Ба иттилои як манбаъи хабарӣ дар шаҳри Маскави Русия ду нафар тоҷикистонӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор шудаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо ба сабаби бардоштани захми вазнин, ҳангоми интиқол ба бемористон фавтидааст.
Бино бамаълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ин ду нафар сокинони минтақаи Рашт мебошанд. Садама дар минтақаи Лефортово рух додаааст. Нафари фавтида Махмадкарим Давлатов буда, нафари дуввум Хайрулло Аминов мебошад, ки ҳоло дар бемористон қарор дорад. Табибон ҳолат ва вазъияти ӯро пас аз садама мӯътадил арзёбӣ кардаанд.
Полиси тафтишотии ноҳияи Лефортово аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад.