Прокуратураи вилояти Хатлон зимни як санҷиши худ дар мавриди назорати иҷрои қонунгузории замин қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор намудааст.
Дар ин бора радиои “Ховар” хабар дода, такя ба суханони Бахтиёр Раззоқов, муовини сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи мазкур, меафзояд, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилоят қитъаҳои замин ғайриқонунӣ ба иншоотҳои хариду фурӯш ва манобеи фоидаовари баъзе шахсони мансабдор табдил ёфтаанд.
Бар асоси ин гузориш 406 парвандаи маъмурӣ ва 122 парвандаи ҷиноӣ алайҳи шахсони қонуншикан аз сӯйи прокуратураи мазкур боз карда шудааст.
Инчунин омадааст, ки бештари ин қонуншиканиҳо дар ноҳияи Вахш ва Бохтар дида мешаванд.