Дар ҷараёни даври омӯзишӣ барои бонувони ҳизбӣ, хабарнигори мо суҳбате дошт бо масъули бонувони шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, Гулбарг Саъдуллоева атрофи фаъолияти бонувони наҳзатӣ дар минтақаи мазкур. Қазовати суҳбати ин масъули ҳизбиро ба хонанда вомегузорем.
– Мехостем суҳбате дошта бошед дар бораи фаъолияти бонувони ҳизб дар минтақа: дастоварду мушкилот ва нақшаҳои феъливу дурнамо.
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Чунончи маълум аст, бонувони мо ғайр аз корҳои ҳизбӣ, ки дар барои аъзо ва ҳаводрони ҳизб ба корҳо нақша мегиранду баргузор менамоянд, инчунин бо дигар қишрҳои ҷомеъа низ дидору мулоқотҳое анҷом медиҳем. Яъне, чи дар мусибат ва чи дар рӯзҳои хурсандӣ пайваста дар миёни ҷомеъа, бахусус занон ҳузур дорем ва ҳамсуҳбату ҳамнишинем, ки боиси сарфарозиву хушҳолии худи мо низ ҳаст. Ифтихормандем, ки узвият ва масъулиятеро дар яке аз ҳаракатҳои сиёсии бонуфуз ва воқеъан нерӯманду маҳбуби миллати шариф ва азизи кишвар дорем.
Фаъолияти мо пеш аз ҳама иборат аст аз баргузории ҷаласаву нишастҳо дар ҳар як навоҳии минтақа, ки банда ҳамчунин масъул дар қатори дигар бародарони масъул ширкат меварзам, инчунин ташкилу гузаронидани семинару маҳфилҳои хос ва омӯзишҳо дар мавзуъоти гуногун, дар ин радиф бархурдор кунонидани аъзо ва ҳаводорони ҳизб аз илми тафсиру таҷвид, фиқҳу ҳадис, таҷвид ва дигар илмҳои динӣ, ки хушбахтона муттасил ҷараён доранд. Барои мисол, семинар-озмуне доир намудем барои бонувон зери номи «Қироъати ифоданоки шеър», ки дар он занону духтарони сину соли гуногун имкони ширкат доштанд. Ҳатто модароне, ки қабл аз 30-40 сол мактаби миёнаро хатм кардаанду дигар кадом маълумоте нагирифтаанд иштирок доштанд. Ширкати ин гуна занон дар маҳфилҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тарзи қироъат, таҳлили шеър бо иштиёқи дучанд сурат мегирад ва боиси илҳоми ҷонибайн мегардад.
Фикр мекунам, бонувон дар умум ташнаи ин гуна маҳфилҳои фарҳангианд, агар дурустар бингарем, дар воқеъ фазои фарҳангӣ барои бонувони мусалмон холист, ки дар бисёре аз мавридҳо ин гуна фазоро сериолу ғайбат ва дигар гапу хабарҳои зараровар пур месозанд.
– Ишорае доштед дар мавриди комил кардани фарҳанги бонувон тавассути баргузор сохтани семинару маҳфилҳои хос. Оё дар ҳамин маврид чизи мушаххастаре гуфта метавонед?
– Бале, мо дар мавзӯъҳои «Масъулияти падару модар дар умум», «Худкушӣ аз назари Ислом», «Ахлоқи зани мусалмон», «Занҳои пешво», «Ҳуқуқ ва вазифаҳои зан» бо мақолаҳое суҳбат доир менамоем ва ҷузъиёти масоилро ба баҳсу баррасӣ мегирем. Ин гуна нишастҳо тибқи нақша марҳила ба марҳила дар навоҳии минтақа баргузор мешаванд.
