Categories Uncategorized

“Домуллоҳо мубаллиғи варзишанд…”

Ё ибтикори нави ҲНИТ дар вилояти Суғд

Умед Сиддиқ

nahzat.tj

Дирӯз 2 октябри 2012 ба ибтикори масъулини вилоятии ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд маҳфили қадрдонӣ аз варзишгарони вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар маҳфил ба ҳудуди 20 варзишгарону устодони варзиш ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда, беш аз 100 нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ва хабарнигорон ширкат варзиданд.

Наимиҷон Самиев, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, зимни суханронӣ қайд кард:

“Инсон дар ҳаёти хеш ба амале ниёз дорад, то будани худро дар ин олам тақвият бахшад ва аз худ дарак диҳад. Аз ҷумлаи чунин умур варзиш

аст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон ба гунаҳои мухталиф дар ҷомеаи

инсонӣ арзи ҳастӣ дошт ва аз аҳамияти хосса бархӯрдор буд. Он сабқату озмунҳои варзишие, ки таърихи чандҳазорсола доранд, гувоҳи ин гуфтаҳо ва шоҳид бар нақши варзиш дар зистани инсон аст. Дар ҷомеаи имрӯз низ варзиш қимати бештар ва аҳамияти афзунтар ба худ касб намудааст. Чун инсоният мехоҳад бо истифода аз василаҳои мухталиф ба ҳаёти рӯзмарраи хеш обуранги нав бахшад ва ҳар чӣ бештар онро хушу гуворотар гузаронад. Он ҷомеае, ки аз нигоҳи тамаддуну маъишат пешрафта ва соҳиби сабқат мебошанд, ба варзиш эътинои бештар ва арзиши болотар медиҳад.

Агарчӣ олами исломӣ то ҳанӯз дар ин соҳа чун соҳаҳои дигар ба пешравиҳои шоён ноил нест, шариати исломӣ ҳанӯз оғоз аз аҳди паёмбарӣ нисбат ба ин амр ва мақоми он ишора ва далолатҳои махсусе ироа намуда буд.

Чун аз забони Паёмбар (с) ин сухан шунида шуда буд: “Муъмини тавонманд назди Худо аз муьмини заъифу нотавон дида  беҳтар ва ба Ӯ маҳбубтар аст…”. Илова бар ин таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасонро дар рӯҳияи бедориву фаъолият пайваста талқин мекарданд ва мефармуданд, то мардон фарзандони худро таълими тирандозӣ, шиноварӣ ва аспдавонӣ намоянд.”

Агар дар муқобили варзишу тавонмандӣ танбаливу заъф истад, Паёмбари акрам (с) ин умурро аз камбудиву нуқс шумориданду зимни масоиле ворид карданд, ки аз он ба Худо паноҳ пурсида мешавад. Чун мегуфтанд: “Худоё, маро аз ғаму андӯҳ … нотавониву танбалӣ, “… тарсуиву бахилӣ ва шикастагӣ назди қарзу зулми мардон нигаҳ дор”.

Дар ривоятҳо омадааст, ки он Ҳазрат (с) барои хуш гузаронидани вақт ва эҳсоси саъодати оилавӣ миёни ҳамсарон бо завҷаи мукаррамаи хеш модарамон – Оиша (р) мусобиқаи давидан гузаронида буданд. Паёмбари Худо (с) тавонистанд бо баъзе амалкард ва иршодоти худ ба нақши варзиш ва аҳамияти он таъкид намоянд.

Албатта, хеле хуш меояд чун варзишгареро мебинед, ки дар оғозу анҷоми қувваозмоии хеш ба Худои тавонманди хеш эътимод менамояд ва мадад аз Ӯ мехоҳад. Бале, варзишгари мусалмон қувваи асосии худро илова бар бозуи хеш аз Худои худ талаб мекунад ва аз сар то анҷом ба мададу ёрии Ӯ умедвор аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Варзиш қосиди сулҳ аст”. Яъне мардум новобаста аз дидгоҳҳои зидду нақизи худ метавонанд, дар як майдон бо ҳадафи нируозмоӣ ба ҳам оянд…”

Ҳамзамон дар маҳфил минбари сухан ба ҳозирин дода шуд ва якояк назари худро дар робита ба варзиш ва ислом суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла Зебуннисо Рустамова, аввалин зани мусалмоне, ки қаҳрамонзани ҷаҳон дар риштаи камонварӣ соли 1975 шуда буд, аз баргузории чунин маҳфил изҳори сипос намуд: “Ман бори аввал дар чунин маҳфилҳо иштирок мекунам, ки наҳзатиҳо ҳамчун мубаллиғи варзиш худро муаррифӣ мекунанд. Ва албатта ин барои дигар муллоҳо ва донишмандони динии мо тоҷикон намунаи ибрат мебошад.”

Ёдовар шуд, ки баргузории ин маҳфил ташаббуси аввалини ҲНИТ набуда, дар барномаҳои ин ҳизб мусобиқаҳои варзишӣ ҷой дошта, пайваста доир мегардад. Ва варзишгарони вилояти Суғд нигаронӣ аз ҳукумат доранд, ки нисбати онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мегардад. Онҳо мегӯянд, ки дар сурати набудани кӯмак аз ҷониби масъулини ҳукумат тамриноти онҳо коста гардида, заъфи варзишгарон дарк карда мешавад.

More From Author

You May Also Like