Агар мантиқан ҳам фикр кунем, ҳеҷ гоҳ андешаи бузург дар дасти нирӯи суст намеафтад. Вақте ин гурӯҳ тавонист соҳиби ин андеша шавад, пас маълум аст, ки аз он дида, нирӯи бузургтаре нест, ки онро аз худ кунад. Агар мебуданд, пас ин андеша моли онҳо мешуд. Инро ҳатто наметавон тӯҳмат гуфт, зеро аз масхарабозие беш нест, масхарабозии дидаву дониста. Тамоми созмонҳои дохиливу хориҷӣ эътироф кардаанд, ки ҳизби воқеие, ки дар Тоҷикистон бо қудрати мардумияш фаъолият мекунад, ҲНИТ аст. Дигар дар ин сатҳ наметавон ягон ҳизби дигарро ном гирифт. ҲХДТ, воқеан, аъзои бештаре дорад ва фаъолияташ бештар ба чашм мерасад, вале сабабаш он аст, ки ҳизби ҳоким аст. Агар ҳизби ҳоким намебуд, мо фаъолияти Ҳизби коммунистиро дар замони Шуравӣ дида будем, ки чӣ қадар ҷонибдору тавоноӣ дошт, чун ҳукуматро аз дасташ гирифтанд, ба яке аз аҳзоби камнуфусу заиф табдил ёфта, аксари аъзояш онро тарк карданд. ҲНИТ бо вуҷуди он ки ҳизби мухолиф аст, аз дигар аҳзоб фаъолтар аст.
****
– Шумо ба ин назаред, ки ҲНИТ ҳизби қавист. Оё метавонед бигӯед, ки дар кадом самтҳо фаъолияти хешро боз ҳам қавитар бояд кунад, то муваффақтар бошад?
– Ба назари ман, ҳизб бештар худро ба ҷомеа бояд шиносонад ва сафи худро зиёдтар гардонад, бахши иршоду таблиғ ва фарҳангро қавитар созад. Мегӯянд, мо ду фарҳанг дорем, яке динӣ ва дигаре миллӣ. Вале бояд зикр кард, ки фарҳанги диниву миллии мо омезиш ёфта, ба як фарҳанги мардумӣ мубаддал шудааст, аммо бархе мехоҳанд онро аз ҳам ҷудо кунанд. Дар чунин маврид мардуми мо бештар дину аҳкому ибодоташро мешиносанд ва бо фарҳанги сиёсии он кам ошноӣ доранд.
Ҳамчунин ҷомеаи мо то ба ҳол нисбати ҳизбе, ки ҷанбаҳои сиёсӣ-диниро дар бар дошта бошад, огаҳии пурра надоранд. Барои ҳамин Шӯъбаи иршоду таблиғ ва иттилоотии ҳизб, агар хубтар барои огаҳ намудани ҷомеаи мо кору фаъолият мекард ва онҳоро ба фарҳанги исломи сиёсӣ ошно мекард, боз умед аст, ки пешравӣ дар ин самт бештар мешуд. Агар мо ба ин кор даст ёбем, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар интихоботҳои оянда мардуми кишвар аз мо дастгирӣ зиёдтар хоҳанд кард ва иншоаллоҳ, муваффақ низ хоҳем шуд.