Абдулатифи Ҳаммод
nahzat.tj
Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, бозии футбол миёни дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Ал-Амъари»-и Фаластин ба ҳисоби 2 – 1 ба поён расид.
Ҳисоби ин бозиро дар дақиқаи 32 –юм Қаҳрамон Чолкаев аз дастаи «Балкан» кушод. Дар дақиқаи 44- ум бозингари дасатаи «Балкан» Гурбан Амир корти сурх гирифта аз майдон хориҷ карда шуд. Ҳаминтавр қисми якуми ин бозӣ бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи дастаи «Балкан»-и Туркманистон ба поён расид.
Дар қисмати дуввум бошад футболбози дастаи «Ал-Амъари» капитани даста Малик Авари дар дақиқаи 59 –уми ҳисобро баробар кард. Бозӣ боҷушу хуруш идома дошт, дар дақиқаи 92 бозингар аз дастаи «Ал-Амъари» Аҳмад Кишкиш – голи пирӯзиро ба самар расонид. Баробари голи пирӯзиро ба самар расонидан ҳамаи бозингарони дастаи «Ал-Амъари»- саҷда карда шукри пирӯзӣ дар бозии аввалро ба ҷой оварданд.
Бо ҳамин бозӣ миёни ин ду даста бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи дастаи «Ал-Амъари»-и Фаластин ба анҷом расид.