Субҳи имрўз, 25 июни соли ҷорӣ шаш нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Оренбург доштанд аз тарафи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳ баргардонида шудаанд.
Тибқи қонунҳои Федеролии Россия шаҳрвандон – Саидаҳмад Асоев, Садриддин Саидов, Юнусали Исоқов, Дилшод Ойев, Ғуломҷон Тошбоев, Қиматулло Сулаймонов ба муҳлати се сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ карда шудааст.
Корманди Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоил Зокиров иброз доштааст, ки кормандони дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳҳои Домодедова, Пулкова, Колсова ва Оренбург сабаби бозгардонии шаҳрвандони моро дар вайрон намудани қонунҳои ФР арзёбӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои 19 – июн 5 нафар ва 21-уми июни соли ҷорӣ низ, панҷ нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари шаҳри Москов ва Екатеринбургро доштанд, аз тарафи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳи Домодедово, баргардонида шуда буданд.