Categories Uncategorized

Бузургтарин Шаб – Шаби Қадр

Сӯҳбати Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ

nahzat.tj

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Бародарони азиз, намозгузорони ин шаби муқаддаси Қадр, пеш аз ҳама якояки шуморо бо ин ҷамъбасти хатми Қуръони кариме, ки воқеъан сарнавиштсози башарият аст, табрику таҳният мегӯям.

Имшаб мо ин Қуръони каримро дар ибодати Худованд хатм намудем, ки воқеъан ҷои табрику таҳният аст. Бояд фаромӯш накунем, ки мову шумо бузургтарин китоби муқаддасро дар бузургтарин моҳи Худованд, яъне моҳи Рамазон ва дар бузургтарин шабҳо, ки шаби Қадр аст, ба итмом расонидем. Дар шаби Қадре, ки Худованд худаш ин шабро васф кардааст. Ҳар касе ё ҳар чиро, ки Худо васф карда бошад, воқеъан он чиз ва он кас бузург мебошад, чунки вассофи он Аллоҳи бузург аст.

Бародарони азиз, бояд донем, ҳамаи он пандномаи башарият, ҳама он китобҳои дар рӯи дунё буда метавон гуфт, ки пайёми худовандист. Худованд бори дигар бо фиристодани ин китоби муқаддас ва ҷовидонааш ин амру наҳйи худ, ин қарзу воҷиб ва ин дастуротеро, ки барои инсоният лозим буд, дар ин китоб ҳамаашро ҷамъ кард ва барои башарият фиристод.

Ҳарчанд такрор шавад ҳам, бори дигар барои тазаккур мегӯям, ки Худованд гуфтааст: «Фазаккир фа инна зикро танфаъул муъминин», яъне ҳамавақт якдигарро панд бидиҳед, ки ин амал муъминонро манфиъат мебошад.»

Фазилате, ки дар ин моҳи шариф насиб гардидааст, маҳз Қуъони карим додааст. Пас ҳар касе, ки ин Қуръони каримро барои худ китоби раҳнамо қарор диҳад, ҳар касе ки худро ахлоқу гуфтору кирдорашро, ҳатто нияташро ба ин китоби муқаддас мутобиқ  созад, бидонад, ки он кас ҳам мисли шаби Қадр, дар назди Худованд боқадр аст.  Мисли ин моҳ дар назди Худо қадр дорад. Ва ҳатто болотар аз инҳо метавонад дар назди Худованд муқаддас ва муқарраб гардида бошад.

Ҳарчанд Худованд моро насиб накард, ки ин китоби осмониро ҳифз кунем, вале имрӯз фарзандони зиёди бародарони мо ин Қуръонро ҳифз кардааст. Аввало хушо ба ҳолашон мегӯем, ки тавонистанд нури Қуръонро дар синаи кучаки худ ҷо доданд.

Бояд ҳар он касоне ки ин китоби муқаддасро дар синаи худ ҷо ва баъдан кӯшиш кардаанд, ки дар асоси ин Китоб зиндагии худро бисозанд, воқеъан онҳо муқаддас ва муқарраби даргоҳи Худованданд. Мо бояд ҳамавақт дар фикри қадршиносӣ ва эҳтирому тарбия кардани чунин атфол бошем.

Инсон аз ҳама он манфиъате, ки аз ин Қуръон барои худ бардошт мекунад, ин мутобиқ сохтани ахлоқи худ ба Қуръон аст. Дуруст аст, ки хондани Қуръон ибодат ва назар кардан дар Қуръони карим ибодат аст. Гӯш кардани Қуръони карим фарз ва ҳифз кардани Қуръон ибодат аст.

