Categories Uncategorized

Ҳиҷоб мушкилоти мусалмонон дар кишварҳои африқоӣ

Дар ҳоле ки ду донишомӯзи мусалмон баъд аз 6 рӯзи ғоиб дар мадрасаи худ, дар шаҳри “Кип Таун”, саввумин шаҳри пурҷамъияти африқоии ҷанубӣ ба сабаби мамнуъияти доштани ҳиҷоб аз мадраса, тавонистанд ба мадраса баргарданд.

Аммо донишҷӯён дар дигар кишвари африқоӣ, Эфиопия мабнӣ бар мамнуъ кардани онҳо аз доштани ҳиҷоб ва маконе барои хондани намоз, маҷбур ба тарки таҳсил ва раҳо кардани донишгоҳ шуданд.

Ба гузориши “islamworldnews”, беш аз 95 дарсади донишҷӯён мусалмони донишгоҳе дар Эфиопия пас аз судури бахшномаи нави донишгоҳ мабнӣ бар мамнуъияти донишомӯзони духтарон бо ҳиҷоб, аз идомаи таҳсил худдорӣ карданд. Бахшномаи нав ҳамчунин донишҷӯёнро аз иқомаи намоз дар донишгоҳ манъ кардааст.

Ба гузориши сайти “Исломонлайн”, ҳам дар донишгоҳи Эфиопия ва ҳам дар мадрасаи Кип Таун қонуне мабнӣ бар манъи доштани ҳиҷоб дар ибтидо вуҷуд надошта ва масъулон худсарона чунин иқдоми хилофи қонун ва муқаррароти мадраса ва донишгоҳро иҷро кардаанд.

Вобаста ба мушкилоти рухдода, ки мусалмонҳоро ба ғам ворид карда, донишгоҳи Эфиопия унвон кардааст, ки ин мавзуъ дар ихтиёри онҳо нест, балки бо фармони дигарҳо амалӣ шудааст.

Аммо масъулони мадрасаи Кип Таун баъд аз шаш рӯз таслими хостаи донишомӯзон шудаанд. Ин иқдоми худсаронаи онҳо боис шуда, донишомӯзон 6 рӯз аз дарсҳои худ ақиб монанд.

More From Author

You May Also Like