Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон субҳи дирӯз 21-уми июни соли ҷорӣ, боз панҷ нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари шаҳри Москваро доштанд, аз тарафи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳи Домодедово, баргардонида шуданд.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд: “тибқи қонунҳои Федеролии Россия шаҳрвандон – Илҳом Ҳалимов, Умедҷон Сунатов, Ойшахон Сайдинова, Абдуллобек Абдураҳмонов ва Сайдали Раҷабов ба муҳлати се сол ҳуқуқи ворид шудан ба қаламрави ин кишварро надоранд.“
Ҳамчунин Хадамот гуфтааст, ки ҳангоми сӯҳбат бо онҳо маълум гардид, ки кормандони дахлдори Федератсияи Россия дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба шаҳрвандони мо сабаби роҳ надодани онҳоро ба қаламрави Россияро, дар вайрон намудани қонунҳои ФР ва аз тарафи мақомотҳои дахлдори он, ҷазои маъмурӣ додани онҳо дар шакли ҷарима, арзёбӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 19 – июни соли равон низ панҷ шаҳрвандони Тоҷикистон – Қудратулло Қодиров, Абдуваҳоб Буриев, Карими Мирзохуҷа, Мусо Мусоев ва Анвар Сафаров ба муҳлати се сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ карда шудаанд. Онҳо низ аз фурудгоҳи Домодедови пойтахти Русия бар гардонида шуда буданд.
Акнун ин шаҳрвандон мутобиқи конунҳои Федеролии Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳлати се сол аз ворид шудан ба қаламрави ин мамлакат маҳрум мегарданд.