Қарор аст дар муддати ду ҳафтаи оянда номзадҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо раъйдиҳандагон дидору гуфтугӯ карда ва барномаҳои худро шарҳ бидиҳанд. Рӯзи чаҳоршанбеи 16 октябр нахустин дидори муштараки номзадҳо бо интихобкунандагон дар муҷтамаъи мавсум ба “Пойтахт” дар маркази шаҳри Душанбе доир шуд.
Аммо дар ин мулоқот, ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ва номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки тайи 21 соли гузашта зимоми қудратро дар даст дорад, Маҳмад Раҳимов, яке аз афроди муътамадаш, бо панҷ номзади дигар аз аҳзоби кишоварзӣ, кумунист, сусиёлист, ислоҳоти иқтисодӣ ва демукротик ширкат дошт.
Ба эътиқоди коршиносон ва чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, бо хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон, аз корзори интихоботӣ, рақобат миёни номзадҳо камранг шудааст.
Ситоди хонуми Бобоназарова тавонист ба тарафдорӣ аз номзади худ танҳо ҳудуди 202 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки барои сабти номи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ 210 ҳазор имзо лозим буд.
Хонуми Бобоназарова давлатро ба эҷоди мавонеъ дар заминаи ҷамъоварии имзо барои таъйиди номзадияш муттаҳам карда ва мегӯяд, ки мақомот “аз рақобати ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон тарсидаанд.”
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова аз корзори интихоботӣ шӯру ҳаяҷон барои интихоботи 6 ноябр аз миён рафтааст.
Аммо Усмон Солеҳ, сухангӯйи Ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки Эмомалӣ Раҳмонро муҷаддадан барои як давраи ҳафтсолаи дигар ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад карда, ин иддаъоро такзиб кард. Вай мегӯяд, ки баҳсу талоши номзадҳо барои интихобот аз байн нарафтааст.
Аз сӯйи дигар, Фаридун Ҳодизода, коршиноси мустақил, мегӯяд, ки мавонеъи маснӯъии ниҳодҳои давлатӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади мухолифон ваъдаи Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи тазмини интихоботи шаффофу озод ва демукротик зери суол хоҳад бурд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр, яъне ҳудуди се ҳафта баъд, баргузор мешавад.
Бисёриҳо бар ин боваранд, ки бо таваҷҷуҳ ба надоштани рақибони ҷиддӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, эҳтимолан дар ин интихоботи пеши рӯ баосонӣ пирӯз хоҳад шуд.
Оқои Раҳмон дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии гузашта дар Тоҷикистон дар солҳои 1994, 1999 ва 2006 низ бидуни рақибони ҷиддӣ пирӯз шуда буд.
Ӯ тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар Тоҷикистон дар даст дорад.
Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ оқои Раҳмон боз барои як давраи ҳафтсолаи дигар, яъне то соли 2020 дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
“Би-би-сӣ”