Санаи 29-уми августи соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 6 иштирокчии флеш-моби рӯзи 27 августро, ки ба ҷонибдорӣ аз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда баргузор шуд, ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум кард.
Сари ин масъала назари коршиносонро бо суоли “Оё флеш-мобе, ки ҷонибдорони Зайд Саид гузарониданд, то ба ҳадде ғайриқонунӣ буд, ки фарзандони ӯро ҳабс кунанд?”- гирифтем, ки манзуратон мегардонем:
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”:
«Чунин як иқдоме, ки ҳадафи он ёдоварӣ аз 100 рӯзи як ҳаводис ва ё амалкарде, ки барои як нафаре дар ҳеч маврид қобили қабул буда наметавонад, мухолифат ба қонунгузорӣ нест.
Аммо дар кишвари мо натанҳо корҳоеро ҳуқуқвайронӣ мегӯянд, ки дар қонунгузорӣ наомадааст, ҳатто як иқдоми навпайдо, ки ба мазмуни ишоравие ба кадом банди қонун раб надоштаро ҳам қонуншикане қонуншиканӣ мегӯянд.
Ҳоло дастандаркороне, ки ба хотири ин иқдоми ҷонибдорӣ аз Сайд Саидов кардаанд, аз ҷумла фарзандони ишон тибқи моддаи қонуне муҷрим дониста шудаанд, ки роҳзану вайронкорони сарикӯчагиро махкум мекунад.»
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос:
«Флеш-мобе, ки фарзандон ва тарафдорони Зайд Саидов гузаронданд ягон қонуни ҶТ вайрон накардаанд. Фарзандон ва тарафдорони Зайд бо моддаи 460 Кодекси маъмурии ҶТ гунаҳкор шуданд, ки умуман ҳаракатҳои онҳо ба ин модда рост намегирад, яъне майдаавбошӣ.
Дар ҳаракатҳои онҳо ягон майдаавбошӣ набуд ва дида намешавад, ин ҳолатро сабти видеои тасдиқ менамояд.
Ин парванда боз як бор аз он дарак медиҳад, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати Зайд Саидов супоришӣ буда, характери сиёсӣ дорад. Бо ин амали худ боз ҳукумат як бори дигар нишон дод, ки ӯ ба демократия тайёр нест ва озодии сухан фақат дар рӯйи қоғаз мебошад.»
Абдулқодир Раҳимов, ҳуқушинос:
«Тибқи моддаи 20-уми Конститутсияи кишвар, шаҳрвандон иштирок дар гирдиҳамоӣ ва маҷлисҳоро доранд, ҳамчунин онҳо метавонанд озодона фикрҳояшонро баён кунанд.
Ин флеш-мобе, ки тарафдорони Зайд Саидов гузарониданд тибқи қонун сурат гирифтааст, аммо мақомот бо назардошти ни ки вазъияти кишвар, вазъияти амниятӣ барои онҳо аввалиндараҷа асту маълумотро ҳатман аз мо зиёдтар доранд, шояд бар асоси бардоштҳои худашон ин гирдиҳамоиро маҳдуд кунанд.
Вале тибқи қонун ин амал амали осоишта буд ва ҳеч халале ворид накарда буд. Чун дар доираи қонун буд ҳоҷат ба ҳечгуна ҷазо додан набуд.»
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат