Categories Uncategorized

Садои Амрико: Амрико наметавонад нафти Эронро таҳрим кунад

     Агар Чин барои таҳрими нафти Эрон мувофиқат накунад, Вошингтон бар таҳрими нафти Эрон муваффақ нахоҳад шуд.

    Ба гузориши як манбаъи хабарӣ, ба нақл аз шабакаи давлатии “Садои Амрико”, аз мухолифати кишвари Чин барои таҳрим кардани нафти Эрон хабар дод. Ин шабака бо пахши гузорише аз сафари вазири хазонадори Амрико ба кишвари Чин изҳор дошт, Темоти Гейтнер, вазири хазонадори Амрико ба Чин рафтааст, то мувофиқати Пикенро барои таҳрими нафти Эрон касб кунад. Аммо кишвари Чин мухолифати худро бо ин таҳрим эълом кардааст.

    Дар идомаи ин гузориш омадааст, кишвари Чин дар маҷмӯъ 11% манбаъи таъмини энержии дохилии худро аз Эрон мегирад. Ин кишвар яке аз харидори нафти Эрон аст. Коршиносон мегӯянд, агар Чин дуввумин иқтисоди ҷаҳон бо таҳрими нафти Эрон мувофиқат накунад, Вошингтон муваффақ ба таҳрими нафти Эрон нахоҳад шуд. Мувофиқи гузориши мазкур, ҳамзамон бо сафари вазири хазонадори Амрико ба кишвари Чин, Чуйи Тиён Кой муовини вазири хориҷаи Чин аз равобити густурдаи тиҷории Эрон ва Чин ҳимоят кард ва пешниҳоди Вошингтон, ки таҳрими ва монеъа бар эҷоди нафти Эрон буд, онро рад кард. Ба ақидаи коршиносон ҳимояти кишвари Чин аз нафти Эрон ва рад кардани дархости Амрико боиси афзоиши таниш байни Чин ва Амрико хоҳад шуд.  

More From Author

You May Also Like