Дар шаҳри Екатеринбурги Русия шаби 22-юми майи соли равон дар натиҷаи бо ҳам печидани ноқилҳои барқӣ дар боми хонаи истиқоматӣ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа се нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷик ҳалок ва 6 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои шаҳри мазкур интиқол дода шуданд.
Шахсиятҳои онҳо муайян гардидааст, ки он нафарон ҳамаашон сокинони деҳаи Томини ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошанд.
Аз болои ин ҳодисаи нохуш Парвиз Асоев, консули генералии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург ин қазияро зери назорати шахсии худ қарор додааст ва рӯзҳои наздик, баъди ба поён расидани тафтишот, ҷасади се тан аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристода хоҳад шуд.