Дар минтақаи Кулоб 9 ноҳия вуҷуд дорад ва дар ҳафтои он бахшҳои бонувон амал мекунанд, танҳо дар ду ноҳия кори дастаҷамъонаи мо вуҷуд надорад, он ҳам дар навоҳии Темурмалик ва Муъминобод. Аммо ба дигаре аз ноҳияҳои минтақа пайиҳам сафар намуда, нишастҳоеро доир месозем, албатта ҷаласаҳои корӣ низ бо аъзои ҳизб дорем. Дар баробари ин аз навоҳи бонувони ҳизбӣ дар мавриди дигаре аз ҷанбаҳои фаъолияти хеш гузориш медиҳанд.
Пас аз иштирок дар ҷаласаву нишастаҳо дар марказ, баъди баргашт ба минтақа кӯшиш мекунем бо хоҳарон нишастеро дар мавриди масоили матраҳ баргузор намоем ва аз таассуроти хеш гузориш бидиҳем. Масъала ин аст, ки ҳамаи бонувонро аз раванди кор ва тасмимгириҳо воқиф бисозем, то аз суръати иттилоъ канор намонанд. Масалан, ҳар як ҳарфу сухани муҳиме, ки аз устодон мешунавему боиси инкишофи зеҳнии мо мешавад, рӯи дафтар меорем, то ин ҷузъиёти муҳими масъала айнан ба хоҳарон бирасад. Қобили қайд аст, ки бо ширкат дар семинару омӯзишҳо, ки дар он хоҳарон аз манотиқи гуногуни кишвар гирдиҳам меоянд, дар лаҳзаҳои фориғ аз омӯзиш, суҳбатҳои хоса доир месозем ва аз таҷрибаи ҳамдигар табодули афкор мекунем, бо ин васила услубу усули корбарии хешро такмил медиҳем.
Масалан, пас аз баргузор шудани ҷашни 40-солагии ҲНИТ нишасте доштем бо хоҳарон дар ноҳияи Данғара, дар аввал сӯҳбату табодули афкор буд ва дар навбати дигар бо истифода аз сабтҳои видеоӣ, ки бо истиқболи хубе анҷом пазируфтанд. Ҳамачунин дар ноҳия Ҳамадонӣ айнан ҳамин гуна вохӯриву суҳбатҳо доштем, вале дар даъват дувум, аъзо ва ҳаводрони ҳизб, бахусус ҳавасмандҳо он қадар афзоиш ёфтанд, ки берун аз нишастгоҳ монданд. Сӯҳбат бештар атрофи «Либоси зан аз нигоҳи милливу мазҳабӣ», «Тарбия фарзанд аз тарбия зан сар мешавад» ва амсоли ҳаминҳо сурат гирифт ва баҳсҳоеро ба вуҷуд овард, инчунин суолу посухҳое низ буданд, бахусус атрофи мушкилоти доғи рӯз.
– Дар мавриди қабули ҳарфи худ аз ҷониби шунавандагон ва вазъи равонии ҳамсӯҳбату ҳамнишинҳо чӣ гуфта метавонед, оё фарқият миёни бонувони шаҳрӣ ва деҳотӣ эҳсос мешавад?
– Дуруст аст, дар баъзе ҷойҳо ҳарфҳое шунида мешаванд, аз қабили «зана чиву гапаш чӣ» ё «мо куҷову сиёсат куҷо», вале ин гуна ҳарфҳо коҳиш пайдо кардаву дар баъзе аз навоҳӣ дигар комилан шунида намешаванд. Дар ҷамъомадҳои ҷамоати деҳот, ноҳиявӣ, ҳатто дар вохӯриҳои сатҳи минтақаву вилоятӣ ҳам иштирок менамоем. Дар ҷое лозим ояди сухан ҳам мекунем. Чун ҳар чизе изҳор мекунем дарди хоси ҳизбӣ нест, балки дарди ҷомеъа аст. Ба ҳар ҳол, ин тавр нашудааст, ки касе иҷозаи ҳарф заданро надода бошад. Барои мисол, дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Қлуби мубоҳисавӣ» амал мекард, ки дар он намояндагони бонувон аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ иштирок мекарданд, ки мо ҳам дар навбати худ атрофи масъалаи алоҳида сӯҳбат доштем, барои мисол, дар мавриди «Худкушӣ аз нигоҳи Ислом».
Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, раҳбари ин қлуб нисбати ҳар масъала ҳатман ақидаи ҳар як иштирокчии маҳфилро мешуниданду пешниҳодҳоро ба эътибор мегирифтанд. Мехоҳам ин ҷо ишорае дошта бошам атрофи як масъала, бубинед, яке аз бонувони ҳизби коммунист дар моҳи муҳаррам мисли мо рӯзадор буд, ки ин ба арзишҳои исломӣ қалбан эҳтиром доштани ӯро зоҳир месохт. Ин масъала меҳмони ирониеро, ки дар он нишаст ҳузур дошт, ба ҳайрат оварду гуфт: коммунистҳои шумо оё рӯзаву намоз ба ҷо медоранд?
Аз ин нигоҳ, тавре мегӯянд, на ба гӯянда, балки ба мантиқи гуфтору амал бояд таваҷҷӯҳ кард.
Алҳамдулиллоҳ, бо таассурот аз сабақҳои устодон, ҳамеша сухан дониста мегӯем, суханеро мегӯем, ки қобили шунидан бошаду дархурди ҷомеъа ва ба қавли шоир:
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кунад морро.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо сафи хоҳарон дар минтақаи мо зиёд шуда истодааст ва гуфта метавонам, ки як нафар хоҳар шунавандаи доимии мо шуда, пас аз он ҳамаи се сунҳору духтаронашро ҳам ба маркази мо оварда ба ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир мекард.
– Дар ин чанд соли ахир тариқи расонаҳо дар мавриди фишорҳое болои аъзои ҳизб, аз ҷумла берун кардани онҳо аз сафи он хабарҳо пахш мешаванд. Оё бонувони ҳизбӣ дар минтақаи Кулоб бо чунин ҳодиса дучор омадаанд? Оё буданд мавридҳое, ки наҳзатӣ ё муҳаҷҷаба будан боиси рад гаштани кадом муроҷиъат ё садгузорӣ шуда бошад?
– Алҳамдулиллоҳ, дар байни бонувони минтақаи Кӯлоб ин гуна ҳодиса дучор наомадаанд ва бояд қайд кунам, ки бонувони кӯлобӣ нисбатан ҷасуртаранд. Ҳамин ҳодисаи сӯхторе, ки дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб буд, бештар ба бонувони мо рабт дошт. Яъне сӯхтор боис шуд, ки беш аз 250 нафар бону бе ҷои кор монданд. Бонувоне дорем, ки аз пайи рӯзгору зиндагӣ ба тиҷорату соҳибкорӣ машғуланд, ин сӯхтор ба вазъи иқтисодии онҳо ҳам сахт таъсир расонид. Ба ҳар ҳол, дар заминаи талошҳои пайваста ва бо зоҳири исломии хеш онҳо дари идораҳои мухталиф кубиданду ҳаққи худро талаб карданд. Дар раванди ҳалли ин қазия бонуҳо аз худ ҷасорат нишон дода тавонистанд.
Дар бораи хориҷ шудан аз узвияти ҳизб, аз ҷониби бонувон шоҳиди аризае то ба ҳол набудем ва иншоаллоҳ ин кор сурат нахоҳад гирифт
– Таассуроти Шумо аз омӯзиши навбатӣ, ки дар дафтари маркази ҲНИТ баргузор гардид, чист ва оё ин омӯзиш чӣ таъсире хоҳад гузошт рӯи фаъолияти Шумо дар минтақа? Оё ин омӯзиши дастаҷамъонаи бонувон аввалин буд ё қаблан ҳам буданд ин гуна омӯзишҳо?
