Categories Uncategorized

Клинтон: “Асад бояд биравад”

Вазири хориҷаи амрико бори дигар эълом кард, ки ин кишвар ҷойгоҳе барои ҳузури раисҷумҳури феълии Сурия дар ояндаи сиёсии ин кишвар намебинад ва ин дар ҳолест, ки вузарои хориҷаи Чин ва Русия бар онанд, ки бояд мухолифатҳо байни ҳар ду тараф роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз “Washington Post”, Ҳиларӣ Клинтон, ки дар ҷараёни нишаст дар хусуси Сурия суҳбат мекард иброз дошт, ки Вошингтон нақшеро барои вай “Асад” дар давлати нави Сурия намебинад ва Асад ҳамчунон бояд биравад ва вай ҳаргиз озмуни ризоияти мутақобилро нахоҳад гузаронид.

“Press TV”, дар ин бора ба нақл аз Сергей Лавров овардааст, ки Маскав ба ин натиҷа расида, ки ба суриҳо бояд иҷоза дода шавад, то сарнавишти худро худашон таъйин кунанд.

Вай гуфт, ки мардуми Сурия бояд дар бораи оромии кишвар ва сулҳ андеша намоянд ва касе дар ин иқдом дахолат накунад. Вазири хориҷаи Чин низ баён дошт, ки тамоми мардуми Сурия бояд дар ин роҳи ҳал саҳмгузор бошанд ва хориҷиҳо наметавонанд барои мардуми ин кишвар тасмим бигиранд.

Дар ҳамин робита рӯзномаи “Албаён” низ дар матолибе менависад, ки тавофуқ дар боари қудрат сурат гирифта, аммо шахси Башор Асад ва ҳузури вай дар раванди интиқоли қудрат масъалаест, ки байни Ғарб бо Чин ва Русия ихтилофро барангехтааст.

More From Author

You May Also Like