Футболбози фаронсавии тими “Барселона” – и Испания ва бозингари тими “Алҳилол” – и Судон эҷоди филми иҳонатомез ба Паёмбар (с) – ро маҳкум карданд.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз расонаҳои хабарии арабӣ, Эрик Обидол, дифоъгари фаронсавии тими футболи “Барселона” – и Испания пахш ва эҷоди филми иҳонатомези нисбати шахсияти Паёмбар (с) – ро дар яке аз рӯзномаҳои испаниёӣ маҳкум кард.
Вай дар суҳбат бо рӯзномаи мазкур баён дошта, ки Паёмбар (с) яке аз шарифтарин бандагони Худованд аст ва набояд ба ӯ ва нисбати ба шахсияти вай инчунин иҳонат карда шавад.
Бозингари тими “Барселона” афзудааст, ки ман ба мусалмон буданам ва гаравиданам ба дини Муҳаммад (с) ифтихор дорам. Ин дар ҳолест, ки футобилисти мазкур танҳо чанд сол пеш ба дини Ислом гаравида ва то имрӯз аз муқаддасоти дини Ислом дифоъ кардааст.
Ҳамчунин як футболбози дигар ба номи Мудассир Корико, бозингари тими “Алҳилол” – и Судон низ сохту пахши филми иҳонатомез ба Паёмбар (с) – ро маҳкум кард ва барои нишон додани ишқи худ ба Паёмбар (с) бар либоси худ ибораи “Илла Расулуллоҳ” – ро навишт ва пас аз гол задан либоси худро боло бардошта тоб дод, то инчунин посухи иҳонатро бидиҳад.