Албатта, таассурот хеле зиёд аст ва намедонам аз чӣ оғоз кунам. Аз омӯзишҳо ҳар масъули ангезаманд нерӯ ва энержӣ мегирад. Албатта, дар минтақа фаъолият кардан мушкилоти хос дорад, ки аз кас нерӯву тавоноиии зиёдро талаб мекунад. Агар мо бо ин омӯзишҳо нерӯи сарфашударо барқарор накунем ва бо донишҳо муҷаҳҳаз нашавем, бовар кунед, фаъолияти мо дар манотиқ камранг хоҳад буд. Сухани такрор ба такрор дилгиркунандааст. Чунончи дар боло ишора рафт, ҳар сухане аз устодонро сабт кардаем, то ба хоҳарон интиқол бидиҳем.
Бале, омӯзишҳое ҳам қаблан буданд, вале ҳоло марҷаъу муҳтаво комил шуда буд. Ҳамин масъаларо бо хоҳарони дигар, ки ҳамроҳ дар омӯзиш будем, дар миён гузоштам, ки омӯзишҳо хеле ташаккул ёфтаанд ва ҳама чиз рушдкарда менамояд, ҳам афкори иштирокдорону ҳам устодони ин даври омӯзиш
– Оё дар интихоботҳо иштирок доштед ва ба ҳайси кӣ?
– Дар интихоботҳои солҳои 2005 ва 2010 ҳамчун нозир дар участкаи интихоботӣ ширкат доштам. Мувофиқ ба таълимоти гирифта ҳамаи лавозимоти нозириро доштем ва аввалин нозире будам, ки дар участкаи интихоботии мавриди назар ҳозир шудам. Раванди овоздиҳиро назорат доштаму ҳамаи ҳолатҳоро қайд карда, ба масъулини ситод гузориш пешниҳод кардам.
Аз таҷрибаи нозирӣ ҳолатеро дар хотир дорам, хабар омад, ки дар маҳдудаи участкаи интихоботӣ, чор нафар бемори бистарианд ва ба наздашон бояд қуттии сайёр бурда шавад. Ҳангоми омодагии нафароне, ки қуттии сайёр бояд мебурданд, банда ба наздашон ҳозир шуда, мушоҳида кардам, ки аз бюллетенҳои интихоботӣ як дастаеро ҳамроҳ гирифтаанд, дар ҳоле ки шумори онҳо дар ҷое сабт нашудааст. Ба онҳо гуфтам, ин кор аз рӯи қонун нест, бюллетенҳоро бояд мувофиқ ба шумораи овоздиҳандаҳо гирифт.
Агарчи барои дигарон ин амал он қадар мудҳиш наметофт, вале нозири ҲНИТ аз як лаҳзаи вайрон кардани тартиботи интихоботӣ пешгирӣ кард. Аз ин хотир, аксарият медонанд, ки камтарин узви ҲНИТ аз қонуну қарорҳо огоҳтар буда, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонад.
– Дар минтақаи Кӯлоб бонувон ба ҳайси номзад ба маҷлисҳои болоӣ ва маҳаллӣ дар интихоботҳо ширкат кардаанд?
– Бале, занони мо дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ, яъне ноҳиявӣ иштирок кардаанду мекунанд, вале ҳоло то ба сатҳи вилоятӣ ва болотар даъво накардаанд. Дар интихоботи қабилулвуқуъи соли 2015 ниятҳо ҳастанд, ки аз хоҳарон низ номзадҳо пешбарӣ шаванд. Лекин, бонувон новобаста аз ширкат кардан ба ҳайси номзад ба вакилӣ дар тамоми тадорукоти интихоботӣ иштирок менамоянд. Бонувони ҲНИТ кадом квота ё имтиёзеро қабул надоранд. Чунончи, раҳбари мо, устод Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбатҳояш қайд мекунад, мо зан буданро барои худ узр намешуморем. Бигузор ҳар бурдборӣ ва дастовард бо заҳмат ва аз роҳи ростӣ, роҳи тақвову имондорӣ ба даст биёяд. Танҳо дар он сурат, он азизу қарин хоҳад буд.
– Ташаккур мекунем аз ин сӯҳбати ошкору пурмуҳтаво. Ба Шумо ва дигаре аз бонувони наҳзатӣ саъодати дорайнро хоҳонем.
Ашкона Нозил
Categories
Мавқеъ