Ҳазрати Оишаи модарамон (р)-ро аз ахлоқи Паёмбар (с) пурсиданд, Модарамон (р) ҷавоб доданд, ки «Конат хулуқуҳу Қуръона», яъне ахлоқи Паёмбари акрам (с) Қуръони карим буд.» Паёмбар (с) тавониста буд, ки маҷмуаъи ахлоқи худашро, яъне гуфтору рафтору кирдорашро ҳатто нияташро ҳам бо Қуръон мутобиқ созад. Қуръони карим ниятҳои моро ба низом даровардааст. Барои ба низом даровардани ниятҳои мо ҳам тавсияҳо додааст. Барои мисол Худованд мефармояд, «Шумо аз гумон кардани бад бипарҳезед, зеро гумони бад худаш гуноҳ аст.» Аз ин баромеояд, ки Қуръон барои чи гуна ният кардани мо дастурот додааст. Ҳатто чи тавр нияту қалбҳои худро обод созем, инро ҳам нишон додааст.

Агар мо ахлоқи худро ба ин Қуръон музайян кунем, хуб донем, ки аз шаби Қадр ҳам муқаддастар ва аз моҳи мубораки Рамазон низ боиззаттар хоҳем гардид.

Бояд гуфт, ҳар он касоне, ки бо ин китоб муҳаббат доранду ихлос меварзанд, онҳо ҳам иншоаллоҳ муқаддасанд. Ва шумо ҳам аз ҷумлаи онҳо мебошед. Шукри Худованд, ки мо рост истода, ин китобро дар 20 ракъат намоз таҳаммул карда, хатм намудем. Бояд дар идомаи ҳаётамон кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки қадам ба қадам ба ин китоб наздик шавем. Қадам ба қадам барои татбиқ кардани ин китоб дар ҳаётамон муваффақ гардем. Ҳаёти худро бо ин Қуръон бисозем.

Имрӯз алҳамдулиллоҳ ҳеҷ кас узру баҳона надорад, зеро тарҷумаи Қуръони карим бо ҳама забонҳо вуҷуд дорад. Ва уламо ҳам ҷуръат доранд, ки Қуръонро барои ҳамагон холисона бе аҷр бифаҳмонанд.  Имрӯз ҳамагон роҳи дурустро аз роҳи бад медонем ва танҳо амал кардан мемонад. Амал кардан бошад, кори шахсии ҳар кас аст.

Агар худ аҳли илм шуда наметавонед, бикӯшед, то ки фарзандонатон аҳли илм шаванд. Дар ҳаққи онҳо дуъои хайр кунед, зеро дуъои волидон барои фарзандон манифиъат мебахшад.

Бояд гӯям, ки Худованд барои банда муваффақ кард, ки ба намояндагӣ аз шумо дар ин моҳи муборак сафаре дошта бошам. Сафар ба он сарзамини муқаддас, ба он макони нузули ин китоби муқаддас. Дар он ҷое, ки Паёмбари акрам (с) аёми тифлию ҷавонӣ ва билохира 23-соли паёмбарии худро гузаронидааст. Ба зиёрати он маконҳои муқаддас рафта будем ва дар он ҷо дар ҳаққи шаҳидони ин роҳ ва дар ҳаққи пайравони Ҳизби наҳзати исломии кишвар дуъои хайр намудем. Худованд дуъои бандаро қабул карда бошад.

Ҳамин тавр, раиси мӯҳтарам ҳам феълан дар он макони муқаддас ҳузур доранд. Шаби Қадрро дар он ҷо гузаронида, машғули ибодат мебошанд. Дар ҳаққи ин кишвар, дар ҳаққи пайравони ин ҳизб ва дар умум дар ҳаққи мусалмонои ҷаҳон дуоъову тазаррӯъ хоҳанд кард. Умедворем, Худованд дуъои бародаронро иҷобат карда бошад, пайравони ҳизби Илоҳиро аз ҷумлаи бандагони солеҳу накӯкор гардонида бошад.

Ва дар ин шаб Худованд дуоъҳои мову шуморо бипазирад ва ахлоқи моро бо Қуръон музайян сохта бошад. Ахлоқу рафтор ва гуфтори моро, саросари вуҷуди моро ба нури худаш Худованд нуронӣ гардонида бошад.

More From Author

You May Also Like